logo

иҷтимоиёт

«ЗАБОНИ ИЛМИИ ТОҶИКӢ»

 
Таълиф ва нашри китоби мазкур дар илми тоҷик, воқеан, рухдоди нек ба шумор меравад. Барқарорӣ ё худ эҳёи ин забон, яъне забони илмии миллӣ, аз масъалаҳоест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин сол ин ҷониб пайваста таъкид медоранд. Пойдорӣ ва густурдагии забон дар сурате даст медиҳад, ки забони илмӣ ва мавқеи хосро дар миёни дигар забонҳо  дошта бошад. 
Бо ин забон гузаштагони пуршарафамон дар асрҳои гуногун асарҳои илмӣ таълиф карданд ва қудрату имкониятҳои зиёди онро собит сохтанд. Аммо дар солҳои охир, махсусан, садаи XX  ва оғози асри XXI бо сабабҳои маълум аз ташаккул монд. Агарчи дар ин давра Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» ва Мирзосироҷи Ҳаким дар «Туҳафи аҳли Бухоро» ва дигар маорифпарварони тоҷик бо пазируфтани калимаву истилоҳоти русиву аврупоӣ дар шакли тарҷумаи онҳо тавваҷуҳ доштанд, наметавон чунин қазоват кард, ки забони илмии тоҷикӣ ба маънии пуррааш рӯ ба такомул оварда буд. Баъзе аз ин тарҷумаҳо имрӯз ба шакли аввалааш истифода намегарданд. Ба ин гуфта аробаи оташӣ – поезд, киштии оташӣ – пароход, ҷаъбаи садо – грамафон, обдузд- насос, базмхона – баловый зал, тамошохона- театр, мошини суудкунанда – лифт ва ғайра мисоли равшан шуда метавонанд.
Муаллифи асар Пирмаҳмад Нуров, доктори илмҳои филологӣ,  барҳақ ёдовар мешавад, ки дар давлатҳои Аврупо адабиёти илмии тарҷумашуда ба миқдори зиёд ба табъ мерасиданд ва дастраси аксари мардум мегардиданд. Ба ин васила тафаккури илмию техникии ҷомеа ба боло мерафт. Муаллиф зимни баёни сабабҳои такомули забони илмӣ дар ин мамолик ба чунин хулоса меояд: «Ин дар навбати худ ба рушди илм, хусусан илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва дар ин замина, ба ташаккули забони илмии миллӣ дар ин соҳаҳои илм мусоидат менамуд... Дар оянда ҳар кашфиёту ихтирооти наве, ки аз тарафи олимони ин ё он давлат дар соҳаи илм ва техника ба вуҷуд меомад, бо забони миллии ин давлатҳо номгузорӣ мешуд».
Муҳаққиқ яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илми тоҷикӣ ва ташаккули минбаъдаи онро дар тарҷумаи асарҳои илмӣ меҳисобад. Албатта, бояд тарҷума дар ин маврид дурусту дақиқу олӣ бошад вагарна на ҳамаи тарҷумаи истилоҳҳои илмӣ ҷойгузини асл шуда метавонанд. Чунин дарбарҳамӣ дар солҳои аввали истиқлол аз ҷониби тарҷумонҳо, хусусан забоншиносону олимони соҳаҳои илми дақиқу табиатшиносӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ бисёр ривоҷ ёфта буд. Вақт чун довари якрӯй ҳақиқатро бозгӯ кард ва на ҳамаи тарҷумаҳоро пазируфтанд, яъне аксари онҳо пойдор намонданд.
Асари мазкур иборат аз пешгуфтор, бобҳои «Таърихи ташаккули забони илмии тоҷикӣ», «Хусусиятҳои умумӣ, услубӣ ва луғавии забони муосири илмии тоҷикӣ», «Хусусиятҳои истилоҳотии забони илмии тоҷикӣ», «Қоидаҳои сохтани истилоҳоти илмию техникӣ дар забони илмии тоҷикӣ» ва хулоса мебошад.
Ҳамин тавр, он метавонад дар ин маврид чун як барномаи амал мавриди истифода  қарор бигирад ва дар такомули  забони илмии миллӣ таъсири нек бигузорад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2022    №: 134    Мутолиа карданд: 649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед