сиёсат
ВАҲДАТИ ФИКРӢ ВА ИДЕАЛОГИЯИ МИЛЛӢ
Дониш ҷузъи таркибӣ ва масири рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, он маҳсули низоми босамари маориф ва кӯшишу талоши ашхоси хирадманди ҷомеа маҳсуб мегардад.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба соҳаи маориф ва илм аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мегардад, зеро роҳи саодати башар, маҳз дар доштани илм аст. Асос ва муҳтавои маорифпарварӣ, ин, пеш аз ҳама, тарбияи инсони комил ва рушди он ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир, башар дарк намуд, ки роҳи пешрафту тараққиёт ва дар баробари ин, ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, танҳо бо доштани илму хирад имкон дорад. Тараққиёти технология ва мавқеъ ёфтани шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёту фаъолияти инсонҳо дар ҷомеаи мутамаддин тазоди фикриро ба вуҷуд овардааст. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо ҳамчун абзори мафкурасозӣ ва бо ин роҳ, тағийр додани самти фикрронии аҳли ҷомеа, хатари ҷиддие ба ваҳдати миллатҳо эҷод сохтааст. Асоси пойдории ваҳдати миллӣ ин муттаҳидии миллат аст ва асоси муттаҳидӣ вуҷуд доштани ваҳдати фикрӣ мебошад. Дар заминаи рушди илму дониш, ки андешаҳои гуногуни бунёдсозро дар ҷомеа эҳё месозад, танҳо идеалогияи миллӣ қудрати муттаҳид сохтани ин андешаҳоро атрофи манфиатҳои миллӣ дорад. Дар натиҷаи ба ҳам омадани андешаҳои мухталиф атрофи манфиатҳои махсус, ваҳдати фикрӣ ба вуҷуд меояд ва агар онҳо манфиатҳои миллӣ бошанд, пас, сабаби пойдории ваҳдати миллӣ хоҳанд гашт. Дар зимн, гуногунандешӣ яке аз вижагиҳои ҷомеаи демократист. Аз лиҳози таҷрибаи таърихӣ ва сиёсӣ ҷомеа бар асоси гуногунандешӣ рушд менамояд. Аммо ҷиҳати ҳифзи бақои миллат ва таъмини муттаҳидӣ ҷомеа бояд доираи манфиатҳое, ки самти андешаҳо бар он равона аст, муайян шавад.
Имрӯз ҷаҳон аз давлат - миллатҳо таркиб ёфтааст ва ҳар давлат дар алоҳидагӣ ҳимоят аз манфиатҳои махсусро мекунад, ки ин ҳам манфиатҳои миллӣ маҳсуб мегарданд. Пас, рисолати ҷомеа, алалхусус андешмандон, ин сарфи маҳорату малакаи фикрии онҳо ҷиҳати ҳимоя аз ин манфиатҳо мебошад. Яъне, пеш аз ҳама, аҳли зиё ва равшанфикрони ҷомеа бояд оид ба манфиатҳои миллӣ ваҳдати фикрӣ дошта бошанд. Чун ин ашхос нафароне мебошанд, ки фазои фикрии ҷомеаро боз намуда дар он арзишҳои махсусро ҷой дода метавонанд ва чунин раванд ҳам барои ба вуҷуд овардани ваҳдати фикрӣ дар тамоми табақаҳои ҷомеа зарур аст. Аз ин рӯ, таҳияи идеалогияи миллӣ, ки вазифи он ҳимоя аз манфиатҳои миллист, марҳилаи баъд аз маърифатнокии ҷомеа ҷиҳати фароҳам сохтани ваҳдати фикрӣ мебошад. Аҳамияти дониш ва маърифатнокии ҷомеа дар самти таҳия ва амалӣ намудани идеалогияи миллӣ ва дар ин замина шакл додани ваҳдати фикрӣ хеле муҳим мебошад. Зарур аст, ки идеалогияи миллӣ дар заминаи рушди илм дар ҷомеа таҳия гашта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар амал татбиқ шавад. Идеалогия ҳамон вақт ваҳдати фикриро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад, ки таҷассумгари манфиатҳои миллат ва ҷомеа бошад. Дар навбати худ, ҷомеа аз лиҳози илму хирад зарфияти дарку фаҳмиши манфиатҳои хешро дошта бошад. Ба ҳамин хотир, имрӯз ҷомеаи мутамаддин роҳи рушди худро бо тақвият додани таълиму тадрис интихоб карда, дар ин замина идеалогияи миллиро тартиб дода, бо сохтани ваҳдати фикрӣ тамоми аҳли ҷомеаро атрофи манфиатҳои миллӣ муттаҳид месозаду пешрафту инкишофи мунтазами онро таъмин менамояд. Дар ин миён ҷиҳати ба вуҷуд овардани ваҳдати фикрӣ дар ҷомеа нақши идеалогияи миллӣ муҳим буда, роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшонро бо назардошти таъмини ваҳдату амнияти миллӣ боз месозад. Идеалогия вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва арзишҳои миллӣ шакл мегирад ва новобаста аз омилҳои беруна, ҷанбаъҳои ҳудудии он ба инобат гирифта мешаванд. Бо вуҷуди он ки идеалогия дар давлати миллӣ дарбаргирандаи манофеи миллат аст, дар навбати баъдӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ хизмат менамояд, яъне манофеи миллиро бо манофеи давлатӣ муттаҳид месозад. Моҳияти идеалогия бояд аз қонуниятҳое иборат бошад, ки масири ташаккули ваҳдати фикрӣ дар ҷамъиятро нишон дода, омилҳое, ки метавонанд андешаҳои гуногуни ҷамъиятиро атрофи манфиатҳои миллӣ ҷамъ оварда, дар заминаи гуногунандешӣ дар чаҳорчӯби арзишҳои миллӣ фазои якдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварад. Андеша танҳо доир ба ҳадафҳои меҳварии миллат метавонад ягона бошад, вале мумкин аст, ҷиҳати расидагӣ ба ин ҳадафу ормонҳо, андешаҳо гуногун бошанд.
Ҳамин тавр, идеалогия метавонад мафкурасоз буда, унсурҳое, ки қудратҳои зеҳниро барои муайн сохтани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо муттаҳид месозад, муайян намуда, имконияти корбурди онҳоро фароҳам месозад. Дар навбати аввал, идеалогия, бояд дарбаргирандаи манофеи тамоми ҷомеа бошад. Танҳо дар ин сурат, идеалогия метавонад ҳамоҳангии фикриро дар ҷомеа таъмин созад. Вуҷуд доштани идеалогия, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини ваҳдату ҳамбастагӣ ва танзими муносибатҳо дар ҷомеа зарур аст. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами ниҳодҳои давлатӣ ва таъмини қонунияту тартибот, нақши идеалогия муҳим арзёбӣ гардида, дар ин замина асосҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ низ таъмин мешавад. Махсусан, нақши идеалогияи миллӣ дар самти ташаккули мафкураи миллӣ муҳим буда, аз падид омадани ҳар гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа пешгирӣ менамояд ва таъсири манфии онҳоро ба афкори ҷомеа коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, нақши идеалогия дар инкишофи шуури ҷомеа созгор буда, ҷиҳати амалӣ намудани амалҳои мушаххас ва талош барои расидан ба ҳадафи муайяне миллатро муттаҳид ва моил месозад. Идеалогия шароит фароҳам меоварад, то ҷомеа аз лиҳози манфиатҳои мушаххас ба олами воқеӣ назар афканда, дар муносибат бо дигарон аз онҳо ҳимоя намояд. Аз ин рӯ, самти рушди ҷаҳонбинии ҷомеа тавассути идеалогия муайн мешавад. Яъне, идеалогия, на танҳо масири рушди миллат ва ҷомеаро муайян месозад, балки ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ хизмат менамояд. Дар баробари ин, ҳадафи аслии идеалогия ба сӯйи инкишофи шуури ҷомеа равона шудааст, зеро нақши идеалогия ҳамчун як шакли шуури ҷомеа дар ташкил ва фаъолияти ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.
Хусусияти аз ҳама муҳими идеалогия дар он мебошад, ки субъекти идоракунандаи ҷомеа ба воситаи он метавонад як қатор мушкилоти дохилӣ ва то андозае мушкилоти фаромарзиро бидуни истифодаи чораҳои махсуси ҳавасмандгардонӣ ва ё маҷбурсозӣ ҳал намояд. Таҷрибаи чунин як амали мувофиқи мақсадро метавон дар фазои сиёсии ҷаҳони Ғарб мушоҳида намуд. Онҳо бо вуҷуди дар даст доштани тамоми имкониятҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, масири амалисозии андешаҳои сиёсии худро тавассути тартиб додани идеалогия ва рушд додани он, муайян сохтаанд. Чунин раванд, дар марҳилаҳои махсуси худ бо истифода аз зарфияти иқтисодӣ ва ҳарбии онҳо сурат гирифта бошад ҳам, асоси муваффақияти онро маҳз таҳия ва мавриди амал қарор додани як идеалогияи фарогир ташкил медиҳад. Ба ҳамин хотир, идеалогия бояд дарбаргирандаи арзишҳои волои инсонӣ буда, дар навбати худ фарҳанги якдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазириро ривоҷ бидиҳад.
Нусратуллоҳи НАЗАРИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 948