logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Абдуҳаким Содиқов яке аз шахсиятҳоест, ки барои насли ҷавон намуна шуда метавонад. Ӯ соли 1943 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ва хизмати ҳарбӣ ба Омӯзишгоҳи мусиқӣ (ҳозира Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов) дохил мешавад. 
 
Пас аз хатми Омӯзишгоҳ бо роҳхати Вазорати маданият (он замон вазир Меҳрубон Назаров буд) ӯро ба  ноҳияи Панҷ барои ташкил кардани мактаби мусиқӣ ҳамчун директори он таъин намуданд. Баъди чанде фаъолияти пурсамар дар ин ноҳия ба тариқи гузариш ба Вазорати маданият ба кор даъват гардида, ҳамчун мутахассиси пешбар кор мекунад. 2 сол вазифаи директори курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маданиятро бар дӯш дошт. Соли 1979  ҷонишини директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд. 
Эҳсос мекард, ки замона бошиддат пеш рафта истодааст ва донишҳои навро бояд аз бар намуд. Биноан, Институти давлатии санъатро низ ғоибона хатм кард. Соли 1980 Абдуҳаким Содиқовро директори Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» таъин намуданд. Чанде баъд ба вазифаи сарвари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузашт. Дар ин кохи ҳунар наздики 18 сол фаъолияти пурсамар дошт. 
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра таҳти роҳбарии Абдуҳаким Содиқов сафарҳои ҳунарии кормандони филармония ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Россия, Украина, Белоруссия, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва хориҷи дур ба мисли Юнон, Австрия, Ҳолланд анҷом дода шуд. Аз ин сафарҳо бо як қатор ҷоизаву ифтихорнома ва сипосномаҳо баргаштанд. Ҳамзамон, дар як қатор чорабиниҳои дохилу хориҷ дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе барномаҳои консертӣ нишон доданд. Муҳимтарини онҳо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, «Олимпиада - 80», «40-солагии Ғалабаи СССР дар Ҷанги дуюми ҷаҳон», «60-солагии Тоҷикистон» ва дигарон мебошанд. Дар ин чорабиниҳои  сатҳи баланд ҳунармандонамон Тоҷикистонро хеле хуб муаррифӣ намуданд. 
Соли 1976 дар Филармонияи давлатӣ Ансамбли «Ганҷина» ташкил шуд, ки роҳбари бадеии даста Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов ва устоди рақс Гавҳар Мирҷумъаева таъин гаштанд. 
Зиндагинома ва хизматҳои шоёни Абдуҳаким Содиқов дар рушди фарҳанги миллӣ барои насли имрӯзи фарҳангиёни кишвар намунаи ибрат аст. 
 
Абдураҳмон АВҒОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 500
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед