Хабарҳо
ФУТЗАЛ
Мусовии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
Вохӯрии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки 14 июл дар Ҷиззах баргузор шуд, мусовӣ (4:4) хотима ёфт.
Бар пояи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҳайати дастаи мо тӯбҳоро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров ва Дилшод Саломов ба самар расонданд.
ҶОМИ КФО – 2022
Хуҷанд мизбони бозии финалии минтақаи Марказӣ
Тибқи қуръакашии марҳилаи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2022, бозии финалии минтақаи Марказӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Суғдиёна» 17 август дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» (Хуҷанд) доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки «Хуҷанд» бори аввал ба ин марҳилаи Ҷоми КФО роҳ ёфтааст.
Футболбози тоҷик ба Эрон рафт
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки аз соли 2020 ин ҷониб дар дастаи «Навбаҳор» (Ӯзбекистон) ҳунарнамоӣ мекард, ба бошгоҳи футболи «Зуби Оҳан»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гузашт.
Ёдовар мешавем, ки «Зуби Оҳан» дар мавсими гузашта дар Премйер Лигаи Эрон ҷойи ҳаштумро ишғол карда буд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3739