Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Lenta.ru. Натиҷаи музокироти чаҳорҷонибаи намояндагони Россия, Украина, Туркия ва СММ тасмим дар бораи таъсиси Маркази ҳамоҳангсоз барои назорати содироти ғаллаи Украина буд. Дар ин бора агентии «Anadolu» бо такя ба изҳороти Вазорати мудофиаи Туркия хабар додааст.
RT. Вазири корҳои хориҷӣ ва равобити иқтисоди хориҷии Маҷористон Петер Сийярто изҳор дошт, ки кишвараш аз ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Россия пуштибонӣ нахоҳад кард, агар бастаҳои нави таҳримӣ маҳдудиятҳои «Газпром» ё «Газпромбонк»-ро дар бар гиранд.
CentralAsia (TM). Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Роҳбари Ӯзбекистон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов рӯзҳои 14-15 июл бо даъвати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба ин кишвар меояд.
Lenta.ru. Мубодилоти мол миёни Россия ва Чин дар нимаи аввали сол 27,2 дарсад афзоиш ёфта, 80 миллиарду 675 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5485