logo

Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ

АРЗИШИ НУРИИ МИНЕРАЛӢ БОЛО РАФТ. ЧАРО?
 
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, ба суоли хабарнигори рӯзнома дар хусуси бо нархи баланд ворид шудани нурии минералӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ посух дод, ки сабаби асосии қиматшавии нархи ин маводи барои соҳаи кишоварзӣ муҳим боло рафтани арзиши он дар худи давлатҳои истеҳсолкунанда аст. 
- Дар ин давра агарчи ҳаҷми воридоти нурии минералӣ назар ба шашмоҳаи соли гузашта наздики 39 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, маблағи он 6 миллион доллар ё 21 дарсад зиёд аст. Дар маҷмуъ,  ба кишвар зиёда аз 104 ҳазор тонна нурии минералӣ бештар аз Ӯзбекистон, Россия, Туркманистон ва Афғонистон оварда шудааст, - гуфт номбурда.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 2 миллиарду 322 миллион долларро воридот ва 1 миллиарду 389,7 миллион долларро содирот ташкил медиҳад.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ 
50 ҲАЗОР ЛАМПАИ СИМОБДОР БЕЗАРАР ГАРДОНДА ШУД
 
Дар шаш моҳи сипаришуда дар мамлакат беш аз 50 ҳазор дона лампаҳои каммасрафи симобдор коркард ва безарар гардонда шуд. Ин кор аз ҷониби ҶСК «Чароғ»-и шаҳри Исфара баъди бо таҷҳизот ва мутахассисони ботаҷриба таъмин кардан, роҳандозӣ гардид. 
Дар ин бора Зарафо Қиёмзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оқилона истифода бурдани неруи барқ ва дар баробари ин, таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ як муддат истифодаи чунин лампаҳоро ба роҳ монда буд. Ҳоло тибқи қарори Ҳукумат воридот, истеҳсол ва фурӯши лампаҳои каммасрафи симобдор дар ҳудуди кишвар манъ шуда, дар корхонаю коргоҳҳои саноатӣ коркард ва безараргардонии онҳо идома дорад. Барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва безараргардонии лампаҳои симобдор қариб 2 ҳазор нуқтаи қабули лампаҳои аз истифода баромада ташкил шуда, ба ин восита наздики 2 миллион лампа ҷамъоварӣ гардид. 
Дар ҷумҳурӣ корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои деодӣ бо иқтидори умумии 12 миллион лампа ба истифода дода шудааст, ки марҳила ба марҳила сокинони кишвар бо лампаҳои деодӣ таъмин мешаванд. Яъне, гузариш аз лампаҳои каммасраф ба лампаҳои деодӣ дар кӯтоҳтарин фурсат сурат мегирад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
БОЛОРАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТ
 
САБАБ МАҲДУДИЯТ ҶОРӢ КАРДАНИ БАЪЗЕ  ДАВЛАТҲО БАРОИ СОДИРОТ
 
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои мамлакат он аст, ки бисёре аз давлатҳо барои содироти маҳсулоти худ маҳдудият ҷорӣ намудаанд. Инчунин, дар баъзе кишварҳои воридкунандаи маҳсулот болоравии нарх ба назар мерасад.  
Ба гуфтаи ӯ, таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо ба ҳолати имрӯза нишон медиҳанд, ки нархи гандуми аз Ҷумҳурии Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандагони калидии маҳсулоти орд ва гандум ба ҷумҳурӣ аст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245 – 250 то 380 – 405 доллар афзудааст. Соли равон бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 55 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад ва аз ҷониби онҳо ба ҷумҳурӣ 374,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,3 миллион доллар бо нархи миёнаи 319 доллар барои як тонна ворид шуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 227,5 ҳазор тонна орд истеҳсол гардид.
Таъкид гардид, ки мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ нишон дод, ки аз охирҳои моҳи майи соли равон коҳишёбии нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба мушоҳида расид. Вале, сӯзишвории дизелӣ аз оғози моҳи июли соли равон тамоюли болоравӣ касб намуд. 
- Мувофиқи маълумот моҳҳои январ – июни соли равон ба ҷумҳурӣ 352,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 283,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 804 доллар ворид гардид, ки нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ – июни соли сипаришуда 247 доллар ё 44,3 дарсад баланд аст.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 
 
 
 
1 МИЛЛИАРДУ 660 МИЛЛИОН СОМОНӢ  ДАРОМАД АЗ СОҲАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
 
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали сардори Хадамоти алоқа, изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,2 миллион нафарро дар бар гирифтааст. Барои беҳтар кардани сифати Интернет суръати воридшавии он ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар шуд, ки ин нишондод соли 2021 –ум 70 Гбит/сонияро ташкил мекард.
Ба таъкиди ӯ, барои рушди Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот, пеш аз ҳама, муштариён бо хатти алоҳидаи “ADSL-технология” пайваст шуда, барои бо хатти нахи нурӣ таъмин шудани муштариён дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҷҳизот ва коммутаторҳо гузошта шуданд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани сифати Интернет дар шаҳру ноҳияҳо таҷҳизот ва коммутаторҳои Swich D-link, DES, lES, ALС ва ААМ роҳандозӣ гардиданд. Бар замми ин, бештари шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Норак, Хоруғ, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Турсунзода бо хатти нурӣ пайваст шуданд. Ин аст, ки  ҳаҷми умумии даромади хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» 82540,7 ҳазор сомонӣ баробар шуда, иҷрои нақша ба 100,4 дарсад рост меояд.
Даромади умумии корхонаҳои зертобеи соҳаи алоқаи барқӣ, дар маҷмуъ, ба 1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомонӣ расид. 
 
Оҳистамоҳ ГУЛБЕРДИЕВА, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ДДТ 
БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТАНД
 
Соли равон се барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва «Кори табобатӣ» барои донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, сертификати мутобиқат гирифтанд. 
Ин нуктаро Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд. Ҳамчунин, зикр кард, ки сол ба сол шумора ва географияи муҳассилини хориҷӣ дар Донишгоҳ афзоиш ёфта, солҳои таҳсили 2021 – 2022-ум 1977 донишҷӯ аз 20 кишвари олам ба таҳсил фаро гирифта шуд. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ
2022 – СОЛИ МУҶАҲҲАЗГАРДОНИИ  ОЗМОИШГОҲҲОИ КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ 
- Солҳои таҳсили 2021-2022 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро 1980 донишҷӯи зинаи бакалавр, 154  магистратура ва 141 маълумоти дуюми олии касбӣ хатм намуданд, ки аз ин теъдод 93 донишҷӯ ва магистр соҳиби дипломи аъло гардиданд, - гуфт Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳ, дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон.
Ректор зикр кард, ки дар Донишгоҳ 108 озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ – истеҳсолӣ, зиёда аз 3000 воситаҳои техникӣ барои аз худ намудани илмҳои табиӣ ва дақиқ мавриди истифода қарор доранд. Соли 2022 дар Донишгоҳ – Соли муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассус эълон шудааст. 
 
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5363
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед