Хабарҳо
СОҲИБКОРӢ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода дар доираи намоишгоҳи байналмилалии саноатии «INNOPROM», ки дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия доир шуда истодааст, бо як қатор соҳибкорони Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистан ва Беларус, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, мулоқот анҷом доданд.
Тавре шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, дар идомаи сафари корӣ ҳайати расмӣ ва соҳибкорони хатлонӣ бо намояндагони консулгарии Вазорати меҳнат, муҳоҷрат ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия ва соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, диаспораҳои ҷамъияти тоҷикони «Дидор» вохӯрд. Дар он 25 нафар аз шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск ва Тюмен иштирок намуд. Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода имкониятҳои Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлонро дар самти густариши соҳибкорӣ манфиатнок арзёбӣ намуданд.
Муовини раиси вилоят дар баромади худ оид ба рушди соҳибкорӣ, дастгирӣ ва ташаббусҳои соҳибкорон дар самти созандагию бунёдкорӣ, дастгириву ҳавасмандии соҳибкорон ва имтиёзҳо дар самти андозу гумрук таъкид намуд.
Соҳибкорон дар вохӯриҳо фаъолона иштирок намуда, баҳри боз ҳам мустаҳакам намудани робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5579