logo

иҷтимоиёт

САЁҲАТИ ЧИНИИ МАН

Номи ман Шаҳдод Атобуллоев мебошад. Ман дар яке аз деҳаҳои хурди кӯҳӣ, дар ноҳияи Айнӣ, ки дар шимоли Тоҷикистон мавқеъ аст, ба дунё омадаам. Падарам дар омӯзиши забони чинӣ роҳнамои ман буд. Ҳини интихоби касб ба ман пешниҳод карданд, ки забони чиниро омӯзам. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаби миёна донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ихтисоси тарҷумони забони чинӣ, шудам.
Ана ҳамин тавр сайёҳати чинии худро оғоз намудам. Барои ман, ки забони чиниро нав меомӯхтам, омӯзиш ҳеҷ гоҳ осон набуд. Забони чинӣ бароям ҳам ношинос ва ҳам мушкил менамуд, махсусан лаҳнҳои он. Мушкили асосӣ дар он буд, ки мантиқан ҳама чизро мефаҳмед, аммо, бо сабаби он ки омӯзишро дертар сар карда, ба қавле аллакай забонам шах шуда буд, дар талаффуз ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешудам. Инчунин, аз худ кардан ва навиштани иероглифҳои забони чинӣ хеле душворӣ пеш меовард. Фаҳмидани грамматикааш ҳам душвор аст. Ҳамаи  ин мушкилот маро ошуфта ва маъюс мекард. 
Хушбахтона, ман бо бисёр омӯзгорони хубе вохӯрдам, ки дарсҳои чиниро ҳамеша зинда ва ҷолиб мегузаронанд. Бо мадад ва дастгирии омӯзгорон шармгинии ман ба далерӣ табдил гашт ва ман бо овози баланд, албатта бо забони чинӣ, муошират карданро сар кардам. Ин ба ман боварӣ бахшид, ки омӯзишро давом диҳам. Машқ карданро давом дода, хато паси хато бошад ҳам бо оҳистагӣ ба пеш мерафтам. Ман на танҳо ҷанбаи "ҷаззоб" - и забони чиниро эҳсос кардам, балки дар ҷараёни омӯзиши забони чинӣ ба таъриху фарҳанги Чин ошиқ ҳам шудам. 
Забони чинӣ на танҳо ҷаҳонбинии маро васеъ кард, балки дари дигареро дар зиндагиам  ба рӯи ҷаҳон боз намуд.  Ба воситаи ин дарича ман ҷойҳои деринаи таърихии Чин, манзараҳои зебоманзари табиати он, маданияти бой ва рангоранги ин кишвар, мардуми ин сарзаминро шинохтам. Чи  гарму инсонҳои сода, вале дӯстпарвар, чи ҷомеаи муосир, ҷамъияти кушода ва фарогирандае будааст Чин. Ҳамаи инҳо маро хеле ҷалб карданд ва ман тасмим гирифтам, ки забони чиниро хуб аз худ намуда, дар Чин таҳсиламро идома диҳам. 
Озмуни "Пули забони чинӣ" як озмуни хеле душвор ва пурмасъулият  аст. Ҳама хоҳишмандонро ба он роҳ намедиҳанд. Ман худамро ҳеҷ гоҳ беҳтарин донишҷӯи забони чинӣ намеҳисобидам. Дар аввал худам ҳам бовар надоштам, ки устодон маҳз маро барои иштирок дар он ташвиқ менамоянд. Дар аввал  фикр кардам, ки беҳтараш аз ин кор  даст кашам, аммо омӯзгорони забони чинӣ ба ман гуфтанд: "Ту мард ҳастӣ, аз душвориҳо натарс, даъватро далерона қабул кун ва шахси масъул шав".
Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки саёҳатамро ба ин сарзамин тавассути Озмуни байналмилалии "Пули забони чинӣ" идома диҳам ва омодагии гуногунро оғоз кардам. Омӯзгор аз ман хоҳиш кард, ки ғайри омӯхтани саволҳои HSK, илова бар ин тавассути гӯш кардани сурудҳои чинӣ, дидани довйин ва хондан бо таърих ва фарҳанги давлати Чин аз наздик шинос шавам. 
Дар робита ба намоиши истеъдод ман қироати шеъри "Чинюанчун Чанша"-ро интихоб кардам, ҳарчанд ки ба талаффузи дуруст ва лаҳни худ чандон эътимод надоштам. Устодам ҳам ба ман гуфт, ки агар хоҳам доваронро қонеъ намоям, ин кофӣ нест. Танҳо ба садо ва амал такя накунам, бояд хониши худро бо эҳсосоти дурусте, ки раванди хонишро ҳамроҳӣ мекунад, пур созам. “Бо эҳсосот қироат карданро ёд гир, ба умқи маънои ҳар мисраи шеъри хондаистодаат бирас”, - такрор ба такрор мегуфт ба ман устодам. Ин боварӣ масъулияти маро афзуд. Ҷуръат намекардам, ки лаҳзае дам гирам, ба озмун ҷиддӣ тайёрӣ дида, суханони омӯзгоронро ҳамеша пеши рӯ меовардам: "Боварӣ аз қувва, қувва аз меҳнат аст". Дар охир ман ғолиб омадам. Дарси муҳими аз ин сабқат бадастовардаам ҳамин аст, ки меҳнати софдилона ҳамеша самараи хуб медиҳад.
Вақте ки ровӣ эълон кард, ки ғолиби мутлақи озмун Шаҳдод Атобуллоев муайян гардид, аз шодӣ ашк рехтам. То ҳанӯз бовар надорам, ки ғолиби чунин озмуни баландпоя шуда бошам. Медонам, ки ба қавли чиниҳо "Мард ба осонӣ гиря намекунад". Ин ашк пур аз душвориҳо, бахту шукронаи сафари чинии ман аст. 
Дар ин лаҳзаҳои бароям бисёр ҳаяҷонбахш аз самими қалб мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишкадаи Конфутсий, ки ба мо имкон ва заминаи мусоидеро барои омӯзиши забони чинӣ фароҳам овардаанд ва ба омӯзгорони чинии худ барои заҳмату ғамхории ҳамарӯзаашон ташаккур мегӯям. Ман ба ҳамаи дӯстоне, ки забони чиниро меомӯзанд гуфтаниям: чун забони чиниро интихоб кардем, бояд тамоми мушкилотро паси сар кунем ва бисёр хонем, танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ба муваффақият ва рушди дилхоҳ бирасем.
 
ҒОЛИБ ДАР НАЗАРИ ҲАМКУРСОН
Бешубҳа, ин писари матин ва шукргузор дар саҳнаи “Пули забони чинӣ” нашъунамо ёфта, рушд намуд. Шуҳрат пайдо карда, дӯстони нав ёфт, имконоти зиёде дар рӯбарӯяш пайдо шуданд. 
«Ба назари ман Шаҳдод Атобуллоев мисли бародари калонӣ меҳнатдӯст аст. Вай омӯхтани забони чиниро дӯст медорад. Новобаста аз он ки дар таҳсил ӯ ба мушкилиҳо дучор мешавад, роҳи бартараф намудани онҳоро пайдо карда метавонад. Ҳар вақте ки донишҷӯёни дигар бо сабаби он ки омӯхтани забони  чинӣ хеле душвор аст, сустӣ мекунанд, ӯ ҳамаро руҳбаланд мекунад. Ӯ дили меҳрубону нарме дорад, атрофиёнро гармии қалбаш ба худаш ҷалб мекунад. Ба толибилмони эҳтиёҷманд дасти кумак дароз мекунад. Ҳамаи мо ба ӯ барори кор орзу мекунем. Ӯ намуна ва мақсади ниҳоии мост. Соли оянда ман ҳам мисли ӯ дар озмуни «Пули забони чинӣ» иштирок хоҳам кард», - мегӯяд яке аз ҳамсабақони Ш. Атобуллоев.
 
ДАР НАЗАРИ ОМӮЗГОРОН
- Вай гарчанде донишҷӯи аз ҳама зирак ва донишманди гурӯҳ набошад ҳам, аз ҳама боғайрат мебошад. Шаҳдод Атобуллоев нисбат ба худ хеле серталаб буда, ҳамзамон ташаббускор ҳам ҳаст. Ҳар даври хонишро қадам ба қадам мегузарад. Тавассути маърузаҳои дар ҳар дарс кардааш мо метавонем бидонем, ки ӯ ҳамеша дар бораи чизҳо андеша меронад, ки пур аз интизориҳои омӯзиши забони чинӣ аст ва барои зиндагӣ ва оянда нақшаҳои мусбат дорад. 
Дар овони кӯдакӣ, ки онро дар Россия, дар муҳоҷират, гузарондааст, назди падараш таҳсил кардааст. Ин боиси таҳаммулпазирии қавиаш гаштааст. Бо тафовути фарҳангҳои Чину Тоҷикистон ҳамеша метавонист нуқтаи муносибе пайдо кунад. Вай як омӯзандаи хуби забони чинӣ бо дидгоҳи хос аст. 
Имсол ӯ таҳсилашро бо баҳои аъло хатм карда, стипендияи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро соҳиб гашта, имкони таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Нанҷингро пайдо кард. Аз сабаби эпидемия ӯ метавонад курсҳои тариқи онлайнро оғоз кунад, аммо ман бовар дорам, ки дар ояндаи наздик ӯ бо кулвори орзуҳояш сафари Чин хоҳад кард.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2022    №: 131 - 132    Мутолиа карданд: 641
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед