logo

иҷтимоиёт

ЗАНГИ ОХИРИ АЛОВУДДИН

Шӯхиҳои Аловуддинро ба воситаи телевизион бо завқ тамошо мекардаму ҳеҷ  гумон надоштам, ки рӯзе бо ин ҳаҷвнигори барҷаста рӯ ба рӯ мешавам. Сабабгори нахустшиносоӣ ва, баъдан, ба дӯстии қавӣ гузаштани муносибатҳои мо бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода бародараш Музаффар Абдуллозода гардид. Бо Музаффар аз соли 2003 шиносоӣ дорем. Ҳамон сол ӯро аз вазифаи прокурори ҳарбии гарнизони Хатлон раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) таъин намуданд. Соли 2014 Музаффар ба ҳайси раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба марказ омад. Ӯ рӯзе занг зада хоҳиш намуд, ки ба ҳузураш равам. Чун ба наздаш ҳозир шудам, дарҳол ба сари мақсад омад.
 
- Бародарам Аловуддин дар бораи падари бузургворам Ҷаъфар Абдуллозода китобе омода намудааст. Мехостам, ки шумо онро хонда таҳрир намоед.
- Аловуддин бародаратон мешавад? - савол додам.
- Бале, - тасдиқ кард роҳбари идора ва илова намуд. - Мо 6 нафар бародаронем…
Китобро хонда таҳрир кардам ва ду - се боби дигар илова намуда, аз иҷрои вазифа ба Музаффар ҳисобот додам.
- Додарам Аловуддин дар назди бинои Вазорати фарҳанг шуморо интизор аст, - гуфт раиси суд ва хоҳиш намуд, ки флешкаро ба муаллиф супорам.
Аловуддинро дар дохили нақлиёти шахсиаш дида, худро шиносонда, флешкаро ба дасташ додам. Бо чеҳраи кушод ва лаби пурханда ба нишастан таклиф намуд.
- Ҳамроҳ каме дар пойтахт сайругашт менамоем, ин тавр аз наздик шинос мешавем. Ба фикрам шумо адиб ҳастед ва хоҳиш мекунам, ки барои ман ҳаҷвияе нависед, то ки, ба ин васила, ба воситаи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин» шуморо тарғибу ташвиқ намоям.
- Бо ҷону дил, - гӯё мо кайҳо шиноси қадрдон будем, ки суҳбатамон гарму хотирмон сурат гирифт. - Ҳаҷвияро омода ва шуморо қарздор менамоям.
- Саломи дӯст бе тамаъ нест, - аз ин ҳаҷви мувофиқ ҳар ду баробар хандидем. - Бо чӣ маро қарздор менамоед? - хушҳолона савол партофт ҳаҷвнигор ва мошинро ба ҳаракат даровард.
- Драмаи «Карими Шиш» - ро ба саҳна мегузоред?, - хоҳишамро ба забон овардам.
- Ҳадия ба ҳадия қарз гуфтаи мардум рост будааст, - аз ин шӯхии навбатиаш боз ҳар ду бо завқ хандидем.
Ҳамин тариқ, байнамон дӯстӣ барқарор гардид ва ҳар гоҳе, ки ба шаҳри Бохтар мерафтам ҳатман ба ҳузураш мешитофтам ва ӯ дар навбати худ гоҳ - гоҳе занг зада аз ҳолу аҳволам бохабар мешуд.
Моҳи ноябри соли 2015 занг зада гуфт:
- Шуморо ба барномаи ҷашни 75 - солагии зодрӯзи устод Убайдулло Раҷабов ба Кохи Борбад даъват менамоям. Даъватномаатон дар кисаи ман – Аловуддин, - хандида маро хурсанд намуд. - Шуморо дар даромадгоҳ интизорам.  
Саросема ба Кохи Борбад шитофтам ва ба туфайли ғамхории дӯстам аз барномаи рангину пурмазмуну серхандаи устоди ҳаҷв баҳра бурдам.
Пас аз чанд сол, аниқтараш моҳи феврали соли 2022, дӯсти қадрдонам боз занг зад:
- Мутасаддии баргузории Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошам, - бо овози ширадораш хабар дод Аловуддин. - Ба ин ҷашнвора шуморо ҳатман даъват менамоям.
Хеле хурсанд шудам. Чӣ хел ҳам хурсанд нашавам? Ман дар ҳамин макон ба воя расидаам.  Фарорсии Ҷашни Наврӯзро бетоқатона интизор будам, вале аз куҷо медонистам, ки ин занги охирини дӯсти мушфиқу меҳрубонам мебошад…
Ба хабари маргаш бовар намекардам. Ба чанд дӯсту шиносам занг задам. Ҳамаи онҳо, яке бо ҳасрат, дигаре бо алам, сеюмӣ бо гиря, чорумӣ бо доду фиғон ин хабари шумро тасдиқ мекарданд. Ба гумонам ҳамон рӯз тамоми мардуми ҷумҳурӣ мегирист.
Ба Театри шаҳри Бохтар давида рафтам. Бо шогирдаш Ато Саидзода ба манзилаш рафта, бо дили реш - реш дуову фотиҳа хондем.
Инак, аз ба манзили охират сафар кардани дӯстам чанд моҳ сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол бовар намекунам, ки дар паҳлуям  рафиқи ғамгусорам Аловуддин нест. Чӣ илоҷ? Ҳаёт аз хурсандиву шодӣ ва ғаму ғусса иборат аст. Чанд моҳ боз ними дилам ғамхонаро мемонад ва шӯхиҳояшро ба хотир оварда, дар лабонам худ аз худ табассум пайдо мешавад. 
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2022    №: 135    Мутолиа карданд: 842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед