Хабарҳо
Нишасти матбуотӣ
СУДИ ОЛӢ
Гузаштан ба суди электронӣ наздик аст
Нимсолаи аввали соли ҷорӣ судҳои кишвар дар марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ 70228 парванда, дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва мақомоти иҷроро баррасӣ намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4279-то кам мебошад. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 407 нафар ба маблағи 1868416 сомонӣ ҷарима шудааст.
Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021 ҷиҳати таҳкими мақомоти судӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро чорабиниҳои дар доираи барнома пешбинигашта, зина ба зина амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қонунгузорӣ, бахусус қонунгузории мурофиавӣ, сохтори Суди Олӣ, маркази таълимии судяҳо такмил ёфт. Гузашта аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул шуд, ки як зина барои давра ба давра гузаштан ба суди электронӣ ба ҳисоб меравад, - гуфт раиси Суди Олӣ дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият».
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Таъсиси 137 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ
Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли равон нишон медиҳад, ки таъсири омилҳои беруна, бахусус, буҳронҳои глобалии иқтисодию энергетикӣ ва озуқаворӣ ба баъзе соҳаҳои иқтисоди миллӣ эҳсос мегардад. Аз ҷумла, рушди иқтисоди кишвар ҳарчанд ки дар ин давра дар сатҳи 7,4 дарсад таъмин гардида бошад ҳам, суръати он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт, - гуфт Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, дар нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра рушди ММД асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, боркашонӣ, хизматрасонии пулакӣ, мусофиркашонӣ, гардиши савдои дохилӣ ва хориҷӣ таъмин гардид.
Дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ 137 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 1296 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
М. АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 7,2 дарсад афзуд
Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 13043,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсад зиёд мебошад.
Ин матлабро Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Зикр гашт, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумрук дар ин давра ба хориҷи кишвар 113,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 ҳазор тонна (6,9 дарсад) зиёд аст.
- Дар ин давра бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи кишоварзӣ «Нақшаи миллии сармоягузорӣ», ки аз ҷониби коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ таҳия гардид, ба имзо расонда шуд. Инчунин, барои рушди соҳа бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» лоиҳаи тиҷоратикунонӣ ва аз ҷониби МД «Маркази идораи «Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо» лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо – II» ва лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» татбиқ гардида истодааст, - гуфт С. Каримзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
КУМИТАИ АНДОЗ
Нақшаи нимсола 101,8 дарсад иҷро шуд
Давоми шаш моҳи соли равон ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонии нақша, 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ситонда шудаанд, ки 101,8 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Танҳо нақшаи ду намуди андоз – андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ таъмин нагардид.
Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, зимни нишасти матбуотӣ посух дод.
Ба иттилои номбурда, дар ин давра бештари қарзи андозҳо ба НБО “Сангтуда-1” 245,6 миллион ва НБО “Роғун” 55,8 миллион сомонӣ рост меояд. Дар маҷмуъ, қарзи андозӣ 190 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, зиёда аз 9,6 ҳазор ҳолати қонуншикании соҳаи андоз дар фаъолияти шахсони ҳуқуқию воқеӣ ошкор шудааст. Аз ин ҳисоб 101,7 миллион сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ ситонда шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
189 нафар муҷозот ва 6 кас аз вазифа озод шуд
Кормандони Палатаи ҳисоб дар шаш моҳи аввали соли равон 89 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 158,8 миллион сомонӣ муайян намуданд. Ҳарчанд теъдоди аудитҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 53 ҳолат кам бошад ҳам, аммо маблағи ошкоргардида 75,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба иттилои Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, қоидавайрокуниҳои молиявӣ ба маблағи 157,6 миллион сомонӣ (66,5 миллион ба буҷет, 85,1 миллион ба корхонаҳо ва 6 миллион тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) барқарор гардид.
- Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва баррасии мушкилоти ҷойдошта 189 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 6 каси дигар аз вазифа озод гашт, - гуфт Қ. Чиллазода.
Раиси Палтаи ҳисоб ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» вобаста ба иҷро нагардидани «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» дар вилояти Хатлон ва ВМКБ чунин посух дод: «Барнома дар нимсолаи дуюми соли гузашта қабул гардида буд, аз ҳамин ҳисоб то ҳол дар вилояти Хатлон ва ВМКБ маблағҳои зарурӣ аз буҷет ҷудо нагардидааст. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм ҳар се моҳ ба Палатаи ҳисоб маълумотнома пешниҳод мекунад ва мо чорабиниҳои худро гузаронда, натиҷаи онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоем».
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТ
Шартномаи донишҷӯёни афғон баланд нашуд
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон донишҷӯёни афғонро бо хобгоҳ таъмин намуда, маблағи шартномаҳояшонро баланд накарданд. Дар ин бора муовини ректори Донишгоҳ Саймаҳмуд Саидов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
- Мо дар асоси муроҷиатҳое, ки шаҳрвандони афғон ба раёсати Донишгоҳ карданд, талаботи онҳоро қонеъ карда истодаем. Бештар онҳо барои хобгоҳ муроҷиат мекунанд,- гуфт муовини ректор ва илова кард, ки барои дастгирии донишҷӯёни хориҷӣ шартномаҳои онҳоро баробари донишҷӯёни тоҷик ба роҳ мондаанд.
Айни ҳол дар ДДТ 61 донишҷӯ аз кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон дар риштаҳои гуногун таҳсил доранд.
Нигина РАҲМОН,«Ҷумҳурият»
ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур навъи пахтаи миёнанахи «ДАТ-1»- ро ихтироъ намуданд, ки бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва Вазорати кишоварзӣ ноҳиябандӣ шуд, - дар ин бора Маҳмадёрзода Усмон, ректори донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ин муддат навъи нави дигари пахта - «Баракат» барои санҷиш пешниҳод гардид. Ҳамчунин, картошкаи навъи «Биотех-Сомон» ва зоти «Типи тоҷикии замбӯри асал» низ ноҳиябандӣ шуданд, - афзуд Маҳмадёрзода.
Донишгоҳ, инчунин, ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор гузаронд, ки дар натиҷа 120 нафар бо ҷойи кор таъмин гашт.
Маҳмадёрзода Усмон дар посух ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки пояи моддӣ - техникии лабораторияҳои Донишгоҳ тавассути ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои гуногуни хориҷӣ муҷаҳҳаз гардид. Хусусан, лабораторияи агрохимикӣ дар Осиёи Миёна ягона мебошад. Дар он аслан тамоми намуди ташхиси хок гузаронда мешавад. Донишгоҳ дар самти муайян намудани таркиби рустаниҳои гуногун, аз ҷумла маводи чорводорӣ низ, ташхисҳои лабораторӣ анҷом медиҳад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3655