logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. РОҲҲОИ КӮҲИИ БАДАХШОН САЙЁҲОНИ ХОРИҶИРО БА ВАҶД МЕОРАНД

 
Баробари ба эътидол омадани вазъият баъд аз бемории коронавируси COVID - 19 ҳазорҳо сайёҳони хориҷиву дохилӣ барои тамошои  Помири дилнавоз, қуллаҳои сарбагардункашидаи Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои азими ҳазорсолаи Федченкову Хирсон, кӯлҳои афсонавии Сарез, Қароқӯлу Зоркӯл, кӯҳҳои Зартеғ, Лаълу Шоҳи Тирандоз,  чашмаҳои оби маъдандори Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳрову Ҷелондеҳ ва ҷангалҳову марғзорони соҳилҳои Панҷ, Хингову Хумбов, Ванҷобу Язгуломоб, дарёҳои Бартангу Ғунд,  Шоҳдара ва рудхонаҳои кӯҳӣ, олами нодири ҳайвонот ва парандагон ба ин сарзамини зебо ва пурасрор  меоянд, ки далели дилрабоии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосост. 
Ҳамчун рӯзноманигор бо одамони касбу кори гуногун вохӯрда, дар хусуси муҳайё будани шароит ва имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ  пурсон мешавем. Аз ҷумла, сокини деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ Муллоҷон Муродов мегӯяд,  ки  солҳои зиёдест, ки ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунад. Мушоҳида намудаанд, ки  дар даврони шуравии пурқудрат  дар канори  масири роҳи тулонии Мурғоб - Хоруғ - Ванҷ - Қалъаихумб - Шамсиддин Шоҳин - Сағирдашт - Сангвор - Нуробод ҳамагӣ чанд ошхона ва чойхонаи ҷамъияти матлубот  вуҷуд дошту халос. Аз меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои таъмири  мошинҳо нишоне набуд.  Ҳоло мебинем, ки   дар даврони соҳибистиқлолии Ватан танҳо дар ноҳияи Дарвоз, ки дарвозаи қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, даҳҳо  иншооти самти иҷтимоӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаву қаҳвахонаҳо, ошхонаю чойхонаҳо,  марказҳои хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳҳо бунёд гардиданд. Ҳамчунин, симои  марказ ва деҳаҳои ин гӯшаи диёри бостонӣ  ба куллӣ дигаргун ва дар маҷмуъ, инфрасохтори деҳот ба куллӣ тағйир  ёфтааст. 
Истироҳатгоҳҳои «Чорчаман», «Чаманистон»-и  мавзеъҳои Паткуноб ва Яхчисор, қаҳвахонаҳо ва чойхонаҳои   лаби оби Хумбов, таги чанорҳои шаҳраки Қалъаихумб ва рустоҳои Хостав, Кеврону Ҷорф ва  Курговад, марказҳои хизматрасонии Ново ва Сафедорон, ки бунёдгузорони аввалинашон роҳсозон мебошанд,  ба ҳар як таърифу тавсиф меарзанд. Дар ҳақиқат симои   канори роҳҳои мошингард  бо ёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳиммати баланди соҳибкорону заҳмати коргарони  идораҳои роҳдорӣ  ба  куллӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. 
Сайёҳони хориҷиву ватанӣ, ронандагону мусофирон аз он изҳори хушнудӣ менамоянд, ки   бунёди  қитъаҳои  роҳи  Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин ва  Дашти Ёгед - Қалъаихумб  аз ҷониби роҳсозони  Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тоҷик бомуваффақият ба анҷом расид. Аз рӯи лоиҳа дар шафати шоҳроҳ  даҳҳо  иншооти самти хизматрасонӣ  барои фароғати ҷаҳонгардони хориҷиву ватанӣ ва ронандагону мусофирон бунёд шудаанд. Аз ҷумла, собиқадори соҳаи роҳдорӣ Сулаймон Муллоёров бо ҳамроҳии бародараш Давлатхон Муллоёров, директори мамнуъгоҳи «Сайёд»,  дар як макони хушманзараи мавзеи Тангнои Дарвоз маҷмааи сеошёнаи  хизматрасонии дорои меҳмонхона, ошхона, таъмиргоҳи  нақлиёти автомобилиро бунёд карданд. 
Набераи  яке аз аввалин роҳсозони дарвозӣ Аваз Амирбеков  Нуралӣ Санканов дар лаби рӯдхонаи Курговадоб, майдони таги чанорҳои бобои шуҳратмандаш меҳмонхона, қаҳвахонаву мағоза сохтааст. Ин ҷо макони хуби дамгирӣ ва истироҳатӣ барои  сайёҳон гардидааст. 
Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» Далер Мукаррамшоев, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиди роҳи мошингарди қитъаи аз ҳама мушкилгузари  Қалъаихумб - Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшон, ки 109 километрро ташкил медиҳад, оғоз гардид. Дар доираи  сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бунёди ин роҳ сафари  гардишгарони хориҷӣ ва ватаниро ба Бадахшон - сарзамини зебо ва пурасрор, дарвозаи тиллоии Тоҷикистон осонтар ва бехавфу хатар менамояд.                                                    
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед