logo

иҷтимоиёт

НАҶОТИ ДУНЁ ДАР ДӮСТИСТ

 
Ҳамаи мо медонем, ки амну осоиш ва хушбахтии одамизод дар рӯи Замин аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббату  ҳамдигарфаҳмии инсонҳо вобастагӣ дорад. Андешаи дӯстӣ ва пайгирӣ аз он, хусусан, дар замони муосир, ки дунёро бештар душманиву зӯроварӣ, низоъҳои байниҳамдигарии кишварҳо  ба изтироб ва ташвишу таҳлукаҳо овардааст, хеле муҳим аст. 
Ҷомеаи байналмилалӣ барои тарғиби дӯстиву роҳандозии он дар саросари олам кӯшишҳои зиёде намудааст. Дар асоси қарори Ассамблеяи СММ  30 июли ҳар сол Рӯзи байналмилалии дӯстӣ  эълон гардидааст. Дар ин радиф 9 июн Рӯзи байналмилалии дӯстон, 25 июн Рӯзи дӯстӣ ва ягонагии славянҳо,  3 июн Рӯзи дӯстии махфӣ, 26 сентябр Рӯзӣ вохӯрӣ бо дӯстони куҳан, илова ба инҳо боз Рӯзи дӯстии пионерон низ вуҷуд дорад ва ин номгӯ ҳанӯз поёни ин рӯйхат нест.  Ин санаҳо гувоҳи онанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ  ҳамеша дар андешаи пос доштан ва роҳандозӣ кардани  дӯстист, зеро он  ягона кафолати сулҳу амониву осоиштагии ҷаҳон аст. Дӯстиву бародарии халқҳо дастоварде мебошад, ки инсониятро аз хатарҳои ваҳшатзои ҷангу нифоқ ва оқибатҳои мудҳиши он метавонад эмин  дорад. Зиндагӣ нишон додааст, дар он ҷойе, ки дӯстӣ меъёри ахлоқу одоби ҷомеа мебошад, ҷомеа рушду нумӯи бештару беҳтар дорад. Ҳавову фазои дӯстӣ ба меҳру муҳаббат ва некиву хайрхоҳии одамон мусоидат мекунад.
Халқҳои рӯи олам дар ҳама давру замон дӯстиро баландтарин арзиш ва дастоварди ахлоқиву иҷтимоӣ медонистанд ва табиист, ки мавзуи дӯстӣ дар забони мардум, дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори бузургон дар шакли гуфтаҳо, зарбулмасалу мақолҳои зиёде  таҷассум ёфтааст.
Илм собит намудааст, ки маҳз муҳити солими дӯстӣ ва рафоқату меҳрубонӣ боиси тансиҳатӣ ва дарозумрии инсон мегардад. Ҳамчунин, мунисибатҳои дӯстона дар ҷомеаи инсонӣ таъсири асосӣ гузошта, боиси дарозумрии ӯ мешавад. Маҳз алоқаҳои қавии дӯстӣ шабакаи сироятнопазирии  вуҷуди инсонро қавӣ мегардонад. 
Муҳити дӯстӣ ҳамеша муҳити солим ва нишотбахш аст, муҳитест, ки дили инсонро ба имрӯзу ояндаи зиндагӣ гарм медорад. Инсонҳои бо ҳам дӯст муносибати нек бо якдигар дошта, дар ҳавои хушиву хубӣ ва хайрхоҳӣ бо ҳам зиндагӣ доранд. Онҳо ба табрики ҳамдигар мешитобанд, ба ҳамдигар паём ва дуруд мефиристанд, орзуҳои нек мекунанд. 
Бузургони дунё ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳамеша роҳнамои дӯстиву бародарӣ ва зиндагии осоиштаи инсонҳо дар рӯи Замин будаанд. Яке аз асосҳои ин дӯстӣ бовар ба ҳамдигар аст. Мо дидаем, ки нобоварӣ ба ҳамдигар чи фоҷиаҳое ба бор овард. Маҳз ҳамин нобоварӣ як кишвари ободу осоишта, мисли Ироқро ба хун олудаву ба хок яксон намуд. Яке аз шахсиятҳои машҳур Лабуис фармудааст: “Ҳамин ки нобоварӣ роҳ ёфт, дӯстӣ ғайб мезанад”. Ба гуфти Арасту дӯстӣ як руҳест, ки дар ду пайкар зиндагӣ мекунад. Аз дӯстии ду нафар дӯстии ҷомеа метавонад сарчашма гирад. Аз дӯстии ду кишвар дӯстии як минтақа ва аз дӯстии якчанд кишвар дӯстии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон сарчашма мегирад.
Метавон мисолҳои барҷастаи зиёде аз осори нобиғагони илму адабамон, аз устод Рӯдакӣ (“Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон бартар аз дидори рӯи дӯстон”) то ба Ҳофизи лисонулғайб (“Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад.”) ва устоди шаҳир Мирзо Турсунзода овард, ки сурудаҳояшон имрӯз шиори зиндагии мардуми сулҳпарвару башардӯсти мо мебошанд.
Ин хушбахтии мо - тоҷикон ва  миллати куҳанбунёду тамаддунпарвари мост, ки  кишвари сулҳдӯсту дӯстпарвар, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо  ҳанӯз аз рӯзҳои оғоз сиёсати ҳамзистии осоишта, сулҳу дӯстӣ ва  сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ намудаанд ва маҳсули он аст, ки Тоҷикистони азиз имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чун як кишвари хайрхоҳе, ки дар амну осоиш ба сар мебарад, маҳбубияти хос дорад. 
Ба андешаи банда падидаи ҷолибтарин ва дастоварди арзишмандтарини кишвари соҳибистиқлоламон имрӯз ҳамкориҳои неку нерубахш дар муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дигар, хусусан, бо кишвари дӯсту ҳамсоя, Ӯзбекистон аст. Ин муносибатҳои дӯстона бо ҳидоят, ташаббус ва саҳмгузории  ду сарвари  воломақоми ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат  Мирзиёев тули солҳои охир сурат гирифтанд.
Сафари расмии ахиран бавуқуъпайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 2-3 июн дар шаҳрҳои Тошкент ва Урганҷ ҷараён дошту бо натиҷаҳои  бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид, гувоҳи дурахшони ин гуфтаҳост. Ин сафар ва натиҷаҳои хурсандибахшу қаноатмандкунандаи он саҳифаҳои нави дурахшони дигарро дар китоби дӯстии ду халқи бародар боз намуд. 
Дар ин мулоқоти расмии сатҳи баланд бори дигар аз бунёди таърихии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар симои дурахшони ду фарзанди фарзонаи ин халқҳо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки намунаи барҷастаи дӯстии бунёдии шахсиятҳои бузург дар таърих асту ба дӯстии ду миллати ҳамсояву ба ҳам дӯст бунёд ниҳодааст, таъкид  гардид. Дӯстии ин ду шахсияти бузурги таърихӣ нишон медиҳад, ки  дӯстии шахсиятҳои бузург  боиси ба ҳам наздик шудани халқҳо ва комёбиҳои баланди илмиву фарҳанги онҳо мегардад. 
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ  15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи форуми  соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни  соҳибкорону тоҷирон  ба имзо расид, ки маблағи  татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории онҳо 1 миллиард доллари  амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин падида бесобиқа аст. 
Бегумон нуқтаи олии  ин сафар ва натиҷаи неки он, ки барои  мардуми ҳар ду кишвар онро муҳиму тақдирсоз метавон арзёбӣ кард, имзои Эъломия оид ба таҳкими  дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи  халқҳои тоҷику ӯзбекро амалӣ месозад. Яқин аст, ки ин Эъломияи таърихӣ фазои боварӣ ва ҳамзистии мардуми ин ду кишвари бародарро боз ҳам шукуфотару дилхоҳтар хоҳанд сохт. Ва чунин Эъломияе, ки бори аввал дар таърихи муносибатҳои кишварҳо сурат гирифтаву такя ба хираду хайрхоҳӣ дорад, метавонад намунаи ибрати ҳама ҷаҳониён бошад.  
Натиҷаи дигари шоистаи ин сафар, ки низ дар замони муосир нақши барҷаста дар таҳкими ҳамкориҳои судманди ду кишвар ва халқҳои он хоҳад дошт,  бахшидани  оғоз ба корҳои лоиҳакашию  иктишофӣ  дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад. Дар асоси фазлу хирад ва дар ҳавои сулҳу осоиш дар ин замони хатарзое, ки низоу нифоқ ва кинаву нафрат баъзе кишварҳои сайёраро мувоҷеҳи ҷангҳои хунин ва рӯ ба рӯ ба фоҷиаҳои фалокатбор намудааст, ду кишвар ва ду сарвари соҳибхирад бо муносибатҳои ҳасанаи худ нишон медиҳанд, ки танҳо сулҳу ҳамзистиии осоишта, бовару дастгирии  ҳамдигар метавонанд кафолати хушбахтии мардумон бошанд.  
Дӯстӣ, пеш аз ҳама, ахлоқ аст, ахлоқе, ки одамонро вомедорад сарфи назар аз сатҳи иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳо хайрхоҳи ҳамдигар бошанд. Маҳз дӯстист, ки ҳавои солими муносибатҳои инсонҳоро дар сайёра таъмин мекунад. Муҳаббати дӯстӣ ба ин тариқ метавонад аз дил ба дил, аз кишвар ба кишвар, аз халқ ба халқ бигзарад ва як муҳити поки беғараз ва солими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистиро дар дунё ба вуҷуд орад.
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2022    №: 128 - 129    Мутолиа карданд: 770
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед