фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙН – КРОССВОРД
1. Таҳлилгари соҳаи адабиёт; 2. Номи яке аз пайғамбарон; 3. Асъори миллӣ; 4. Сараъзои ҷумла; 5. Фанни мактабӣ; 6. Унвони ҳарбӣ – баҳрӣ; 7. Номи дигари давлати Полша; 8. Рустании донагӣ; 9. Хӯрдании зеризаминӣ; 10. Ноҳия дар вилояти Суғд; 11. Ишқ, дӯстдорӣ; 12. Амали математикӣ; 13. Яке аз моҳҳои сол; 14. Маҳсулоти полизӣ; 15. Навъи варзиш; 16. Жанри хурди адабӣ; 17. Корманди илмӣ; 18. Қисмати физика; 19. Давлати Осиё; 20. Кандании фоиданок; 21. Нақлиёт; 22. Қисмати забон; 23. Достони М. Қаноат; 24. Ноҳия дар вилояти Хатлон; 25. Асбоби мусиқӣ; 26. Маҳсулоте, ки аз он сӯзишворӣ истеҳсол мекунанд; 27. Таъм; 28. Шоири тоҷик; 29. Қутб; 30. Волоияти давлатдорӣ; 31. Рукни ислом; 32. Фасли сол; 33. НБО-и тоҷик; 34. Паранда; 35. Фигураи геометрӣ; 36. Осоишгоҳ; 37. Муқобили калимаи дур; 38. Номи сигор; 39. Ҳаммаънои калимаи тар.
Мураттиб Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
РАҲОӢ АЗ БЕМОРӢ
ШИФОИ ЗИНДАГӢ
Нависандаи амрикоӣ Луиза Ҳей дар китоби «Шифои зиндагӣ» навиштааст, ки тамоми бемориҳо аз афкор сарчашма мегиранд. Ба андешаи ӯ, саратон аз набахшидани худ ва дигарон хуруҷ мекунад. Бемории қанд дар заминаи афсуси гузаштаҳоро хӯрдан тавлид мешавад, склероз ба далели асабонияти тӯлонию кинаварзӣ ба миён меояд. Фишори хун мушкили отифии дарозмуддат, сабаби сардардӣ интиқод аз худ ва тарс буда, ошуфтагии зеҳнӣ ба зуком гирифтор мекунад.
Ба таъкиди Луиза Ҳей, пас бояд зеҳнамонро бишӯем, худ ва дигаронро бибахшем, зиёдтар муҳаббат ва камтар гилаю шикоят кунем, бештар бихандему шодӣ кунем, то аз бемориҳо раҳо бошем!
Таҳияи Файёзи ФИРӮЗ
ҚУДРАТИ ИНСОН
24. СУДХА - РАҚҚОСАИ ЯКПОЙ
Судха соли 1963 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ аз сесолагӣ машқи рақс мекард, ниҳоят зебо ва зиндадил буд. Ҳамчун устоди рақси классикии Бхаратанатям камол ёфтан, орзуи ягонааш маҳсуб меёфт. То 16 - солагӣ дар ин роҳ заҳмати зиёд кашиду маҳораташ ҳам то сатҳи чашмрас рушд кард. Вале, аз қазо, соли 1981 вақти бозгашт аз истироҳати тобистона ба садамаи нақлиётӣ меафтаду «аспи тақдираш» сукут мекунад. Баъди ташхис муайян мешавад, ки устухони пойи рости ӯ аз себҷӣ шикастааст. Аслан, нисбат ба ҷабрдидагони дигар, аз ҷумла волидайнаш, ҷароҳати Судха чандон даҳшатнок набуд, вале духтурон хунукназарона захмҳои ӯро бо «лейкопластер» маҳкам мекунанд. Маҳз чунин муносибати ғайрикасбӣ сабаб мегардаду ангуштони пойи духтарчаи қадрас аввал кабуд баъд сиёҳ шудан мегиранд. Мутаассифона, падару модараш ба худ наомада буданд, ки аз рафтори духтурон касеро огоҳ намуда, фалокатро пешгирӣ кунанд. Вақте хешу табори Судха расида меоянду ӯро ба беморхонаи нисбатан хубтар мебаранд, кор аз кор гузашта буд. Духтурони беморхонаи Виҷай давоми 20 шабонарӯз барои наҷоти пойи Судха мубориза мебаранд, вале бенатиҷа. Акнун Судха ноилоҷ бояд ба буридани пояш иҷозат медод, дар акси ҳол зинда мондани худи ӯро табибон кафолат намедоданд.
Албатта, имтиҳони сахти зиндагӣ як муддат Судхаро руҳафтода мекунад, вале наметавонад иродаи ӯро шикаста бошад.
- Ман мехостам ба атрофиён собит созам, ки маъюбу дарди сари волидонам нестам, ман раққосаам, раққосаи касбии театр, - ёдовар мешавад Судха.
Талошҳои ӯро дида, директори коллеҷ баъди 8 моҳи фоҷиа барои идомаи таҳсили як муддат мавқуфмондааш иҷозат медиҳад. Судха дар Мумбай коллеҷро ҳамчун бакалавр хатм карда, дараҷаи магистри иқтисодро соҳиб мешавад.
- Акнун бояд ба саҳна бармегаштам. Симои оламшумули Эллен Келлери маъюб ҳамеша пеши назарам буду маро қувват мебахшид. Такрор ба такрор мегуфтам, ки агар ин фариштахонуми нобинову ношунаво тавонист, дунёро тасхир кунад, ман ҳам ҳатман муваффақ хоҳам шуд, - нақл мекунад Судха. Ва ҳамин тавр ҳам мешавад. 28 январи соли 1984 баъди ҳамагӣ ду соли фоҷиа Судха Чандра бозгашти худро ба саҳна расман эълон мекунад. Сафарҳои ҳунарии ӯ ба Аврупо, Канада, Шарқи Наздик ва рақсҳои нотакрораш дили миллионҳоро тасхир ва шуҳрати ӯро ҷаҳонгир мекунанд.
Худи ҳамон сол филми «Маюри»-и коргардони номдор Сингитама Шриниваса Рао намоиш дода мешавад, ки аз рӯзгори пурфоҷиаи Судха ба навор гирифта шудааст. Воқеан, нақши асосиро дар филми мазкур худи Судха Чандра бозида, шумори ҳаводорони худро дар тамоми олам меафзояд. То имрӯз тамошогарони аз ҳунари волои Судха мафтуншуда ҳис намекунанд, ки пойи рости раққосаи мумтоз аз себҷӣ сунъӣ аст.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ДАРСИ ҲИСОБИ ЗИНДАГӢ
Зиндагӣ дарси ҳисоб будааст. Пас, биёед, хубиҳоро ҷамъ (+), бадиҳоро тарҳ (-), хушиҳоро зарб (х) ва шодиҳоро тақсим (:) мекунем.
Таҳияи Замира МЕЛИЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ШАНСИ ОХИР
Аз баҳси донишҷӯи қарздор бо муаллим:
- Шинед, панҷ.
- Шояд се кифоя бошад, муаллим?
- Не, танҳо панҷ.
- Ақаллан, чор гӯед, устод.
- Гӯш кун Аслонхӯҷа, ё панҷ қопча картошка оварда аз рӯйхати «хориҷ» мебароӣ, ё ман худам ба Комиссариати ҳарбӣ занг мезанам.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ГАНҶИ ШОЙГОН
Аз посух гуфтан то хомӯш мондан
Бар имом Молик (рҳ) 40 саволи навиштаро барои посух гуфтан пешниҳод карданд. Аз ин шумор ба 3 саволи он посух дод ва, пас, гуфт, ки барои посухи саволҳои дигар омода нестам.
Ҳикмат: Афроди донишманд ҳамеша барои гуфтани ҳар суханашон, хосса посух ба саволе, масъулият эҳсос мекунанд ва аз ин ки барои посух гуфтан агар омода нестанд, шарм намедоранду ҳақиқатро иброз медоранд.
* * *
Яке гуфт, ки агар зинда бошаму дар ин вақт далеле барои нодурустии посух ба саволатон пайдо кардед, арза бидоред, онро ба хушнудӣ мепазирам ва аз гапам бармегардам. Агар мурда будам, барои ман мағфирати гуноҳонамро бихоҳед ва бигӯед, ки бечора то ба ин ҷо расида буд.
Ҳикмат: Барои хирадмандону донандагон муҳимтар аз ҳама ҳақиқат ва дарки он мебошад.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ГЕЛИОМАРКАЗӢ
ИХТИРОИ КОПЕРНИК Ё АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ
Асосгузори таълимоти гелиомарказӣ (таълимоте, ки Офтобро маркази ҳаракати сайёраҳо ҳисоб менамояд) астрономи лаҳистонӣ Коперникро мешуморанд. Агар дар телефони ҳамроҳатон шарҳи калимаи «геосентризм»-ро ҷустуҷӯ намоед, ҳатман чунин посух дармеёбед: «Таълимоти юнониёни қадим дар бораи Замин, ки гӯё он маркази беҳаракати коинот буда, Офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи Замин давр мезадаанд. Ин таълимот баъди ба вуҷуд омадани низоми гелиомарказии Коперник рад шудааст».
Аммо, собит гардид, ки бори аввал дар ин хусус донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ андеша рондааст. Донишмандон бо далелҳо таъйид намудаанд, ки Берунӣ садсолаҳо пеш аз Коперник илми нуҷумро омӯхта, доир ба асосҳои гелиомарказӣ андешаҳои илман асоснок пешниҳод намудааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ЛӮХТАКИ ДӮСТДОШТАНӢ
Baby Alive миёни лӯхтакҳои дигаре, ки барои духтаракон пешбинӣ шудаанд, мақоми аввалро касб менамояд. Ин лӯхтак ба тифли навзод хеле монанд мебошад. Ӯ ба кӯдаки навзод тақлид намуда, гиря, ханда ва имову ишораи кӯдаконро пурра тақлид мекунад. Ҳаракоташ низ, ба тифл хеле монанд аст. Агар аз ӯ хоҳиши хоб рафтанро намоянд, чашмонашро пӯшида, ҳини бедорӣ хеле нозук дасту по ва сарашро ба тарафи овоз гардонда, рӯйи кат ғел мезанад.
Ҳаҷмаш 30 сантиметр буда, баданаш аз текстили мулоиму сар ва дасту пои нозукаш аз пластикаи дурушт офарида шудаанд. Чашмаконаш обӣ буда, мижгонҳои дароз дорад.
Дар маҷмуъ, ин лӯхтаки муъҷизавӣ беш аз 50 намуди амалро иҷро менамояд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
АҶИБТАРИН ЧЕҲРАИ ҶАҲОН
Ин зан, ки номаш Рубика аст, дар ҷаҳон чеҳраи аҷибтаринро дорад. Исми ӯро ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ҳамчун фарди ғайриодӣ дохил кардаанд. Яке аз маҷаллаҳо мусоҳибаи ҷолиберо бо ӯ анҷом дод. Дар он Рубика назари худро дар бораи духтарони аз 20 - сола боло баён доштааст.
– Насли имрӯза ба ҷарроҳии пластикӣ хеле зиёд ҳавасманд мебошад. Он чеҳраеро ки Худованд ба ман ато намудааст, тағйир додан намехоҳам, мегӯяд ӯ.
Рубика худро зани зебо меҳисобад. Сарфи назар аз ин, ки баъзеҳо ӯро он қадар қашанг намеҳисобанд, парвое надорад ва бо чеҳраи доштааш хешро хушбахту зебо мепиндорад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҚОТИЛРО ДАСТГИР КУНЕД!
Суқрот рӯзе дар кӯча сайр мекард. Ногоҳ назараш ба марде фитод, ки аз паси марди дигаре давида фарёд мезанад: «Қотилро дастгир кунед! Қотилро дастгир кунед!»
Суқрот ба фарёдҳои ӯ эътибор надод. Шахси гуреза тавонист, ки аз назар пинҳон шавад. Он марди фарёдзан назди Суқрот расиду ба ӯ гуфт: «Барои чӣ ту қотилро дастгир накардӣ?!»
- Қотил? Қотил кист?
- Одаме, ки даст ба куштор мезанад.
- Ту қассобро дар назар дорӣ?
- Не, қотил шахсест, ки як нафари дигарро мекушад.
- Аскар?
- Не, оне, ки одамонро дар ҳолати ғайриҷангӣ мекушад.
- Ҷаллод?
- Ту чӣ, девонаӣ? Қотил ҳамонест, ки фарз кардем як нафари дигарро дар хонаи худаш мекушад.
