logo

иҷтимоиёт

«ШАРАФНОМАИ БАЛҶУВОН ВА САРИХОСОР»

 
Аксари матолиби китоб ба қалами Мухтор Мирзо, ки чандин сол дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он замон «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ») фаъолияти пурсамар дошт, нигошта шудааст. Муаллиф дар хусуси «Балҷувон ё Балхвон» чунин маълумотро ба хонанда мерасонад: «Балҷувон, воқеан, ноҳияи таърихист. 
Зеро, таърихи собиқ вилояти Кӯлоб ва бахше аз Тоҷикистони азиз аст. Чунки Балҷувон ё Балхвон таърихи 4-5- ҳазорсола дорад. Балхвон ба маънии посдорони Балх – оташи муқаддас аст. Оташи муқаддаси зардуштӣ. Тавре маълум аст, дар Балхи Афғонистони имрӯза ҳамеша (ин оташ – А.Р.) фурӯзон буд. Вале, агар ин оташ бар асари кадом стихияе мабод хомӯш мегардид, алангаи онро дубора маҳз аз Балхвон – Балҷувони имрӯза меоварданд...
Миссияи Балҷувони Тоҷикистон низ дар қарнҳои қадим ана ҳамин буд. Далели ин гуфта ин ҳам ҳаст, ки имрӯз низ ин ноҳия газу нафт дорад ва дар чанд мавзеаш оташи ҷовидона – алангаи газ шабонарӯз фурӯзон аст. Пас, маълум мегардад, ки ин алангаҳо дар он даврон низ будаанд ва оташи муқаддас ҳаргиз хомӯш намешуду мардуми ин ноҳия нигаҳбон, посбон, боникунандаи Балх- Оташ будаанд...»
Муаллиф бо ин маълумоти  оварда иктифо намекунад ва аз номи дигар муаллиф онро ба шакли «Балҷувон, бале, ҷавон» пешкаши хонандагон мегардонад. Маълумоти додаи дигар муҳаққиқон ва муаррифонро ба инобат мегирад: «Балҷувон бо мардони номию шарафмандаш ҳаргиз фаромӯш намешавад. Аз ҷумла, он исёнгарон ва шарафпосдорони имрӯзааш. Ин аст, ки ба ақидаи маъруф, номи ноҳия  гӯё аббревиатураи «Балҷувон» (дар ҳақиқат, дар шеваи гуфтори мардуми кӯҳистон калимаи адабии «ҷавон – ҷувон» талаффуз мешавад, ки ба ҳақиқат мувофиқ аст ва диловарии мардонашро саногӯ».
Дар боби дуюми китоб таърихи мухтасари Балҷувон ва Сарихосорро бозгӯ мекунад.
Тибқи маълумоти овардаи муаллиф Балҷувон бо ҳудудҳояш тобеи шоҳони Кӯлоб буд ва соли 1870 ба бекигарии алоҳида ҷудо шуд. Ба ҳайати он солҳои 1856 – 1870 ҳудудҳои навоҳии кунунии Данғара, Совет (Темурмалики ҳозира) як қисмати Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сарихосор, деҳаҳои Ҷорӯбқул ва Тутқавул дохил мешуд.
Аз рӯи маълумоти сайёҳи рус Пакатило соли 1886 дар 15 амлокдории он 20 ҳазор хоҷагӣ (оила) мавҷуд ва иборат аз 60 ҳазор аҳолӣ буд. Дар ибтидои асри  XIX чун давлати алоҳида танга сикка мезад. Ҳамчунин, муаллиф аз шӯришҳои машҳури дар ин сарзамин рухдода, аз қабили шӯришҳои Мулло Хол ва Шӯриши Восеъ ёдовар мешавад.
Дар хусуси нишоне мондан аз бобои Назир иброз медорад, ки чароғе ба модараш ёдгорӣ гузошта буд. Баъдҳо ду марди руси дигар омада, ба дарахтони аз бобои Назир монда рақам гузоштаанд ва онҳоро аз супурдани ҳама гуна андоз озод кардаанд.
Дар ин мавзеъ Ҳукумати Шуравӣ 20 марти соли 1921 таъсис ёфтааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 260 деҳаи аҳолинишини ноҳия 7696 нафар ба ҳимояи Ватан сафарбар шудаанд, ки аксарашон аз набардгоҳ дигар барнагаштаанд.
Ҳамин тавр, ин китоб, ки аз тариқи нашрияи «Шарқи озод» зери назари муҳаррирон Умари Шерхон ва Самариддин Асозода ба табъ расидааст, туҳфаи арзишмандест ба муҳаққиқон, мутахассисон ва хонандагони асил.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2022    №: 134    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед