иҷтимоиёт
БА ЧАШМИ ДИЛ МЕБОЯД ЗИСТ
Бозор чун ҳарвақта серодам буд. Ғалоғула дар ҳаво мепечид. Ман, ки аслан бозорравиро дӯст намедоштам, домани модарамро дошта, роҳ мерафтам. Гӯё аз чизе сахт метарсида бошам. Баъд аз харид роҳ сӯйи хона гирифтем. Ҳар қадаре аз бозор дур мешудем, ҳамон қадар садоҳо пастар мешуданд. Ман бошам шод. Назди баромадгоҳ пиразанеро рӯи аробача дидем. Гул мефурӯхт. Рӯи харак бошад, зане нишаста буд, ҷуроб мебофт, аммо бо чашмони пӯшида.
- Ваҳ, очаҷон, ана вай аробачаи бибиро бинед. Ба ман низ харед…
- Тавба гӯ, бачам. Худо нишон надиҳад.
Ба ман ин аробача зиёд аҷиб метофт. Хаёлам аробача ба дӯстонам низ маъқул мешавад ва мо якҷоя бозӣ мекунем. Ба гуфтаҳои модарам тамоман сарфаҳм нарафтам, аммо гӯшамро тавбагӯён кашидам. Охир ҳар вақте бибиам тавба мегуфтанд, гӯшашонро мекашиданд.
Модарам ба онҳо наздик шуд. Аз миёни гулҳо як тубакро ба даст гирифт. Гулро шинохтам. Дар хона аз ин гул зиёд доштем. Баъд модарам пулро дароз карданд.
- Шифо мехоҳам, холаҷон.
- Ташаккур, духтарам. Аллакай панҷову ду сол гузашт, ки рӯи аробачаам. Як умри одамизод… Ҳеҷ гап не, одат кардем. Гул даркор шуд, биё, бачам.
Сахт ҳайрон шудам. Охир, чӣ гуна метавон ин қадар сол, ки ҳатто ангуштони ман ба шумурданаш намерасад, рӯи аробача нишаст? Хаста намешавад? Ё касе ӯро маҷбур мекунад? Ё аробачаро зиёд дӯст медорад?
Модарам гӯё дар чиллаи тобистон хунук мехӯрда бошад, даст ба сӯйи ҷуробҳо бурд. Як чанд ҷуробро гирифта, ба бибие, ки бо чашми пӯшида мебофт, пул дароз кард.
- Ду ҷуроби калону дуто кӯдакона гирифт. Бақияашро деҳ, - садои бибии гулфурӯш баланд шуд.
- Бақияаш лозим не, холаҷон.
Бибии ҷуроббоф, ки ҳеҷ чашмонашро намекушод, пулро бо дастонаш молиш дода гуфт:
- Ин панҷоҳ сомон, духтарам. Зиёд, шояд боз якчанд ҷуроб мегирӣ?
Тааҷҷубам афзуд. Бо чашмони пӯшида бибӣ чӣ тавр пулро шинохт? Магар ин сир аст? Чаро чашмашро намекушояд? Ё офтобакро дидан намехоҳад? Магар офтобак ӯро ранҷондааст? Саволҳои зиёд майнаамро пур карданд.
Аз миён солҳо гузаштанд. Аммо ин саҳнаро чунон хуб дар хотир дорам, ки гӯё дирӯз буд. Ҳарчанд ба суолҳои бешумори айёми кӯдакӣ посух медоданд, аммо қонеъ нашудам. То замоне, ки дар тренинги омӯзишии «Шахсони маъюбият дошта дар оинаи ВАО» иштирок накардам.
Он рӯз маро рӯи аробача шинонданд ва бояд аз санҷиши чандсоата мегузаштам. Ба назарам дунё тамоман дигар шуд. Беихтиёр бибии гулфурӯш пеши назар омад. Шояд аробачаи ӯ имрӯз холист, аммо чеҳраи нурониаш аз хаёлам дур намешуд.
Инак, дар кӯчаҳо бо аробача роҳ мерафтам. Меафтидам, дармемондам ва ба ёрӣ муҳтоҷ мешудам. Ҳар дақиқа сабри соҳибони аробачаро хуб эҳсос мекардам. Воқеан, инсонҳои бузурганд, ки шуълаи умедро намекушанд. Гиря гулугирам мекард, вақте тифлакон ба ман менигаристанд. Шояд ин лаҳза суолҳои бешумор пайгирашон мешуд. Шояд мегуфтанд, ки ман хаста намешавам аз «бозӣ»?
Бале, ин барои ман нақши чандсоатае буду бас. Аммо ҳазорон касон ҳастанд, ки ин нақши талхи зиндагиашон аст. Навбати дигар ба даст асои сафед гирифтам. Бо чашмони пӯшида дар кӯчаҳо қадам мондам. Бароям шаҳре, ки дар оғӯшаш ба дунё омадам, бегона менамуд. Дунёи равшан ба назарам тор буд. Дилам аз тарс гӯё аз ҷо бе ҷо мешуд. Ларзида-ларзида қадам мемондам. Асоро маҳкам медоштам. Ғайр аз сиёҳӣ ва чеҳраи бибии ҷуроббоф чизеро намедидам. Боре аз модарам суол карда будам, ки чӣ гуна бибӣ пулро шинохт?
- Бо чашми дил бачам, - ҷавоб дод модарам.
Ҳоло фаҳмидам, ки чи гуна дили пурқувват ва сабури нобиноён чашм дорад, чашми равшантарин ва бинотарин. Ҳамчунин, пойи иродаи ногироҳо равонтарин будаст.
Сайидо ШАРАФӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2022 №: 131 - 132 Мутолиа карданд: 604