logo

сафарҳо

ИДОМАИ БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №№ 1, 2, 3, 4, 5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, шинос шуданд.
Лоиҳаи иншооти обқабулкунаки доимии агрегатҳои №№1 – 6 аз ҷониби ширкати «ЭФРИ»-и Швейтсария омода гардида, корҳои сохтмону васлгариро мутахассисони филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тунел Садди Ориёно” дар асоси нақша пеш мебаранд.
Тибқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар иншоот 5 миллиарду 847 миллиону 955 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад ва алҳол 4 миллиарду 696 миллиону 991 ҳазор метри мукааб (80%)-и он ба иҷро расидааст.
Часпондани анкерҳои АЖГ 46 ҳазору 115 ва ПНА 1083-то пешбинӣ мешавад ва, мутаносибан, 22 ҳазору 498 ва 126-тои онҳо насб  гардиданд.  Инчунин,  95 ҳазору  804  метри мураббаъ маҳлулҳои бетонӣ пошиданд, ки 28 дарсади нақшаро дар бар мегирад.
Иншооти обқабулкунаки доимӣ дар сатҳи 1300 метр иборат аз шаш шахта буда, корҳои сохтмону нақбканӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони ҶСП “Заводи таъмирию механикӣ”-и шаҳри Норак пеш мераванд.
Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 552 метр идома доранд.
Тибқи маълумоти масъулон, корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №№ 1 – 6-и неругоҳ дар ҳаҷми 19,3 ҳазор метри мукааб иҷро шуд. Айни замон корҳои нақбканӣ дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати № 1 дар ҳаҷми 1 ҳазору 858 метри мукааб, агрегати № 2  1 ҳазору  834 метри мукааб, агрегати № 3 дар ҳаҷми 8 ҳазору 568 метри мукааб, агрегати № 4 дар ҳаҷми 7 ҳазору 61 метри мукааб ба сомон расиданд. Дар агрегати № 5 бошад, корҳои нақбкании фурнел оғоз ёфта, дар агрегати № 6 коргарону мутахассисон барои нақбкании фурнел омодагӣ мебинанд. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №№ 1, 2 ва 5, 6 аз сатҳи 1300 метр то ба 1178 метр мерасад, ки баландии ҳар яки он 122 метрро ташкил хоҳад дод. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои № 3 ва 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр расонда мешаванд.
Корҳои нақбканиро сохтмончиён дар шахтаҳои №3-юму 4-ум 15 ҳазору 629 метри мукааб анҷом додаанд. Тибқи лоиҳа, баландии ин ду шахта 140 метр аст.
Нақбканӣ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанӣ, пармакунӣ, сементатсионӣ, озмоишӣ ва бетонхобонӣ дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳо ҷараён доранд.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №№ 1 – 6 барои танзими дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр хизмат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар суҳбат бо онҳо дастур доданд, ки, қабл аз ҳама, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Мутахассисону муҳандисони ботаҷрибаи ҶСП “Заводи таъмирию механикӣ”-и шаҳри Норак барои иҷрои босифати корҳо аз техникаву механизмҳои муосир истифода мебаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар иншооти дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои НБО “Роғун” дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр баҳои баланд доданд.
Коргарону мутахассисони ватанӣ бо азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин қитъаи сохтмонӣ шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд ва барои анҷоми муваффақонаю босифати корҳо саъю талоши худро равона менамоянд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар НБО “Роғун” аз рафти сохтмони нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳо шинос шуданд.
Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ дар тарози 1 ҳазору 172 метр аз сатҳи баҳр бо дарозии 156 метр, паҳноии 18,4 метр ва баландии 21,2 метр ҷойгир аст.
Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ аз шаш шахтаи обрасон иборат буда, барои васлу насби оҳанфулузоти дохили шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №№ 1 – 6 пешбинӣ мегардад. Шахтаҳои мазкур барои расондани об ба агрегатҳо хизмат мерасонанд.
 Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ корҳои нақбканию пармакунӣ дар ҳаҷми 55 ҳазору 225 метри мукааб, бетонхобонӣ 725 метри мукааб ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 5 ҳазору 460 метри мураббаъ иҷро шуданд.   
Корҳои сохтмону васлгарӣ тибқи лоиҳаи ширкати “ЭФРИ”-и   Швейтсария аз тарафи корхонаҳои паймонкори иншоот – ҶСП “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак ба сомон мерасад.
Ҳоло корҳои созандагӣ дар ин майдони сохтмон бо сатҳу сифати баланд ҷараён доранд. Мутахассисону коргарон бо истифода аз техникаву механизми муосири соҳавӣ ва масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ҳамарӯза талош менамоянд, ки корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии малакат сари вақт иҷро шаванд.  
