иҷтимоиёт
ХОРУҒ БА НИГИНИ БАДАХШОН ТАБДИЛ МЕЁБАД
Ин нуктаро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Тоҷикистон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти шаҳри Хоруғ таъин гардидааст, ҳангоми боздид аз иншооти сохташавандаи маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз дошт.
Дар ҷараёни сафар Шералӣ Кабир ва гурӯҳи кории вазорат вазъи инфрасохтори саноат, коммуникатсия, сохтмон, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳоро дар маркази вилоят мавриди омӯзишу таҳлил қарор доданд. Дар доираи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлилу омӯзиши коршиносон ва мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ тарҳи меъмории шаҳр ва инфрасохтори он куллан таҷдид мегардад ва ба ин кор, аллакай, шуруъ кардаанд.
Дар шаҳри Хоруғ дар самти созандагиву бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде анҷом ёфтанд, аммо ҳангоми бунёди ин ё он иншоот на ҳама вақт талаботи шаҳрсозию меъморӣ риоя мегардид. Мисоли равшан ин бозори марказӣ, терминал ва дарвозаи шарқии шаҳр мебошанд. Акнун бо тақозои замон тарҳи меъмории даромадгоҳ, терминал ва бозори марказӣ куллан дигар мешавад. Тибқи лоиҳа, дарвозаи шарқии шаҳр ва атрофи он ба як маркази истироҳату тамошо табдил хоҳад ёфт. Дар ин ҷо барои нишасти меҳмонону сайёҳон ҷойи махсус бунёд мегардад, ки сурату нигораҳои ҳайвоноти нодири Помир онро оро медиҳанд. Инчунин, дар ин ҷо сохтмони меҳмонхонаи панҷошёна бо тарҳи меъмории шарқӣ ва дорои тамоми шароитҳои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар назар аст. Дарвозаи даромадгоҳи шаҳр низ чун шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Кӯлоб бо тарҳи меъмории миллӣ сохта мешавад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ аз ин мавзеъ дидан намуда, нуқтаи назари хешро барои ҷолибу дилрабо сохтани иншооти сохташаванда баён намуданд.
- Яке аз проблемаҳои ҷиддии шаҳрдорӣ чун пештара дар марҳилаи ҳозира низ таъмини аҳолӣ бо манзили зист мебошад, – мегӯяд раиси шаҳр Назарзода Ризо Шодӣ. - Қисми зиёди арзу муроҷиати шаҳрвандони ба мақомоти шаҳрдорӣ воридгашта ва дар рӯзи қабули раиси шаҳр бамиёнгузошташуда, ба ин масъала рабт доранд. Дар панҷ соли оянда ҳам таъмини аҳолӣ бо манзил яке аз масъалаҳои калидӣ боқӣ мемонад. Дар доираи тарҳи нави шаҳр дар ҳудуди он дар панҷ соли оянда 20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуда, бо нархи дастрас ба ниёзмандон пешниҳод мешаванд.
Дар маҳаллаи Тем раисони вилояту шаҳр ва вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо фаъолияти ҶДММ “Суман”, ки ба коркарди сангҳои ороишӣ машғул аст, шинос гардида, таваҷҷуҳи роҳбарияти онро ба истеҳсоли маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар бозорҳои дохилию хориҷӣ ҷалб намуданд.
Дар давраи тараққиёти босуръати техникаю технологияи нав маркази маъмурии ҳар як минтақаро бе фурудгоҳи байналмилалӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бошад, агарчи дар чанд соли охир чанд маротиба навсозӣ шуда бошад ҳам, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ нест. Ҳайати кории Ҳукумати ҷумҳурӣ ба меъморону ороишгарон тавсия дод, ки тарҳи замонавии фурудгоҳро омода намоянд. Раиси вилоят зимни боздид аз фурудгоҳи шаҳри Хоруғ иброз намуд, ки масъалаи парвози тайёраҳои мусофирбар ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дар рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.
