logo

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар ҳифзи системаҳои ғизоӣ дар Тошкент

 
CentralAsia (UZ). 13-14 июл Ҳукумати Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти сатҳи олиро бо иштироки  намояндагони панҷ давлати Осиёи Марказӣ баргузор намуданд. Иштирокчиён вазорату идораҳоеро, ки барои саломатии инсон, ҳайвонот, муҳити зист ва кишоварзӣ масъуланд, намояндагӣ карданд. 
Дар музокирот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳифзи системаҳои ғизоӣ, пешгирии пандемия дар оянда, хуруҷи бемориҳои ҳайвоноту одамон ва муқовимат бар зидди бемориҳои сироятие, ки ба доруҳои зиддимикробӣ тобоваранд, муҳокима шуданд. Зиёда аз 50  ширкаткунанда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ самтҳои асосии фаъолиятро дар чаҳорчӯбаи Барномаи ояндаи амал барои Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи равиши “Саломатии ягона” баррасӣ намуданд. Дар байни онҳо роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва хадамоти манфиатдори Қазоқистон, Тоҷикистон,  Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ ҳастанд. Ба салоҳияти ин шахсон масъалаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, ҳифзи саломатӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, рушди чорводорӣ ва ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд.  
 
 
 
Президенти Италия истеъфои Сарвазирро рад кард
Мир 24. Сарвазири Италия Марио Драги дар бораи қарори худ барои истеъфо додан эълом дошт. Сарвазир ин иқдоми пешбинишударо бо мавҷуд набудани иттиҳод дар парлумон, ки аз Ҳукумат пуштибонӣ намояд, шарҳ дод.
Баъдтар, маълум шуд, ки Серҷо Маттарелла, Президенти Италия, истеъфои Драгиро напазируфтааст, - гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти Роҳбари Италия.
«Президент истеъфоро қабул накард ва аз Драги даъват ба амал овард, то дар парлумон суханронӣ ва вазъеро, ки дар натиҷаи ҷаласаи имрӯза дар Сенати ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст, арзёбӣ намояд», - гуфта мешавад дар изҳорот.
 
 
 
Ӯзбекистон ва Туркманистон санадҳои нави ҳамкориро имзо карданд
CentralAsia (UZ). 14 июл дар Тошкент дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими имзои санадҳо аз рӯи натиҷаҳои музокироти Ӯзбекистону Туркманистон дар сатҳи олӣ баргузор гардид.
Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳаммадов Баёнияи муштаракро ба имзо расонданд, ки дар он созишномаҳои асосӣ ифода ёфта, вазифаҳои дарозмуддат оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегӣ байни ду кишвар муайян шудаанд.
Дар ҳузури сарварони давлатҳо, ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои ду кишвар 19 санад ба имзо расид.  
 
 
Вазирони молияи G20 дар Бали мулоқот мекунанд
INTERFAX.RU. Роҳбарони идораҳои молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои G20 рӯзҳои 15-16 июл дар ҷазираи Балии Индонезия мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла зуд беқурбшавии пул дар ҷаҳон, хатарҳои муфлисшавии давлатӣ ва чораҳои таъмини  иқтисодҳое, ки ба барқароршавии худ аз пайомадҳои COVID-19 идома медиҳанд, баррасӣ мекунанд.
Мавзуъҳои дигари баҳс оқибатҳои низоъ дар Украина ва мушкилот дар равобити ИМА бо Чин, инчунин, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», бонкдории рақамӣ ва ҷорӣ намудани андози ҷаҳонии корпоративӣ мебошанд. Дар садри рӯзнома масъалаҳои рушди иқтисодӣ, яъне дастгирии барқароршавии иқтисод пас аз буҳроне, ки бар асари пандемия ба вуҷуд омадааст, қарор дорад.  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед