logo

иқтисод

ШИРКАТИ КӮҲӢ-САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ. ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШД

 
ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  моҳи июни соли 2007 бо сармояи оинномавии 30 миллион доллари ИМА дар заминаи “Идораи маъдани Олтин -Топкан” воқеъ дар шаҳраки Олтин-Топкан (ҳоло Зарнисор) – шаҳри Гулистон рӯи кор омадааст.  Сармоягузорони чинӣ аз ширкати бузурги “Тибет Эверест” бо ҷалби мутахассисону  воридсозии хатти нави технологӣ, маҷмааи техникаи муосири соҳот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бо барқарорсозии конҳои аз баҳрабардорӣ дурмонда  ва бунёди фабрикаи ғанигардонии маъдан соли 2008 ба таври расмӣ  ба фаъолият оғоз намуданд.  
Дар Ширкати мазкур 4 ҳазор нафар мутахассисони тоҷику чинӣ бо таносуби 70 бар 30 бо кори доимиву маоши хуб таъмин мебошанд. Корхона дар асоси истихроҷи маъдани кӯҳӣ, истеҳсоли хокаи сурб, руҳ ва мис роҳандозӣ шудааст. Агар дар оғози фаъолияти корхона истихроҷи маъдан ҳамагӣ 300 тонна  бошад, ҳоло  то ба 3,6 миллион тонна ва иқтидори  бевоситаи тавлидотии сурбу руҳ низ то ба 50 ҳазор тонна дар як сол расидааст.
- Корхона давоми  15 сол зина ба зина бо паси сар кардани мушкиливу монеаҳо то ба ин нерумандиву рушди истеҳсоли васеъ ва  ба сатҳу дараҷаи имрӯза расид. Ин, албатта,  натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва самари якдигарфаҳмӣ, лутфу ёрмандии тамоми қишрҳои ҷомеа ва  шаҳрвандон мебошад,- мегӯяд Ли Яо Хуей, директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”. 
Имрӯз ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ба бузургтарин Ширкати коркарди маъдан дар кишвар ва  қавитарин   истеҳсолкунандаи руҳу сурб ва хокаи мис дар қитъаи  Осиё мубаддал ёфта, дар рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвари бародар нақши муассир дорад. Ҳиссаи корхонаи мазкур дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон агар 76 дарсадро ташкил диҳад, дар сатҳи саноати  вилояти Суғд  нишондиҳандаи мазкур ба зиёда аз 20 дарсад расида, тамоили афзуншавӣ ба мушоҳида мерасад. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз Ширкати “Тибет-Эверест” баҳри рушду нумӯи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” тақрибан 600 миллион доллари амрикоиро сармоягузорӣ карда, ба буҷети Тоҷикистон  4,3 миллиард сомонӣ андоз супурдааст, ки миёни дигар ширкатҳои хориҷӣ яке аз нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Ҳамзамон, ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоии  манотиқи гуногуни Тоҷикистон 165 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо кардааст ва ин раванд идома дорад.
- Маҳз 15 сол қабл аз ин, ба фаъолият шуруъ намудани Ширкати мазкур сокинони шаҳраки Зарнисорро аз яъсу ноумедии бе сарчашмаи ризқу рӯзиву бе ҷойи кор мондан раҳоӣ бахшид. Биноҳои манзилӣ, иншоотҳои иҷтимоиву фарҳангӣ харобу валангор гашта, ҳатто, роҳҳои мошингард аз беҳаракатии нақлиёт ба вайрониву шӯразор табдил ёфта буданд. Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба хотири эҳёи корхонаҳову ширкатҳои аз фаъолият бозмонда ба мардум, аз ҷумла бошандагони шаҳраки Зарнисор,    умеду эътимод бахшид. Ва инак, баъди 15 соли фаъолият Зарнисор ба худ як симои нав гирифта, ободу сарсабз мегардад. Мушкилоти иҷтимоӣ: норасоии оби ошомиданӣ, роҳҳои вайрон марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта, дар баробари таъмину тармими мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, хонаҳои фарҳангу боғҳои фароғатӣ, ҳамзамон,  иншоотҳои нав  қомат рост мекунанд,- мегӯяд Шаҳло Шарифзода, раиси шаҳраки мазкур.  
Роҳи мошингарди Мастчоҳ-Зарнисор ба дарозои 38 километр соли равон бо 75 миллион сомонӣ маблағгузории Ширкат пурра таъмири асосӣ хоҳад шуд, инчунин, боз барои 200 нафар тифлакони шаҳрак кӯдакистони нав  сохта мешавад.
Ҷаноби Ли Яо Хуей, директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  иброз дошт, ки   ҷиҳати рушду боз ҳам самаранокии фаъолият барномаи махсуси таҳлилшуда таҳия гаштааст, ки аз дурнамои мусаффои ширкат гувоҳӣ медиҳад.   
Тибқи қарордоди президенти Ширкати “Тибет Эверест” ҷаноби Хуан Ҷиен Ронг, азнавсозии комили минтақаи кӯҳӣ – саноатии Зарнисор дар назар дошта шуда, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ хоҳанд шуд. Масалан, аллакай, шуруъ аз ҳамин сол, то соли 2025 дар давоми  4 соли оянда иқтидори коркарди ширкат аз 4 миллион тонна ба 6 миллион тонна расонда мешавад, ки тавлид назар  ба соли 2021 ду баробар зиёд аст.  Бо ҳамин мақсад, соли равон дар Ширкат ислоҳоти техникӣ мутобиқ ба талаботи рӯз амалӣ шуда, ба самаранокии истихроҷи маъдан ва коркарди ниҳоии он мусоидат менамояд. 
          
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед