иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Инсонҳое ҳастанд, ки ҳанӯз дар вохӯрии аввал бо онҳо зуд унс гирифта, аз суҳбату муомилаи хуши эшон ҳаловат бурда, ғизои маънавӣ мегирему ба корҳои анҷомдодаш аҳсант мегӯем. Ҳини муошират бо Ғайратшо Давлатшоев, ӯро ҳамин гунае дарёфтем, ки сифаташро ёдрас намудем.
Ғ. Давлатшоев соли 1943 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шуда, соли 1965 Техникуми омори шаҳри Ваҳдатро бо тахассуси иқтисодчӣ хатм намуда, ба хизмати аскарӣ рафт. Баъди бозгашт ӯро дар зодгоҳаш ба сифати иқтисодчӣ ба кор гирифтанд. Дар ҳамон айём се хоҷагии хурд – Сичароғ, ба номи Н. Крупская ва «Москва»-ро муттаҳид карда, колхозро ба номи Н. Крупская гузоштанд. Ғ. Давлатшоев бо пешниҳоди раиси хоҷагии номбурда сариқтисодчӣ таъин гашт. Шаш сол ин вазифаро пеш бурд, хоҷагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Соли 1970 оиладор шуд ва ба шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) кӯч баст. Мудири анбори чӯбу тахтаи «Ҷангалтаъминот» - и ҷумҳуриявӣ таъин шуда, то соли 1978 фаъолият бурд, минбаъд то соли 1986 ҳамчун муовини директори корхонаи орд фаъолияташро идома бахшид. Ҳамон вақт дар як шабонарӯз истеҳсоли ордро ба 500 тонна ва ғизои чорворо ба 400 тонна расонданд. Барои боз ҳам равнақ додан ва пешрафти кор бо корхонаҳои технологии шаҳрҳои Иркутск ва Красноярск, Самараи ФР ва Ҷумҳурии Украина шартнома баста, мошинолоти заруриро ба корхона ворид кард.
Боре бо раиси Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии зидди сӯхтори Тоҷикистон Ҳасан Усмонович Валиев вохӯрду номбурда ӯро раиси Ташкилоти ҷамъиятии зидди сӯхтори шаҳри Ваҳдат таъин намуд. Ҳадафи ташкилоти мазкур гузарондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар муассисаҳо ва корхонаҳо доир ба риоя намудани қоидаҳои зидди сӯхтор, қонеъ гардондани эҳтиёҷоти корхонаю ташкилотҳои гуногуни шаҳр бо лавозимоти ибтидоии сӯхторхомӯшкунӣ ба шумор мерафт. Ғ. Давлатшоев то ҳол роҳбарии ҳамин ташкилотро ба уҳда дорад. Дар ин корхона 53 нафар ба мардум хизмат мерасонад. Бо оташхомӯшкунакҳо аҳолиро таъмин карда, барои пешгирии сӯхтор ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар таъмири асбобҳои зидди сӯхтор саҳм гирифта, бухориҳои манзилҳои мардуми аҳолӣ ва корхонаҳои шахсию ҷамъиятиро бо маҳлулҳои ба оташ тобовар таъмин мекунанд.
Ғ. Давлатшоев ташаббускору ободкор аст. Муддати бист сол ҳамчун роҳбари маҳалла дар сохтани чойхона барои фароғати мардум дар кӯчаи ба номи Насим Ҳасанов, дар таъмири роҳҳои байни деҳаҳо низ саҳм гирифтааст. Барои меҳнати софдилона борҳо бо ифтихорномаву сипоснома, мукофотҳои моддӣ қадр гардидааст. Оре, чунин шахсон ҳамеша фахри ҷомеаанд ва месазад, ки ба заҳмати ҳалоли онҳо офарин хонд. Рӯзгори онҳо, воқеан ҳам, барои мо намунаи ибрат аст.
Исмоил БОБИЕВ,
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2022 №: 134 Мутолиа карданд: 727