иҷтимоиёт
ДАНҒАРА. НОҲИЯИ ЗАРХЕЗИ МАМЛАКАТ 90-СОЛА ШУД
Имсол аз таъсиси калонтарин ноҳияи кишоварзии мамлакат – Данғара 90 сол сипарӣ гардид. Ноҳия бо хоки зархезу манзараҳои мафтункунанда, чашмаҳои мусаффову боғҳои диданӣ, даштҳои беканори гандумзор ва мардуми заҳматқарину ватандӯсташ шуҳрат дорад. Данғара на танҳо ҳудудест бо табиати хосу мардуми меҳнатқарин, балки хазинаест аз таърихи бою рангини гузаштаи халқи тоҷик.
8 июли соли 1932 дар ҳаёти меҳнаткашони диёри куҳанбунёди Данғара тағйироти калони сиёсию иҷтимоӣ рух дод. Бо қарори Шурои Комиссарони халқии ҷумҳурӣ ноҳияи Данғара ташкил ёфт. То ин дам он ба ноҳияи Кангурт тобеъ буд. Данғара, ки аҳолиаш 21 ҳазор нафарро ташкил медод, 87 нуқтаи аҳолинишин дошт. Меҳнаткашони ноҳия дар ин муддат дар ҳамаи соҳаҳо қадамҳои бузургу устувор гузоштанд. Данғара рушд кард ва ба диёри шукуфон табдил ёфт. Рустоҳои нав деҳаҳои куҳнаро иваз намуданд. Дар ҳаёти иҷтимоию мадании мардум табаддулоти мусбат рӯй дод. Ҳоло дар ноҳия 9 ҷамоат, 90 деҳаи хурду калон мавҷуд аст. Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аҳолии ноҳия 177,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
ДАНҒАРА ДАР ГУЗАШТА НИЗ ШАҲРИ ОБОДТАРИНИ ХАТЛОН БУД
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар номаи табрикотии худ дар ҷашни 70-солагии ноҳия (соли 2002) таъкид карданд: «Тибқи шаҳодати баъзе сарчашмаҳо Данғара дар даврони Пешдодиён ва Ҳахоманишиён аз ободтарин ва хуррамтарин шаҳрҳои Хатлон будааст. Ин суханҳоро тангаҳои тиллоӣ бо акси Доро, ки соли 1954 мутахассисони русу тоҷик аз рӯи нишонаҳои харитаи замони Пешдодиён аз даруни харсанги тарошидаи болои гӯристони Пушинги ноҳия пайдо кардаанд, тақвият медиҳад».
Данғара - маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигарондашуда буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ бо муҳити тозаи экологӣ мебошад.
БУНЁДИ 500 КИЛОМЕТР РОҲ ДАР СӢ СОЛ
Ноҳия, асосан, солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорону шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши маҳаллӣ ба пешравиҳои азим ноил гашт. Ин муддат дар ноҳия ҶСП «Ҷунтай– Данғара – Син Силу Текстил», ҶСКМС «Данғара», «Дарё–2015», ҶДММ «Меҳровари Худобахш», ҶДММ «Принд–Голд», ҶДММ «Миср 2001», ҶДММ «Девид – Бетон», ҶДММ «Аурен», ҶДММ «Ориён – Сорво», ҶДММ «Тоҷпласт–1», ҶДММ «Каёнуш – дӯзандагӣ», НБО «Сангтӯда–1», НБО «Сангтӯда– 2», ҶДММ «Тоҷи Осиё», бозори кишоварзии «Каёнуш», бозори чинии «Пир – Ғулом», бинои нави хизматрасонии комплексӣ дар деҳаи Пушинг, боғи марказӣ, чойхонаи фароғатии «Хуррамшаҳр», зеристгоҳи барқии «Лолазор», биноҳои нави чандин идораву муассисаҳо ва садҳо иншооти дигар бунёд шуда, дар хизмати сокинон қарор гирифтанд. Бунёди иншооти гуногун бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор ба ноҳия ҳусни нав зам намудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, дар ноҳия беш аз 500 км роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ, маҳаллӣ ва дохили шаҳраку деҳаҳо бунёду мумфарш гардид. Ин иқдом имрӯз низ дар сатҳи баланд идома дорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як мулоқот бо фаъолони ноҳия гуфтанд, ки «Ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соҳибкорону тоҷирони ҳимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардондани зодгоҳи худ бо роҳи таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти варзиш, таъмири роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайр барои муҳайё намудани ҷойҳои нави кор ба ҳамдиёрони хеш саҳми арзанда гузоранд. Бовар дорам, ки наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавонони ноҳия, бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоранд».