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбат ороста, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Шахтаи обқабулкунаки агрегати №1 аз сатҳи 1 ҳазору 172 метр оғоз гардида, то ба сатҳи 966 метр расида, баландии он 206 метр мебошад. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар шахтаи мазкур 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, 2 ҳазору 478 метраш иҷро шуд, ки ин 41 метрро ташкил медиҳад.
Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегати №2 низ 206 метр буда, ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукаабро дар бар мегирад ва 6 ҳазору 223 метри мукаабаш иҷро гашт, ки ба 103 метр баробар аст.
Шахтаи обқабулкунаки агрегати №3 186 метр баландӣ дошта, корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукааб пешбинӣ мегардад ва корҳо дар ҳаҷми 10 ҳазору 282 метри мукааб иҷро шуданд, ки ин 170 метр мебошад.
Баландии шахтаи обқабулкунаки №4 низ 186 метр аст ва корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, 10 ҳазору 152 метри мукаабаш иҷро шуда, ба 168 метр мерасад.
Шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №5 ва №6 152 метрӣ  баландӣ дошта, корҳои нақбканӣ дар онҳо 9 ҳазору 700 метри мукааб буда, пурра ба иҷро расиданд.
Ҳамин тавр, ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №1 ва № 2  40 дарсад, агрегатҳои № 3 ва № 4 70 дарсад ва агрегатҳои № 5 ва № 6 ба пуррагӣ иҷро гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назаррасу босамари коргарону мутахассисони ботаҷриба дар маҳали сохтмони камераи васлгарии обрасони агрегатҳо дар нақби нақлиётии Т-18 изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ  ба масъулони иншоот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар идомаи боздид аз НБО “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба бинои технологӣ ва дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ташриф оварданд.
Иншоот 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуда, айни замон вобаста ба иқтидори неругоҳ фаъол мебошад.
Бинои технологӣ панҷошёна буда, дар қабати якуми он шахтаҳои кабелӣ, маҷмуи дастгоҳҳои тақсимоти 15,75 ва 6 кВ, таҷҳизоти ҷараёни тағйирёбандаи 0,4 кВ, дастгоҳҳои идоракунандаи ҷараёни доимӣ ва дигар таҷҳизоти истеҳсолию корӣ насб шудаанд. Дастгоҳу таҷҳизот вобаста ба таъинот эҳтиёҷоти хусусии неругоҳ ва бехатарии иншооти гуногунро таъмин менамоянд. Технологияи навтарин истеҳсоли Ҷопон, Фаронса ва Россия буда, ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва барои хизмат расондан ба шаш агрегати  неругоҳ омода аст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки озмоишгоҳи кимиёвии иншоот камназир буда, дар он имкон аст тамоми намуди маҳлулҳо аз таҳлили кимиёвию хромографӣ гузаранд. Аз ҷумла, дар озмоишгоҳ таҳлили пурраи равғанҳо, хосса равғани трансформаторӣ, турбинӣ, компрессорӣ, гидравликӣ ва муҳаррикӣ, инчунин, санҷиши обҳои нӯшокӣ ва техникӣ гузаронда мешаванд.
Ҳуҷраҳои озмоишгоҳ бо 25 намуд таҷҳизоти санҷишӣ, зарфҳо ва маводи кимиёвӣ таъминанд.
Дастгоҳҳои озмоишгоҳ бо саҳеҳияти баланди ташхисӣ фаъолият намуда, барои назорати равиши кор дар ҳар кадоми он камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд. Ин низом имкон медиҳад, ки мутахассис аз ҳолати кори дастгоҳҳо сари вақт воқиф гардида, дар сурати сар задани камбудӣ онро дарҳол бартараф намояд.
Дар он, ҳамчунин, дастгоҳҳои хроматографӣ мавҷуданд, ки бо истифода аз онҳо газҳои ҳалшудаи таркиби равғани трансформаторӣ, аз қабили нитроген, оксиген, гидроген, асетилен, метан, этан, этилен, оксиди карбон, дуоксиди карбон, инчунин, миқдори ионол, об ва пайвастагиҳои фуранӣ, аз ташхис гузаронда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи технологияи мавҷуда ва ташхиси дақиқи маҳлулҳоро дар озмоишгоҳ муҳим ва ҳатмӣ шумурданд.
Шахтаҳо ва камераҳои кабелию вентилятсионӣ, таҷҳизоти ҳимоявии дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220 кВ дар ошёнаҳои сеюм ва чоруми бино ҷойгиранд.
Дастгоҳи марказии идоравии НБО “Роғун” ҳам дар ошёнаи чорум мебошад. Ин ҷо аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, онҳо тавассути дастгоҳи марказии идоравӣ фаъолияти таҷҳизоти толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220 кВ, инчунин, дигар таҷҳизоти технологӣ ва хатҳои интиқоли барқро назорат ва идора мекунанд.
Дар майдончаи таҷҳизоти берунаи иншоот бошад, шаш автотрансформатори 500/220/15.75, се реактори заминпайванди 500 кВ ва ду трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ насб ва  мавриди истифода қарор доранд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо таҷҳизоти баромади элегаз – ҳаво, трансформаторҳои ҷараёнӣ, трансформаторҳои шиддатӣ ва маҳдудкунандаҳои фузуншиддатӣ барои хатҳои интиқоли барқи 500 кВ ва 220 кВ васл гардиданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220 кВ шинос шуданд.
Вазифаи асосии дастгоҳ тавассути шаш хатти интиқоли барқи 500 кВ, аз ҷумла хатти интиқоли барқи “Роғун – Шимол”, “Роғун – Душанбе – 1”, “Роғун – Душанбе – 2”, “Роғун – Ҷануб”, “Захиравӣ” ва ду хатти интиқоли барқи 220 кВ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи “Роғун – Зеристгоҳи Роғун – 1” ва “Роғун – Зеристгоҳи Роғун – 2” пайваст намудани барқи дар НБО “Роғун” истеҳсолгардида ба системаи энергетикии ҷумҳурӣ мебошад.
Айни замон хатҳои интиқоли барқи “Роғун – Душанбе – 1” ва “Роғун – Душанбе – 2” мавриди истифода қарор доранд ва қисмати дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазӣ зери шиддати 500/220 кВ қарор доранд. Аз аввали баистифодадиҳии иншоот то 1 июли соли 2022 ба системаи энергетикии мамлакат 4 миллиарду 593 миллиону 720 ҳазору 560 кВт/соат неруи барқ содирот гардид.
Дар назар аст, ки хатҳои интиқоли барқи “Роғун – Зеристгоҳи Роғун – 1” ва “Роғун – Зеристгоҳи Роғун – 2” то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд. Дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ таҷҳизоти хомӯшкунандаи элегазии 220 кВ ва 500 кВ, ҷудокунандаҳо ва заминпайвандҳо, маҷмуи ноқилҳои ҷараёнгузари 500 кВ ва 220 кВ, инчунин, таҷҳизоти иловагӣ ва ёрирасон васлу насб шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон назорати доимӣ ва истифодаи дурусту босамари таҷҳизоти мавҷуда, тулонии дастгоҳҳои васлу насбгардидаро талаб карда, онҳоро барои баланд бардоштани сатҳу сифати техникии кормандон муваззаф намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамсозии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) шинос шуданд.
Бармадгоҳи мазкур дар тарози 946 – 973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои чоҳи мавҷшикан мебошад. Баландии баромадгоҳи нақб 26 метрро ташкил медиҳад. Корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ аз тарафи паймонкори иншоот – ҶДММ “Вахш-сохтмон” бо сифати баланд ҷараён доранд.
Таъкид гардид, ки нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои заминӣ 657 ҳазору 900 метри мукааб ва бетонхобонӣ 142 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шуданд. Ҳамзамон, дар асоси талабот ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншоот 8 ҳазору 300 тонна арматура истифода гардидааст. Тибқи лоиҳа, корҳои заминӣ дар ин мавзеи сохтмон 5,3 миллион метри мукааб пешбинӣ мешавад ва, аллакай, 4 миллиону 900 ҳазор метри мукааби он ба иҷро расид. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) 309 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мутахассисону кормандон дар ин ҷо 265 ҳазору 200 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Барои устувории кӯҳ дар ин қитъа бояд 61 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 195 ҳазору 400 метр анкерҳои АЖГ насб шаванд ва алҳол 58 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 173 ҳазору 700 метр анкерҳои АЖГ насб гардидаанд.
Бо дарназардошти таъмини устувории баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) дар ин қитъаи неругоҳ 91 ҳазор метр чоҳҳои заҳкаш иҷро мешаванд ва ҳоло 70 ҳазору 700 метраш (77%) иҷро шуд.
Бунёдкориҳо дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3)-и иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мутахассисони дорои таҷрибаи баланди касбӣ бо суръат идома доранд.
Зимни боздид аз рафти сохтмони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникӣ дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ дар ҳамаи қитъаҳои НБО “Роғун” диққати махсус диҳанд.
Ҳамчунин, дар идома Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳали сохтмони коллектори агрегатҳои №№ 1, 2 ва 3,  бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими неругоҳ ба ҳисоб мераванд, ташриф оварданд.
Коллекторҳо дар сатҳи 966 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, барои партофтани оби аз агрегатҳо хориҷшуда тавассути нақбҳои сохтмонии қабати якум ва дуюм хизмат мерасонанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, ҳаҷми корҳои ҳаффорӣ 57 384 метри мукааб ва хобондани бетони конструктивӣ 12 340 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки то имрӯз ҳаҷми бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб расидааст. Аз рӯи лоиҳа дарозии коллектори агрегати № 1, 16,1, № 2, 28,4 ва коллектори агрегати № 3, 48,4 метрро ташкил медиҳад. Нақби якҷояшавии коллекторҳо 185,84 метр буда, баландиаш 17 метр мебошад.
Корҳои анкергузорӣ ва сементатсионӣ дар ин иншоот аз тарафи мутахассисони ҶДММ “Нурсоз” ва ҶДММ “Саманд-Сохтмон” бо сатҳу сифати баланд пеш мераванд. Айни замон дар коллектори агрегатҳои №№ 1, 2 ва 3 корҳои сементатсиониро дар ҳаҷми 10 594 метри тулонӣ ба сомон расонда, шумораи анкерҳои насбгардида 40-торо ташкил медиҳад.
 Бинои трансформаторҳои НБО «Роғун» дар умқи  380 – 400 метр аз сатҳи замин ҷойгир аст. Дарозии иншоот 200, паҳноияш 18 ва баландиаш 42,4 метр мебошад. Дар қисми поёнии иншоот мавзеи агрегати 5 – 6 бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дарвозаҳои таъмирӣ тавассути кран идора мешаванд. Дар даромадгоҳи иншоот майдончаи васлгарӣ мавҷуд буда, дар он барои васлу насби таҷҳизоти электрикию гидравликӣ тамоми шароит муҳайёст. Ҳаҷми бетони хобондашуда дар иншооти мазкур 68 229 метри мукааб ва корҳои нақбканӣ 169 400 метри  мукаабро ташкил медиҳанд. Иҷрои корҳоро мутахассисони ҶДММ “Соҳили Нур” ба уҳда доранд.
Корҳои сохтмону васлгарӣ дар бинои трансформаторҳо бо риояи талаботи соҳа ба сомон мерасанд. Дар ин ҷо барои ҳар як агрегати неругоҳ трансформатори пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти ёрирасон васлу насб мегардад. Дар толори таҷҳизоти электротехникии бино ду маҷмуи батареяҳои аккумуляторӣ ва дигар таҷҳизоти электротехникӣ насб шуда, фаъолият доранд. Бунёди ду зеристгоҳи эҳтиёҷоти хусусии агрегатӣ, ду зеристгоҳи умуминеругоҳӣ бо ҳашт трансформатор таҷҳизоти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи 6 кВ бо 50 маҷмуи генераторӣ, инчунин, трансформатори агрегатҳои №5 ва №6  бо шаш маҳдудкунандаи баландшиддати 500 кВ ва лӯлаҳои системаи хунуккунии онҳо ба анҷом расида, ноқилҳои ҷараёнгузари элегазӣ бо элегаз таҳти фишори 4.3 атмосфера гузошта шудаанд. Озмоишҳои барқӣ ва химиявии трансформатори агрегати №6 аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Айни замон трансформатори агрегатҳои №5 ва №6-и неругоҳ мавриди истифода қарор дорад.
Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои нақбканӣ ва бетонгирӣ дар нақбҳои ҷаббандаи рақамҳои 1, 2 ва 3 шинос шуданд.
Корҳои ҳаффорӣ ва бетонхобониро дар нақбҳои зикршуда мутахассисону кормандони ҶДММ “Инвентор”, ҶСК “ТоҷикСГЭМ” ва ҶСК “Гидромонтажи Осиёи Марказӣ” пеш мебаранд. 
Баландии толори мошинҳо 68,7, паҳноияш 20,8 ва дарозиаш 219,7 метр мебошанд. Дар иншооти мазкур корҳои нақбканию бетонхобонӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 245 400 метри мукаабаш ба сомон расида, бетонхобонӣ 64 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Толори мошинҳо барои васлу насби гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ мегардад. Ҳоло дар толор ду гидроагрегат фаъолият дорад ва дар оянда боз чор гидроагрегати дигар ва таҷҳизоти гидромеханикӣ васлу насб мешаванд.  
Бунёдгузори НБО “Роғун” – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро  ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хонданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2022    №: 133    Мутолиа карданд: 2795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед