порлумон
НИШОНИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ТАСДИҚ ГАРДИД
Бо мақсади тақвияти фаъолияти парламенти болоии мамлакат ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар, дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз 30 майи соли 2022 нишони Маҷлиси миллӣ
тасдиқ гардид.
Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд, нишон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохилаш сутуни зарин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори зарин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой мегирад. Дар атрофи сутун шохаҳои дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ оро ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд тасвир ёфта, бо ранги сафед дар қисмати болоии он «Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва поёниаш «Маҷлиси миллӣ» навишта шудаанд.
Нишон ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба ғайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин, дар биною иншооти Маҷлиси миллӣ насб мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 2704