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ НАҚШАИ БУҶЕТ
Ҳоло корҳои ободониву созандагӣ дар марказ ва, ҳатто, дурдасттарин деҳоти ноҳия бомаром идома дошта, сатҳи зиндагии мардум ҳамасола боло меравад. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия иншооти зиёди таъиноти гуногун бунёд ёфта, ба ҳалли мушкилоти сокинон мусоидат намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёдеро ба анҷом расонд.
Тавре раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 91 миллиону 385,8 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 миллион сомонӣ беш аст.
Бо мақсади амалишавии Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 596 нафар корҷӯ соҳиби касбҳои гуногун гардид. Инчунин, нуҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки ташкилоту корхонаҳо гузашт, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандон бо кор таъмин гаштанд. Ҳамчунин, тибқи Барномаи болозикр 312 шаҳрванди бешуғл ва бекасб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.
Ба шахсони танҳо ва бепарастор аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи 39 ҳазору 403 сомонӣ кумак расонданд.
БАРНОМАИ РУШД БАРОИ ТО СОЛИ 2025
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мешавад, ки маблағи азхудшуда 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоии иқтисодии ноҳияи Данғара барои солҳои 2021 – 2025, ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст, 225 лоиҳа ба маблағи 2 миллиарду 442 миллиону 574 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Аз ин, 16 лоиҳа ба бахши кишоварзӣ, 12 лоиҳа ба саноат, 37 лоиҳа ба соҳибкорони хурду миёна, 18 лоиҳа ба бахши меъморӣ ва сохтмон, 33 лоиҳа ба бахши маориф, 22 лоиҳа ба бахши тандрустӣ, 10 лоиҳа ба бахши фарҳанг, 1 лоиҳа ба бахши сайёҳӣ, 16 лоиҳа ба варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон, 8 лоиҳа ба бахши хоҷагии манзилу коммуналӣ, 15 лоиҳа ба бахши таъмини оби нӯшокӣ ва масъалаҳои обу корез, 13 лоиҳа ба бахши барқтаъминкунӣ, 15 лоиҳа ба бахши нақлиёт ва роҳ ва 9 лоиҳа ба бахши ҳолатҳои фавқулода ва муҳити зист пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмуъ, аз 225 лоиҳа, 85 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 181 миллиону 653 ҳазору 71 сомонӣ дар соҳаҳои гуногун иҷро шуд, ки 48,3 дарсади барномаро ташкил медиҳад.
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 500 МИЛЛИОН СОМОНИРО ГУЗАШТ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ ба 544 миллиону 507,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 миллиону 402,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия дар ин давра дар майдони 38 ҳазору 769,6 гектар кишти зироат гузаронданд. Аз ҷумла, 6 ҳазору 170 гектар зироатҳои техникӣ, 746 гектар картошка, 1279,6 гектар сабзавот, 4850 гектар пахта ва 1245 гектар полизӣ. Ҳамзамон, дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 1918 гектар кишти такрорӣ гузаронданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 410 гектар беш мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 1398 тоннаро ташкил дод.
Дар ноҳия 27 гектар боғи нав бунёд ва 52 гектар боғу токзор барқарор гардид. Дар мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби хоҷагии ҷангал дар майдони 79 гектар ҷангал бунёд гардида, 81 гектари дигар барқарор гашт.
Масъалаи истифодаи самараноки заминҳо, махсусан заминҳои корами обӣ, яке аз масъалаҳои асосии рӯз мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 7 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфта, шумораи онҳо ба 2076 расид.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзкории тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли равон 30624 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шуд.
МОИ «ДАНҒАРА» БА РУШДИ НОҲИЯ МУСОИДАТ КАРД
Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 199 миллиону 263,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 миллиону 320,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 34 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 12-тои он фаъолият дошта, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 29,4 миллион сомонӣ баробар аст.
Аз оғози фаъолияти МОИ “Данғара” ҳаҷми сармоягузорӣ ба 1 миллиарду 955 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расид. Дар шаш моҳи сипаришуда ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа 60,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон сохтмони корхонаи коркарди нафт, конструксияҳои металлӣ ва корхонаи коркарди намак бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ идома дорад.
Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба рушди ноҳия мусоидат кард. Дар он ҷиҳати ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ имтиёзҳо дар соҳаи андоз ва гумрук пешбинӣ шуда, дорои инфрасохтори мустақил мебошад. Воридоти молу маҳсулоти ватанӣ ва хориҷӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодӣ бидуни ситондани боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҷараён мегирад. Ҳангоми интиқоли моли дар Минтақа истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонда намешаванд, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодидошта.
БОЗ 170 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД
Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 400 иншооти таъиноти гуногун – 40 муассисаи тандурустӣ, 25 таълимӣ бо 14600 ҷойи нишаст, 35 иншооти варзиш ва солимгардонӣ, 12 қаср, клуб ва боғҳои истироҳатӣ-фарҳангӣ ва даҳҳо иншооти маъмурӣ ва маишию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуда, дар доираи он эъмор ва таъмиру таҷдиди 170 иншооти гуногун дар назар аст. Ҳоло дар 123 иншоот корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд. То имрӯз 27 иншоот бунёд гашта, 20 иншоот дар арафи анҷомёбист.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 263 миллиону 119,8 ҳазор сомонӣ истифода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 миллиону 933,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли равон бо дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша дар шаҳраку деҳоти ноҳия 22 км роҳ сангфарш, 12 км мумфарш ва 27 км хатти оби нӯшокӣ гузаронда шуд.
ХОНАНДАГОН ДАР ВИЛОЯТ ҶОЙИ АВВАЛ ВА ДАР ҶУМҲУРӢ МАҚОМИ СЕЮМ ДОРАНД
Ба соҳаи маорифи ноҳия дар ин давра 38,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардидааст, ки 94 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар 84 муассисаи таълимии ноҳия 2101 омӯзгор ба таълиму тарбияи 43557 хонанда машғуланд. Дар озмуни гирандагони стипендияи раиси ноҳия 110 нафар ғолиб омад.
Дар давраи таътили баҳорӣ озмуни дохилимуассисавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузашта, ба даври вилоятӣ 44 нафар роҳхат гирифт.
Ба маълумоти шуъбаи маориф, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, сазовори 26 медали тилло, 65 нуқра ва 91 биринҷӣ гаштаанд. Тибқи таҳлилҳо, аз ҷиҳати дониш толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия дар вилоят дар ҷойи якум ва дар ҷумҳурӣ дар ҷойи сеюм қарор доранд.
КУМАК БА 6602 ОИЛАИ НИЁЗМАНД
Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин давра ба соҳа 13,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардид.
То соли 1996 дар ноҳия ҳамагӣ 25 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт. Солҳои минбаъда ин шумора беш аз се баробар афзуда, соли 2021 ба 80 расид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону шахсони саховатманд 40 муассисаи тандурустии муосири тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст мавриди истифода қарор гирифт.
Ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271, “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2996 нафар ба маблағи 588 ҳазору 384 сомонӣ кумаки молиявӣ гирифт.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 453 оилаи эҳтиёҷманд маълумотнома дода шуд, ки тибқи он дар муассисаҳои тиббӣ ройгон табобат мегиранд ё дар донишгоҳҳо аз пардохти маблағи шартнома озод мешаванд. Дар арафаи Иди саиди Фитр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд ба 6602 оилаи эҳтиёҷманд, маъюбон, бепарасторон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон ва нимятимон ба маблағи 4 миллиону 36 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ ва молиявӣ расонда шуд.
326 МЕДАЛ ДАР ШАШ МОҲ
Дар ноҳия як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он сӣ мураббӣ 11 навъи варзишро ба наврасону ҷавонон меомӯзанд. Дар шаҳраку деҳоти ноҳия 102 майдончаи варзиш ва 29 толор мавҷуд мебошад.
Дар ин давра варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ 326 медал - 93 тилло, 101 нуқра ва 132 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 медал зиёд аст.
ОЯНДА БОЗ ҲАМ ДУРАХШОН ХОҲАД БУД
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия нигаронда шудаанд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, - гуфт дар суҳбат раиси ноҳия.
Сокинони ноҳия аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, дар рушди минбаъдаи ин гӯшаи Ватани азизамон саҳм хоҳанд гузошт. Итминон аст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Данғара боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардад.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.07.2022 №: 130 Мутолиа карданд: 845