- Ҳа, фаҳмо, табиб.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
21. МУСБАТАНДЕШ БОШЕД
Мағзи сари шумо ба таври шигифтангезе он чиро, ки бар ӯ такрор ба такрор гуфта мешавад, бовар мекунад. Вақте мудом худро танбал, нотавон ва беангеза тасаввур мекунед, мағзи саратон ин сифатҳоро аз худ мекунад ва қудрати тағйирро аз шумо мегирад. Аз ин сабаб манфинигарӣ боиси танбалӣ мегардад.
Таҳияи Кароматулло АТО
GEELY
ПИКАПИ БАРҚИРО МУАРРИФӢ НАМУД
Ширкати Geely модели нави Radar - пикапи барқии RD6-ро муаррифӣ кард. Ин мошини қуллаи нимаборкашро, ки самтҳои истифодабариаш хеле васеъ аст, дӯстдорони истироҳати фаъол барои худ бозёфти аҷибе арзёбӣ намуданд.
Бренди нави Radar-и ширкати Geely барои истиқоматкунандагони шаҳрҳои бузург, ки ба қадри истироҳати бофароғат мерасанд, пешбинӣ шудааст. Иқтидори навъҳои мухталифи RD6 аз 200 то 400 қувваи асп мебошад. Ҳаҷми он ба автомошини Toyota Hilux баробар буда, салонаш барои панҷ мусофир пешбинӣ шудааст. Бордонаш имкони ҷой додани ду серфбордро дорад. Чуноне ширкат иттилоъ медиҳад, шинаҳои дандонадораш дар корхонаи BF Goodrich омода мешаванд.
Нахустин фармоишгаронаш ҳам муайян шудаанд. Мошине, ки метавонад бо Tesla Cyberquad ва Lexus ROV рақобат намояд, бештар аз ҳама дар Чин харидор пайдо кардааст.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
ИН АҶИБ АСТ
SKY CRUISE – ҲАВОПАЙМОЕ, КИ ҲЕҶ ГОҲ ФУРУД НАМЕОЯД
Муҳандиси йеменӣ Ҳошим ал – Гаилӣ ҳавопаймои насли нави худро пешниҳод кард. Тарҳи аввали ҳавопаймо – ҳотел Sky Cruise гардид, ки комилан индустрияи авиатсияро тағйир медиҳад.
Sky Cruise – ҳотели парвозкунандае мебошад, ки аз энергияи атомӣ истифода менамояд. Ин ҳавопаймои бадҳайбат имкони интиқол додани 5000 мусофирро дорад.
Sky Cruise мабно ба синтези ядроӣ 20 муҳаррики ядроиро метавонад дар худ дошта бошад. Бо ин масъалаи партови газҳои карбонӣ ҳал хоҳад шуд.
Тайёра бидуни сарнишинҳо парвоз мекунад.
Ҳавопаймо – ҳотел ба замин фуруд намеояд ва сӯзишворӣ, мусофирону борҳоро тайёраҳои маъмулӣ ба он мерасонанд.
Ҳавопаймои мазкур пайваста муддати чанд сол метавонад дар фазо бошад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
122 СОЛ - УМРИ «ХЕЛЕ КӮТОҲ!»
Жанна Луиза Калман 122 солу 164 рӯз зиндагӣ карда, дар дарозумрӣ рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Жанна дар шаҳри Арли Фаронса ба дунё омадааст. Вақте манораи Эйфелро сохтанд, Жанна 14 сол дошт. Дар синни 85 - солагӣ шамшербозӣ мекард, дар 100 велосипед меронд, 114 сол дошт, ки дар филм нақш бозидааст, дар 115 - солагӣ ҷарроҳиро аз сар гузаронда, дар 117 аз сигор даст кашид.
Вақте Жанна 90 - сола буд, бе меросхӯр монд ва бо ҳуқуқшиносе бо исми Раффи (47 - сола) шартнома баст, ки ҳавлиашро ба ӯ мерос мемонад, аммо Раффи аз ӯ пештар вафот кард.
То лаҳзаҳои охири ҳаёташ Жанна ақли комил дошт. Вақте дар синни 120 - солагӣ аз ӯ мепурсанд, ки зиндагиро чӣ гуна дарёфтед, бону ҷавоб дод: «Хеле кӯтоҳ!»
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
DUBAILAND. МУЪҶИЗАИ ДИГАР
Боғи Dubailand яке аз чунин иншооти ҳайратовари замони мо мебошад, ки буҷеташ ба 65 миллиард доллар баробар аст. Он дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудааст.
Dubailand комплекси боҳашамати фароғатӣ буда, масоҳаташ аз Диснейлэнди машҳури Флорида ду баробар бештар аст. Масоҳати умумии сохтмон 300 километри мураббаъро дар бар мегирад. Дар он 45 боғи мавзуӣ, аттраксионҳои мухталиф, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва иншооти варзишӣ ҷой гирифтаанд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
24. ҶАЗИРАИ ШИМОЛИИ СЕНТИНЕЛ, ҲИНДУСТОН
Ҷазираи шимолии Сентинел (North Sentinel Island) ба гурӯҳи ҷазираҳои Андаман шомил буда, марбут ба Ҳиндустон мебошад. Ҷазира бо соҳилҳои зебои пойнорасида ва табиати аҷибаш машҳур аст.
Қабилаҳои маҳаллӣ нисбат ба ҳамаи меҳмонони аз берун ба ин биҳишти кӯчаки рӯи Замин воридшаванда хеле хашмгинона муносибат намуда, ҷангҷӯ мебошанд. Онҳо на танҳо аз тамос бо меҳмонони нохонда худдорӣ мекунанд, балки чанд нафарашонро нобуд ҳам кардаанд. Тааҷҷубовар нест, ки ин ҷазира барои сайёҳон дастнорас боқӣ мемонад.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
МУҲАББАТ
Модаре ҷарроҳӣ шуд. Духтари хурдсолашро наздаш оварданд. Духтар, ба назди модар даро-мадан замон, захмҳои ӯро беист бӯсидан гирифт.
Модар гуфт:
- Духтарам, чӣ кор мекунӣ?
Духтар гуфт:
- Модарҷон, замоне ки ман меафтидаму ягон ҷоям захмдор мешуд, ту онро мебӯсидиву сиҳат мешуд. Ман ҳам захмҳои шуморо бӯсидам, то зудтар шифо ёбед.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АСКАР БАРОИ ҶАНГИ ТАН БА ТАН
Дар Комиссариати ҳарбӣ ҷавоне ба истиснои чанд ҳарфи калон дигарашро дида наметавонад. Духтури чашм бо далели он ки даъватшаванда нуқси ҷиддӣ дорад ва масофаи дурро намебинад, ҷавонро «барои хизмат ношоям» навиштан хост.
Комиссари ҳарбӣ дарҳол дасти духтурро дошта мегӯяд:
- Дурро набинад ҳам, ҳеҷ гап не, мо ӯро ба ҷанги тан ба тан омода мекунем, мон хизмат равад.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
САЙРИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
ЗАРФИ ШИР
Дар яке аз толорҳои Осорхонаи миллӣ зарфи сафолии зооморфии аҷибе ба тамошо гузошта шудааст, ки шакли хорпуштро дорад. Андозаи он 14.5х7.5 см, вазнаш 230 гр буда, марбут ба асри VIII мебошад. Дар ин зарф тамоми узвҳои хорпушт: сар, чашм, даҳон, бинӣ, гӯшҳо, пойҳо ва хорҳои баданаш пурра тасвир ёфтаанд.
Дар қисмати қафои зарф сӯрохии ҳаҷман калоне вуҷуд дорад, ки ба воситаи он зарф бо шир ё об пур карда мешуд. Дар қисмати пеши даҳони хорпушт - сӯрохии хурде мавҷуд мебошад, ки ба воситаи он шир ё об ба гулуи кӯдак равона мегардид.
Бозёфт баёнгар аз он аст, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз 1200 сол пеш зарфи ширдиҳиро доштаанд. Дар шакли ҷонвар сохта шуданаш гувоҳӣ медиҳад, ки ниёкони мо дарк карда будаанд: агар ин навъи зарфҳо дар шакли ҷонварони хурд сохта шаванд, таваҷҷуҳи кӯдаконро бештар ба худ ҷалб месозанд.
Фаридун КЕНҶАЕВ,корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.07.2022 №: 135 Мутолиа карданд: 1814