иҷтимоиёт
«ФИЛМНОМАҲОИ ШЕРАКИ ОРИЁН»
Ҳафтае пеш ҷилди аввали «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба табъ расид ва ду ҷилди навбатӣ дар дасти чоп буда, 1600 саҳифа зиёда аз сӣ филмномаро дар бар мегирад, ки барои ҳаводорони кино, хонандагони асарҳои пурмоҷаро ва ҳам дӯстдорони эҷодиёти муаллифи китобҳо туҳфаи бебаҳоест. Сабаби ба нашр расондани филмномаҳоро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» адиби мумтоз чунин зикр намуд:
- Дар кишварҳои мутараққии имрӯза 48 дарсади китобҳои мағозаҳоро асарҳои чопшуда дар бораи синамо фарогиранд ва 42 фоизи он китоб - филмномаҳо мебошанд. Насли нави китобхони дунёи муосир ба филмномаҳо аз он ҷиҳат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, ки мундариҷаи онҳо фишурдаанд, амалиёти қаҳрамонҳояшон рӯшан, на танҳо образҳои марказӣ, балки персонажҳо низ ҳамеша дар ҳаракату мушкилнописанду дар талошанд, чи хеле ки ҷаҳони имрӯз ҳамин тур ашхосро талаб дорад. Хонандаи тоҷик низ ба мутолиаи киноповестҳо шавқи беандоза дорад. Аз ин рӯ, пешниҳоди китоби нав, албатта, боиси мамнунии ҳаводорони олами синамо ва дӯстдорони асарҳои пурмоҷаро мегардад.
Воқеан, дар Тоҷикистон китоби драмаҳои театрии устодони арҷманд Сотим Улуғзода, Файзулло Ансорӣ ва Ато Ҳамдам ва драматургони дигари мо ба табъ расидааст. Вале дар муддати 90 соли арзи ҳастӣ кардани синамои ватанӣ филмномаҳои муаллифи алоҳидаи тоҷик дар шакли китоб ба ҳам наомадаанд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кунун чунин кори бузурги фарҳангӣ анҷом пазируфт. Китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба табъ расид, ки ҷилди нахуст 12 филмномаро фарогир аст.
Адиби шинохта Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), барандаи ҳафт ҷоизаи байналмилалӣ, узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои соҳили Балтик буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Филмҳои вай «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра дар байни тамошогарони мамлакатҳои гуногун маъруфу машҳуранд. Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» баъди ба экранҳо баромадан, аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардид ва он дар Кинофестивали Рига ва Кинофестивали халқии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соҳиби ҷоиза шуд. «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивали АвруОсиё, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид. Филми «Афсонаи зиндагӣ» дар кинофестивали байналмилалии Шветсария («Vertikal») аз миёни 47 кишвари ҷаҳон ҷоиза гирифт, ҳамчунин, дар кинофестивали 13-уми кишварҳои ИДМ-у Балтик ва кинофестивали АвруОсиё ба таваҷҷуҳи мухлисону киношиносон муваффақ гардид. Дар натиҷа кинофестивали байналмилалии «Золотой Феникс» ба номинаи «Панҷ филми беҳтарини ҷаҳон дар як сол» «Афсонаи зиндагӣ»-ро интихоб намуда, ба намоиши сартосарӣ гузошт. Филми «Ҳолат» дар кинофестивалҳои гуногун соҳиби се ҷоиза гардид, ки боиси шуҳрати киносозони Тоҷикистон ва Ватани соҳибистиқлоли мо мебошад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 648