Хабарҳо
Вохӯрии консули генералӣ бо ҳокими вилояти Ҷамбул
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Равшан Бобохонзода бо ҳокими вилояти Ҷамбул Нуржигитов Нуржан вохӯрд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар суҳбат зикр шуд, ки кишварҳо барои рушди ҳамкориҳо захираю имкониятҳои васеъ доранд. Дар ин замина, консулгарии генералӣ омодагии худро барои кумаки ҳамаҷониба дар рушду тавсеаи равобити байниминтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг баён намуд.
Ҷарима ё ҳабси маъмурӣ барои паҳни маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳ
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳни ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ё оид ба раванди баргузории даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин, дигар хабару овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ мегардад, аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиа хабар дод.
Гуфта мешавад, ки раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бепояву бардурӯғ миёни ҷомеа эътимоду бовар ва тарафдории мардумро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ заиф намуда, ба иқтидори мудофиавии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Бо назардошти сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни мазкур дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.
Вазъи сиҳатии зоирони тоҷик дар Макка
Тӯрахон Шарифзода, сардухтури мавсими Ҳаҷ – 2022, дар мусоҳиба бо сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иброз дошт, ки дар мавсими имсолаи Ҳаҷ зоирони тоҷик аз тамоми хизматрасониҳои муосири тиббӣ бархӯрдоранд.
Аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ташкил шуда, ҳамарӯза гурӯҳи табибон ба зоирон хизмат мерасонанд. Имсол барои табобати бемориҳои мавсимӣ қариб ду тонна дору ва баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ 30 ҳазор ниқоб харид ва дар нуқтаҳои тиббӣ нигаҳ дошта мешаванд.
Дар мусоҳиба гуфта мешавад, ки бинобар гармии аз ҳад зиёди ҳаво, азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан, муроҷиатҳои онҳо ба бемориҳои дарди гулу, зуком, таб, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд, алоқаманд мебошанд. Таъкид гардид, ки миёни зоирони мо ягон нафар гирифтори бемории COVID – 19 нашудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд 1,4 миллиард долларро гузашт
Моҳҳои январ – июни соли соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1 миллиарду 416,8 миллион доллари ИМА расид. Ҳаҷми воридот 896,6 миллион долларро ташкил дод. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 миллион долларро дар бар гирифт.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 164,6 миллион доллар афзуда, ба 326,2 миллион доллар расид.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гашта, ба хориҷи кишвар 92 ҳазору 875 тонна маҳсулот бароварда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5279