logo

иқтисод

«КЛУБИ ЖУРНАЛИСТОНИ ЭКОЛОГ» ТАМОШОИ РЕЗЕРВАТИ БИОСФЕРИИ «РОМИТ»-РО ТАВСИЯ МЕДИҲАД!

 
Пресс-тури навбатии «Клуби журналистони эколог»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Резервати биосферии «Ромит» сурат гирифт. Дар мавсими саёҳати сайёҳон теъдоди зиёди сокинону меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар аз ин макони зебои сайёҳӣ дидан мекунанд. Маҳз дар ин айём муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии резервати биосферии «Ромит» барои дӯстдорони табиат бисёр хушоянд аст ва ҳадафи ташриф овардани гурӯҳи рӯзноманигорон ба ин мавзеъ низ дар ҳамин мебошад.
Резервати биосферии «Ромит» дар дараи зебоманзари Ромит, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо -шохобҳои дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, дар масоҳати 16 ҳазору 487 гектар доман паҳн кардааст. Он ҳамчун минтақаи махсус ҳифзшаванда соли 1959 бо мақсади нигоҳдорӣ, ҳифз ва омӯзиши олами набототу ҳайвонот, маҳдудсозии таъсири антропогенӣ, ва гузарондани чорабиниҳои барқарорсозии объектҳои табиӣ бунёд шудааст. Аммо бо назардошти таъсири инсон ба табиат, соли 2014 ба Резервати биосферии «Ромит» тағйири ном кард. Аз ин хотир, кормандони ин мавзеи сайёҳӣ барои таъмини тавозуни экологӣ ҷиҳати истифодабарии устувори табиат пайваста тадбирҳои муҳофизатӣ меандешанд. Танзими чорво, истифодаи оқилонаи дарахту буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахш, ҳифзи ҳайвонти нодир, аз ҷумлаи корҳои анҷомдода ба ҳисоб мераванд, ки дар ҳамкорӣ бо 300 хоҷагии аҳолии ҳудуди Резерват ба роҳ монда мешавад.  
Тавре Ҳамоиддин Маҳмудов, директори Резервати биосферии «Ромит», изҳор дошт, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи Резервати биосферӣ мусоидат намуд. Дар ин ҷо ба ҳифзи олами ҳайвоноти нодири ба Китоби Сурхи Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла оҳуи бухороӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, парваришгоҳи нав бунёд шуд. Айни ҳол теъдоди оҳуи бухороӣ дар парваришгоҳ ба 33 сар расид. 
Ба гуфтаи номбурда, дар Резервати мазкур парвариши кабк низ ба роҳ монда шуда, дар сурати ба муҳит мутобиқ гаштани онҳо ба табиат раҳо дода мешаванд. Барои боз ҳам зиёд кардани шумораи ҳайвоноти нодир дар ин ҷо парвариши бузи пармашох дар назар дошта шудааст, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа амалӣ мегардад. 
Ба назари мутахассисони соҳаи экология, Резервати биосферии «Ромит» аз ҷиҳати мавқеъ ва потенсиали ҳифзу нигоҳдории захираҳои табиии кишвар дар қатори «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», «Парки миллии Тоҷикистон», Парки табиии «Сари Хосор» ва Парки табиӣ-таърихии «Ширкент» ҷойи намоёнро ишғол намуда, яке аз мавзеъҳои асосии сайёҳии экологии кишварамон маҳсуб меёбад ва, албатта, дар он хатсайрҳои махсус, ба монанди кӯҳгардӣ, аспсаворӣ ва амсоли инҳо, ки бисёр гуворост, кушода шудаанд. Дар минтақаи муҳофизатии Резерват фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехавфтар, аз ҷумла туризми экологиву маърифатӣ, фароғатӣ ва тадқиқоти илмӣ амалӣ мегардад. 
Зимни гузарондани дарси омӯзишӣ дар толори маҷлисгоҳи Резерват, маълум гашт, ки ин мавзеи зебои сайёҳӣ бо назардошти мақоми мамнуъгоҳ надоштан баъзе қоидаҳои ба худ хос дорад. Дар назар бояд дошт, ки он аз се минтақаи махсус иборат буда, саёҳат танҳо дар минтақаи аввалаш гузаронда мешавад. Дар минтақаи дуюм, аксаран, саёҳати экологии омӯзишӣ анҷом меёбад. Минтақаи буферӣ, яъне ядроӣ, мисли пешина ҳамаҷиҳата муҳофизат мешавад, зеро ин ҷо ҳайвоноти нодир ба сар мебаранд. Бинобар ин, барои нигоҳдории ҳайвоноту набототи нодир ҳангоми таҳияи пайроҳаҳои сайёҳӣ ва ташкили саёҳати экологӣ бояд меъёрҳоро нигоҳ дошта, маслиҳати мутахассисонро ба инобат гирифт.
Наҷмиддин Наҷмиддинов, муовини директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иброз намуд, ки ҳоло фаъолияти Резервати биосферии «Ромит» аз пештара дида хеле рушд кардааст. Дар баробари бунёди парваршигоҳҳо дар ин ҷо шароити моддӣ – техникии кормандон бо назардошти таъмини инфрасохтори зарурии корӣ беҳтар шудааст. Инфрасохтори сайёҳии насби ишораҳо дар даромадгоҳҳо ва дохили Резерват низ таъмин гардид. Аз ҳама муҳим, хоҷагиҳои дар атрофи он сукунатдошта аҳамияти таъсири инсон ба табиатро дарк карда, ба мо барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот ёрӣ мерасонанд. 
Воқеан, пешрафту имкониятҳои рушди ин минтақаи зебои диёрамон аз ҳарвақта дида аён ба чашм мерасад, ки аз натиҷаи кори заҳматталаби кормандони соҳа шаҳодат медиҳад. Кори аз ин ҳам зиёди масъулони соҳа ҳанӯз дар пеш аст, чун тавре мушоҳида мешавад, Резервати болозикр ба таъмини беҳтару хубтари инфрасохтори сайёҳӣ ниёз дорад. Захираҳои оби дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо имкон медиҳанд, ки шуғли моҳидорӣ ва варзиши обӣ дар ин ҷо роҳандозӣ гарданд. Ин шароит фароҳам меорад, ки маблағи муайянгардида барои ворид шудан ба Резерват, ки аксари дӯстдорони табиат аз пардохти он худдорӣ мекунанд, ба танзим дароварда шавад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2022    №: 131 - 132    Мутолиа карданд: 838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед