logo

иқтисод

БУҲРОНИ ГАЗ. БА МАСЪАЛАИ МУШКИЛЗО МУБАДДАЛ МЕГАРДАД

«Иттиҳоди Аврупо бо буҳрони шадиди  газ рӯ ба рӯ буда, нархи баланди он метавонад тақрибан ду соли дигар идома ёбад»,- иброз доштааст мухбири агентии «Bloomberg» Ҳавйер Блас. Ба андешаи ӯ ҳоло арзиши газ дар Аврупо нисбат ба моҳи март поинтар мебошад, аммо бозор ба буҳрони шадидтар гирифтор аст. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳадс мезананд, ки таъсири буҳрон зимистони солҳои 2022 – 2023 зиёд шуда, эҳтимол то соли 2024 давом ёбад.
Ҳавйер Блас зикр мекунад, ки давоми ду ҳафтаи оянда Аврупо бо озмоишҳои ҷиддӣ бархӯрд хоҳад кард, дар ҳоле ки лӯлаи магистралии гази шимолӣ (MGP) «Маҷрои Шимолӣ» аз таъмири ҷории нақшавӣ бароварда мешавад. Олмон аз он нигаронӣ мекунад, ки Россия тасмим дорад 21 июли соли равон баъд аз таъмир интиқоли газро пурра қатъ намояд. Аммо ба эҳтимоли зиёд интиқоли гази Россия ба Аврупо идома меёбад, вале дар ҳаҷми камтар. Ба гуфтаи коршинос, бо интиқоли газ Россия мехоҳад нуфузи худро нигоҳ дорад.  
11 июли соли равон нархи 1000 мукааб газ ба 1767 доллари ИМА баробар шуд. Ин қимат барои давраи тобистон дар Аврупо бесобиқа аст. Тули як моҳ нархи газ дар Аврупо ду баробар афзуд, болоравии шадид аз 13 июн оғоз шуд. 
 
ОЛМОН ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ? 
Ба далели коҳиши интиқоли газ тариқи “Маҷрои Шимолӣ”, Олмон аллакай, танқисӣ мекашад. Аз ин рӯ, истеъмолкунандагон маҷбур мешаванд истифодаи газро кам намоянд. Дар ин бора муовини Канслери Олмон, вазири корҳои иқтисод ва ҳифзи иқлим Роберт Ҳабек изҳорот додааст. Ба таъкиди ӯ, аҳолӣ бояд истифодаи газро дар фасли тобистону зимистон коҳиш диҳад. Ӯ ба амал омадани чунин ҳолатро ба вазъи Украина рабт медиҳад. 
Зимнан, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, гуфта буд, ки, ҳатто, қисман даст кашидан аз манбаъҳои энергетикии Россия, буҳрони энергетикиро дар Аврупо ба миён овард. Таъсири он дар ИМА низ ба назар расида, афзоиши бесобиқаи нарх ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи ӯ, Россия истифодаи нафту ангишт ва гази худро дар дохили кишвар, аз ҷумла дар бахши саноат, афзоиш дода, интиқоли онро ба кишварҳои дигар вусъат медиҳад.
 
АНДЕШАИ РОБ ҶЕТТЕН  ОИД БА БУҲРОНИ ГАЗ ДАР ИТТИҲОДИ АВРУПО  
Ба андешаи вазири иқлим ва энергетикаи Нидерландия Роб Ҷеттен, буҳрони газ дар як кишвари узви ИА метавонад ба тамоми Иттиҳоди Аврупо таъсир расонад.
«Агар кишварҳои узв то якуми ноябр анборҳои гази худро пур карда тавонанд, хуб аст. Вале дар ҳолати ба 80 дарсад расонда натавонистани захира, бахусус мамлакатҳои бузург ба мисли Олмон, барои тамоми Аврупо таъсири манфӣ мегузорад»,-изҳор доштааст сиёсатмадор. Яъне, агар Олмон ба буҳрони газ рӯ ба рӯ гардад, пас таъсири он ба ҳамаи кишварҳои ИА мерасад.
Ҷеттен, ҳамчунин, афзуд, ки дар марҳилаи сеюми фавқулодаи норасоии газ дар кишварҳои шимолу ғарбии Аврупо, Ҳукумати Нидерландия метавонад истихроҷи газро дар кони "Гронинген" афзоиш диҳад. Вале Нидерландия ният дорад, истихроҷи газро дар ин кон то соли 2024 бо далели ифлосшавии муҳити зист, комилан қатъ намояд.
27 июн Шурои Иттиҳоди Аврупо дар мавриди то мавсими зимистони соли 2022 ҳадди ақал 80 дарсад пур кардани анборҳои газ қатънома қабул кард ва кишварҳоро муваззаф сохт, ки мубодилаи газро ба роҳ монанд. 
Ба андешаи инҷониб, ҳолати кунуниро тасмими гирифтаи ширкати "Газпром"-и Россия ба миён овард. Рӯзҳои 14 ва 15 июн "Газпром" эълон карда буд, ки интиқоли газ тариқи ду агрегат ва баъдан як агрегати дигари газкашӣ, ки ба «Маҷрои Шимолӣ» хидмат мерасонд, қатъ шудааст. Ин ба он хотир аст, ки ширкати олмонии "Siemens" бинобар таҳримҳо алайҳи Федератсияи Россия, наметавонад турбинаҳои дар Канада барои нигоҳдорӣ қарордоштаро баргардонад.
Баъдан маълум гардид, ки интиқоли газ ба Олмон тавассути «Маҷрои Шимолӣ» то 40 дарсад коҳиш ёфтааст.
 
ИА ВОРИДОТИ ГАЗРО АЗ НОРВЕГИЯ АФЗОИШ МЕДИҲАД
Иттиҳодияи Аврупо ва Норвегия дар пасманзари коҳиши интиқоли гази Россия, ба мувофиқа расиданд, ки тиҷорати газро афзоиш диҳанд. Ин нукта дар изҳороти Комиссияи Аврупо дар пайи мулоқоти ноиби раиси иҷроияи ИА Франс Тиммерманс ва комиссари энергетикӣ Кадри Симсон бо вазири нафт ва энергетикаи Норвегия Тере Аасланд омадааст. Бар асоси ин баёния, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Норвегияро дар бахши энергетика боз ҳам тақвият бахшанд. 
Зимнан,  Норвегия  бузургтарин  тавлидкунандаи  нафту газ дар Аврупо ба ҳисоб меравад ва тақрибан чоряки гази Иттиҳоди Аврупоро итеҳсол менамояд. 
 
РОҲҲОИ РАҲОӢ АЗ БУҲРОН
Коршиноси пешбари Хазинаи миллии амнияти энергетикӣ ва Донишгоҳи молии назди Ҳукумати Россия Станислав Митрахович, дар як мусоҳиба бо "Известия" дар бораи ду роҳи рафъи буҳрони газ дар Аврупо ибрози андеша намуд: 
- Дар ҳақиқат, буҳрон вуҷуд дорад. Газ намерасад. Корхонаҳое, ки ба неруи барқ ниёз доранд, аз кор мемонанд. Дар баробари газ, буҳрони барқ низ ҳаст. Чӣ тавр аз ин вазъият баромадан мумкин аст? Аввал, Олмон метавонад бо Канада муколама кунад, то таҳримҳоро аз турбинаҳои «Siemens» лағв намояд. Сипас, "Маҷрои Шимолӣ" пас аз таъмир бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд», - гуфт ӯ.
Ба андешаи коршинос, дуюм, бояд истифодаи газ дар Аврупо боз ҳам кам карда шавад. Аммо дар ин сурат, бояд масъалаҳои зерин ҳалли худро ёбанд: бо он одамоне, ки бинобар баста шудани корхонаҳои саноатӣ аз кор маҳрум мешаванд ва бо он ширкатҳое, ки дар як занҷираи технологӣ фаъолият доранд, чӣ бояд кард?  Инчунин, кишварҳои Аврупоро зарур аст меъёри истифодаро ҷорӣ кунанд. 
Қаблан мушовири сиёсати хориҷии Канслери Олмон Йенс Плотнер гуфта буд, ки саркашии шадиди Олмон аз гази Россия, боиси таназзули шадиди иқдисодиёт дар ин кишвар ва, ҳамчунин, саросари Аврупо мегардад.
 
Комрон САФАР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2022    №: 135    Мутолиа карданд: 951
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед