logo

иқтисод

ТАҲРИМҲО. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ СУДУ ЗИЁНИ ИН ЗУҲУРОТИ ИҚТИСОДСӮЗ

 
Таҳримҳо алайҳи Россия таъсири ҷиддии худро ба иқтисоди ҷаҳонӣ мерасонанд, -  хабар дод дар онлайн-конфронси баргузорнамудаи рӯзномаи «The Washington Post» сарвари Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Мэлпас. Ӯ бар он аст, ки ин таҳримҳо ба ММД-и ҷаҳонӣ зарба мезананд. Дар ин сурат, иқтисоди олам аз кадом ҷиҳат осебпазир мегардад? Ё ба ибораи дигар, ин таҳримҳо бар суду зарари киҳоянд? 
 
ИҚТИСОДИ ҶАҲОНРО  ЧӢ ТАҲДИД МЕКУНАД?
Ба андешаи сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Кеназаз, ҳанӯз иқтисоди ҷаҳон зери таъсири пандемияи коронавирус қарор дораду таҳримҳо барои барқароршавии он таъсири манфӣ мерасонанд ва ба ягон ҷониб суде намеоранд. 
Фонди байналмилалии асъор бошад, аз таъсири ҷиддии таҳримҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба ташвиш омадааст, зеро дар пайи ин, дар олам арзиши неруи барқ ва ашёи хом, аз ҷумла гандум ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ, якбора боло рафт. 
Бинобар таҳлилҳо, ҷаҳонро буҳрони энергетикию озуқаворӣ таҳдид менамояд, ки бар асари он рушди иқтисодӣ суст шуда, нархҳо бамаротиб боло мераванд. 
 
НАРХИ МАВОДИ ҒИЗОВУ ТУХМӢ  БОЗ БОЛО МЕРАВАД
Тайи ду даҳсола аст, ки аҳолии Замин бо норасоии маводи ғизоӣ рӯбарӯст. Ҳоло бошад, тибқи ҳисобҳои пешакии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, сухан дар бораи аз гуруснагӣ азият кашидани 100 миллион нафар меравад. 
Мувофиқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ,  агар Россия бузургтарин таъминкунандаи гандум дар бозори ҷаҳонӣ бошад, дар ин ҷода Украина мавқеи намоёнро дорад. Ин кишварҳо, дар маҷмуъ, беш аз сеяки ғаллаи дунёро содирот менамоянд. 52 дарсади равғани рустанӣ низ аз ин кишварҳо мебарояд. Ба ҷуз ин, Россия дар таъмини бозори ҷаҳонӣ бо нурии минералии дорои консентратҳои баланд пешсаф аст. 
Ба андешаи директори генералии Созмони мазкур Ку Донгю, кандашавии занҷираи истеҳсолӣ-логистикӣ аз Украина, ҳамчунон маҳдудияти содироти ғалладона ва равғани рустанӣ аз Россия, ба амнияти озуқавории ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, кишварҳои Африқои Шимолӣ, Осиё ва Шарқи Наздик (50 мамалакат), ки 30 дарсади ғалларо аз Россия ва Украина мехаранд, зарар мебинанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  дар сурати норасоии таъминот, арзиши бе ин ҳам гарони хӯрокворӣ ва тухмӣ метавонад боз то 22 дарсад боло равад. 
“Украина мувофиқи иҷозатнома гандум, равғани офтобпараст содирот менамояду ба хориҷ баровардани ҳамаи намуди нурии минералиро манъ кард. Россия бошад, дар пайи таҳримҳо, наметавонад нуриҳои минераливу ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба бозори Аврупо барорад. Ба андешаи таҳлилгарон, манъи содироти нурии минералӣ аз Россия метавонад боиси боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон гардад, ки ба манфиат нахоҳад буд”,- менависад “Russiancouncil.ru”.  
Дар ҳамин ҳол, нимаи аввали моҳи июн Котиби генералии СММ Антонио Гуттериш, аз вазъи ногувори миллионҳо нафар аҳолии Осиёву Амрикои Ҷанубӣ ёдрас шуд, ки бар асари гаронии нурии минералӣ  (арзишаш то ҳадди рекордӣ баланд гардида, ду маротиба афзуд) дастрасиашон ба маҳсулоти ғалладонагӣ душвор мегардад.  
 
40 ДАРСАДИ ГАЗИ АВРУПОРО РОССИЯ  ТАЪМИН МЕКАРД, ҲОЛО ЧӢ? 
Инчунин, вақтҳои охир баҳс атрофи нафту гази Россия низ зиёд ба назар мерасад. Ба андешаи сенатори ИМА Крис Кунс, боздоштани воридоти нафти Россия “ба буҳрони ҷаҳонии энергетикӣ” ва ду баробар зиёд шудани нархи неруи барқ оварда мерасонад. Ба маълумоти муовини раиси Ҳукумати Россия Александр Новак, Аврупо солона қариб ба 500 миллиард метри мукааб газ ниёз дорад, ки 40 дарсади онро аз Россия мегирифт. Дар чунин ҳол, даст кашидан аз гази Россия ҳолати ногувореро дар бозори ҷаҳонӣ ба миён меорад. Аз рӯи ҳаҷми газе, ки Аврупо эҳтиёҷ дорад, ҷои Россияро ба зудӣ ягон кишвар наметавонад иваз намояд. 
Коршинос  Валдис Плявиниш, бо тасдиқи андешаҳои боло, мегӯяд, ки дар пайи ин иқдом Аврупо дучори буҳрон мегардад. Болоравии арзиши хизматрасонии гармидиҳӣ, бинобар боло рафтани қимати газ, боиси пастшавии сатҳи иқтисодии аҳолӣ мешавад. 
 
БАРХӮРДИ ҚУДРАТҲО БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?
Ба таъкиди муовини директори Институти таҳқиқоти иқтисодии “Марубэни” Хирохиро Эномото, Россия дар радифи ИМА аз қудратҳои бузургтарини ҷаҳонист, ки худро ҳамаҷиҳата таъмин карда метавонад. Барои ҳамин ҳам, таҳримҳо ба кишвар якбора асар нахоҳанд кард. Вале шоҳиди онем, ки дар натиҷаи бархӯрди қудратҳо, занҷираи логистикӣ миёни кишварҳо канда шуда, дар бозори бе ин ҳам нобаробари ҷаҳонӣ вазъ печидатар мегардад. Бахусус, дар самти дастрасӣ ба ғизо. АИР “Новости” иттилоъ медиҳад, ки Департаменти давлатии ИМА мехоҳад таҳримҳоро нисбат ба хӯрокворию нурии минералӣ лағв созад. Вале ин ҳам ниҳояти кор нест. 
Ба ақидаи коршиносон, ҳарчанд болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар тамоми кишварҳо ба назар мерасад, аммо ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт зарар мебинанд. Дар ин раванд бештар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф осебпазир аст.                                                         
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2022    №: 131 - 132    Мутолиа карданд: 965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед