иқтисод
“ДАШТИҶУМ”. БА ТАҚДИРИ МАМНУЪГОҲИ НОДИР БЕТАРАФ НАБОШЕМ!!!
Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” соли 1983 дар қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади ҳифзу нигаҳдории як қатор намудҳои ҳайвоноти вуҳуш, аз ҷумла бузи кӯҳии морхӯр, гӯсфанди кӯҳии урял, оҳуи бухороӣ, озодапаланг (бабри барфӣ), хирси маллаи тиёншонӣ ва гурӯҳи рустаниҳои нодире, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, таъсис дода шудааст.
Дар заминҳои ҳудуди мамнуъгоҳ ҷангалзори анбуҳ ва сирак вуҷуд доранд, ки ин манбаи рӯзгузаронии бузи пармашох ва олами вуҳуш мебошад. Дар ҷангалзори ин ҷо номгӯи зиёди дарахтон, амсоли писта, бодом, ангат, себу ноки кӯҳӣ, дулонаи хирсак, туғ, санҷит ва дарахтони гуногуни сояафкан ба назар мерасанд. Писта аз дарахтони паҳншудаи ин мавзеъ ба ҳисоб рафта, наздики 30 дарсади ҷангалзорро ташкил медиҳад.
Дар ин минтақа гиёҳҳои маъмули шифобахш, аз қабили гули бобуна, кокутӣ, мухолас, шираи камол, гули нарнӣ, гули хайрӣ, зира, бӯи модарон, зелол ва ба инҳо монанд рустаниҳои беназир фаровон мерӯянд. Дар баъзе қисмҳои касногузари ин мавзеъ кормандони мамнуъгоҳ чакидани шираи мумиёро мушоҳида намудаанд. Гиёҳҳои маъмули мавсимии ҳамвории ин мавзеъ, амсоли ҷамилаку бубанак, сиёҳалаф, банди ҷома, пиёзҳои кӯҳию анзур, рошаку чукрӣ, торон ва ду намуд занбӯруғ мебошанд.
Парандагони мамнуъгоҳ ҳам гуногунранг буда, кабки зирак, мурғи даштӣ, бедона, уқоб, шоҳуқоб, боз, лочин ва садҳои дигар ба инҳо монанд дар ин ҷо маскан доранд.
Ҳарчанд аз ҷониби мақомоти масъул хоса чанд соли охир барои ба талаботи муосир мувофиқ намудани шароити мамнӯъгоҳ корҳои чашмрасе анҷом гирифта бошанд ҳам, шикори ғайриқонунии бузи морхӯр, ҷамъоварии шираи камол дар заминҳои мамнуъгоҳ аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Мубориза алайҳи ин вайронкорон, ки аксаран шаҳрвандони хориҷӣ ва силоҳбадастанд, вазифаи ҷонии мақомоти дахлдор, аз ҷумла марзбонон мебошад. Аз ин рӯ, бояд ба тақдири мамнуъгоҳ ҷиҳати ҳифзи олами рангоранги набототу ҳайвоноти он бетараф набошем. Ин макони марғуби тамошобоб метавонад манбаи бузурги ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва даромади хуби иқтисодӣ барои кишвар бошад.
Дилшод ҚИЛИЧЕВ,
корманди илмии мамнуъгоҳи табиии “Даштиҷум”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 921