logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Адабиётшинос ва пажӯҳишгари адабиёти классикӣ Аҳмад Абдуллоев 15 марти соли 1936 дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст. Соли 1957 Институти давлатии педагогии Сталинобод (ҳоло Душанбе)-ро хатм кард.
Фаъолияти меҳнатии донишманд ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ тавъам аст. Аҳмад Абдуллоев 26 соли расо (1962-1988) дар ин боргоҳи илм заҳмат ба бор доштанд. Дар ин давра мавсуфро ҳамчун олими пуркор ва сермаҳсул шинохтанд.
Баъдан ӯ ба симати профессори Университети давлатии Тоҷикистон (1988-1990) ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1990-1996) фаъолият намуд.
Соли 1996 бо сабаби ноамнӣ ба зодбумаш баргашта, то моҳи июни соли равон ҳамчун профессори кафедраи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Тирмиз ифои вазифа кард.
Аҳмад Абдуллоевро дар доираи илму адаби Тоҷикистон ҳамчун пажӯҳишгари адабиёти тоҷику форси асрҳои X-XII ва намояндагони барҷастаи он давр Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Қатрон, Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абдулфараҷи Рунӣ ва дигарон мешиносанд. Донишманди фарҳехта дар ин замина 10 монография ва зиёда аз 200 рисолаву мақолаҳои илмӣ, илмӣ – оммавӣ ва илмӣ – методӣ таълиф намудааст.
Ба иқрори пажӯҳандагон Аҳмад Абдуллоев, ҳамчунин, дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти адибони болозикр, ҷараёни адабии асрҳои номбурда, масоили навъ ва услуби шеър, бавижа ашъори ғаноӣ, майлу равияи адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ҳоказоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.
Яке аз бозёфтҳои ҷолиби диққати донишманди номвар дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи байтҳои нав, қасидаи «Фиғония»-и Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ маҳсуб меёбад. 
Адабиётшиноси маъруф Аҳмад Абдуллоев дар бораи Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мақолаҳо иншо намудаву ба чоп расондааст.
«Адиб Собири Тирмизӣ» (1969), «Зоҳири Форёбӣ» (1974), «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII» (1986), «Сабақи Рӯдакӣ» (дар 2 ҷилд, 1984, 1991), «Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст» (дар бораи Умари Хайём, 1984), «Абулқосими Фирдавсӣ» (1987), «Тасаввуф ва намояндагони он» (2009), «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» (2013), «Бисту ду мақола дар бораи Навоӣ» (2014) ва амсоли инҳо низ маҳсули дасти устод аст.
 
Умар АЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2022    №: 130    Мутолиа карданд: 698
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед