Хабарҳо
Ӯзбекистон ва Туркманистон созишнома ба имзо расонданд
CentralAsia (UZ). Ӯзбекистон ва Туркманистон дар нахустин ҳамоиши байниминтақавӣ дар Бухоро ба маблағи 451 миллион доллари ИМА созишномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба имзо расоданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои Вазорат, ин форум дар остонаи сафари Сердар Бердимуҳаммадов, Роҳбари Ҷумҳурии Туркманистон ба Ӯзбекистон, ки 14-15 июл баргузор мешавад, доир гашт. Дар ин ҳамоиш муовини Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва муовини Сарвазири Туркманистон Ботир Атдаев ширкат доштанд. Дар ҳамоиш афзоиши муътадили гардиши мол миёни ду кишвар таъкид шуда, ҷонибҳо азми худро ҷиҳати дар ояндаи наздик ба 2 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти мол тасдиқ карданд.
Ҳавасмандии Арабистони Саудӣ, Туркия ва Миср барои пайвастан ба БРИКС
Известия. Арабис-тони Саудӣ, Туркия ва Миср ният доранд ба БРИКС шомил шаванд. Дар ин бора ба «Известия» президенти Форуми байналмилалии БРИКС Пурнима Ананд хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки дар саммити навбатии иттиҳод, ки соли 2023 дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, баррасӣ ва тасмими эҳтимолӣ дар бораи баъзе давлатҳоро метавон қабул кард. Масъалаи қабули кишварҳои нав ба узвияти БРИКС -ро Чин, Россия ва Ҳиндустон дар нишасти 14-уми сарварони иттиҳод, ки аз 23 то 24 июн дар формати виртуалӣ дар Пекин баргузор шуд, баррасӣ намуданд.
“Ҳамаи ин кишварҳо барои пайвастан ҳавасмандии худро нишон доданд ва барои дарёфти узвият омодагӣ мебинанд. Ман фикр мекунам, ки ин як қадами хуб аст, зеро тавсеа ҳамеша мусбат қабул мешавад, он ба таври возеҳ нуфузи БРИКС - ро дар саросари ҷаҳон меафзояд", - гуфт Ананд.
Шаш номзад ба даври дуюми интихоботи Сарвазири Британияи Кабир роҳ ёфт
Известия. Вазири пешини молия Риши Сунак ва муовини вазири тиҷорати байнал-милалӣ Пенни Мордонт барои гузаштан ба даври дуюми интихоботи роҳбари Ҳизби консервативии Британияи Кабир, ки Сарвазири ин кишвар мешавад, пуштибонии кофӣ дарёфтанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Sky News» хабар дод.
Ҳамин тариқ, Сунакро на кам аз 50 узви ҳизб ва Мордонтро ҳадди ақал 30 нафар дастгирӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки барои гузаштан ба даври дуюм номзадҳо бояд на камтар аз 30 овоз ба даст оранд. Дар маҷмуъ, шаш номзад ба даври дуюми интихоботи Сарвазири Британияи Кабир роҳ ёфт.
Даъвати СҶТ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон
Известия. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба реҷаи ниқобпӯшӣ баргарданд. Дар ин бора роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Теодор Адханом Гебрейесус изҳор дошт.
«Ман нигаронам, ки шумораи ҳодисаҳои COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст ва ин ба системаҳои тандурустӣ ва кормандони соҳаи тиб фишори иловагӣ меорад», - овардааст суханони ӯро шабакаи телевизионии «SkyNews». Ба гуфтаи ӯ, дар дарки хатари паҳншавии коронавирус байни ҷомеаи илмӣ, пешвоёни сиёсӣ ва ҷомеа фосилаи ҷиддӣ вуҷуд дорад.
«Мавҷҳои нави бемориҳо нишон медиҳанд, ки COVID-19 ҳанӯз ба охир нарасидааст. Кишварҳо дар муқоиса бо оғози пандемия дар ҳолати хеле беҳтар қарор доранд», - гуфт роҳбари СҶТ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4892