Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
CentralAsia (UZ). Моҳҳои январ-майи соли 2022 содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 10,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,4 миллион доллар) зиёд аст.
Мир 24. Бар асари боронҳои бесобиқаи мавсимӣ дар Покистон, 77 нафар қурбони обхезӣ шуда, дар қисмати шимол ва ҷанубӣ-ғарбии мамлакат даҳҳо маҳаллаҳои аҳолинишин зери об монданд.
ТАСС. Котиби матбуоти Президенти Россия Дмитрий Песков ба хабарнигорон изҳор дошт, ки Владимир Путин дар бораи шакли ширкаташ дар нишасти дарпешистодаи G20 дар Индонезия замони наздик шудани баргузории ин чорабинӣ тасмим хоҳад гирифт.
RT. Деҳқонони Лаҳистон дар Варшава ба муқобили сиёсати ҳукуматдорон дар соҳаи кишоварзӣ ва дар иртибот ба афзудани сатҳи таваррум тазоҳуроти оммавӣ ташкил намуданд.
Росбалт. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни мулоқот бо ҳамтои индонезии худ Ретно Марсуди, дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви G20 дар Индонезия, гуфт, ки ҳукуматҳои кишварҳои алоҳида барои ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба алайҳи Чин ва дигар кишварҳо аз буҳрони Украина истифода мебаранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5638