Дар бозори “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Шералӣ Кабир ва Назарзода Ризо Шодӣ аз маркази тиҷоратии “Нигини Хоруғ” дидан намуданд. Бинои ин марказ ду сол қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Дар он ва биноҳои атрофаш ҳуҷраҳои дорои тамоми шароит барои тиҷорату савдо сохтанд. Айни замон қисми зиёди фурӯшандаҳои бозори марказӣ ба он ҷо кӯчонда шудаанд. Ба маъмурияти маркази тиҷоратӣ дастур доданд, ки барои фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои соҳибкорону тоҷирон чораҳои амалӣ роҳандозӣ намояд. Ба бозори нав кӯчондани аксарияти мағозаву дӯконҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳр коҳиш медиҳад.
Ҳангоми боздид аз майдон ва Боғи Ғалаба гурӯҳи корӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар дигар манотиқи кишвар барои поси хотири гузаштагон, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ тадбирҳои созандаю ободкорона роҳандозӣ мегарданд. Аммо аз майдони Ғалаба ва Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ айни ҳол фақат ном боқӣ мондааст. Бо мусоидати шаҳрдорони собиқ қисми зиёди ҳудуди майдону боғ барои сохтмони мағозаю қаҳвахона ва анборхонаҳо дода шуданд ва атрофи ин ҷойҳои муқаддас ба як харобазор табдил ёфтааст. Акнун вақти он расид, ки боғу майдон аз нав барқарор мешаванд ва чуноне раиси вилоят арз дошт, барои тармиму таҷдиди боғу майдон бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Боғи дар шафати майдони Ғалаба бунёдшаванда то пули пиёдагарде, ки дар натиҷаи сӯхтор хароб гашт ва акнун аз нав бунёд мегардад, доман паҳн мекунад. Тибқи пешниҳодоти гурӯҳи кории Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар шафати собиқ бинои театри вилоятӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар назар аст. Дар ҳудуди собиқ заводи нон, ки дар солҳои ноороми навадуми асри гузашта аз фаъолият боз монд, акнун дар майдони беш аз 2,5 га парки технологӣ - инноватсионӣ бунёд мешавад. Дар ояндаи наздик тибқи нақша дар ин ҷо, инчунин, бунёди корхонаи нонпазӣ дар назар аст. Дар пойгоҳи Ҷамъияти саҳомии “Помирсохтмон”, ки айни ҳол аз истифодабарӣ дар канор мондааст, дар масоҳати беш аз ним гектар бунёди корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш пешбинӣ гардидааст.
Корхонаи коркарди гӯшту шир дар замони шуравӣ яке аз корхонаҳои калон ва муваффақи вилоят ба шумор мерафт. Имрӯз аз ин корхона фақат биноҳои харобу вайрона боқӣ мондаанду халос. Дар ҷараёни боздид аз ин корхона вазири саноат ва технологияҳои нав дастур дод, ки корхона бояд барқарор гашта, бо технологияи муосири коркарди шир муҷаҳҳаз гардонда шавад. Мутахассисон ва шахсоне, ки дар ин ҷо ихтиёрӣ кор мекунанд, барои таҷрибаомӯзӣ ба корхонаи шири шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вазири саноат ва технологияҳои нав ва раиси шаҳри Хоруғ, инчунин, аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетон, ҶДММ “Фареҳ-2013”, ки ба тайёр намудани маҳсулоти сохтмонӣ машғуланд, дидан намуданд. Барои барқарор сохтани фаъолияти корхонаи оҳану бетон бо иқтидори пурра ва ҶДММ “Фареҳ-2013” ҷиҳати зиёд кардани иқтидори корхона ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дастурҳои муфид доданд.
Мувофиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имсол бояд дар вилоят 20 корхонаи саноатӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, ки 13 - тоашон ба шаҳри Хоруғ тааллуқ дорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 718