logo

иҷтимоиёт

УФУҚҲОИ ТОЗАИ РИЁЗИЁТ

Баррасии силсилаасарҳои академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов “Назарияи муодилаҳои эволютсионии абстрактӣ ва татбиқи он”, ки барои гирифтани Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва технология барои соли 2022 пешбарӣ шудааст.
Силсилаи корҳои пешниҳодшуда аз монографияи “Масъалаҳои Коши барои баъзе синфҳои муодилаҳои абстрактии эволютсионӣ”, ки соли 2001 нашр шудааст, бо иловаи 12 мақолаи дар маҷаллаҳои байналмилалии риёзӣ нашршуда иборат аст. Натиҷаҳое, ки дар ин силсилаи корҳо ба даст оварда шудаанд, хусусияти фундаменталӣ дошта, дар муодилаҳои гуногуни математикие, ки ҳангоми омӯзиши масъалаҳои биология, пайдоиши шуоъҳои кайҳон ва робитаи байни параметрҳои электрикии модулҳои фотоэлектрикӣ ва омилҳои беруна ба монанди шиддати радиатсияи Офтоб ва ҳарорат ба миён меоянд, истифода мегардад. Натиҷаҳо ба таври мухтасар бо нишондиҳандаҳои зерин тавсиф карда мешаванд:
- Теоремаҳои мавҷудият ва ягонагӣ барои ҳалли масъалаи Коши барои муодилаҳои абстрактии параболӣ бо шартҳои ғайрихаттии аккретивӣ исбот шудаанд. Ин теоремаҳо дар назарияи ғайрихаттии муодилаҳо ва системаҳои параболӣ, биологияи математикӣ татбиқ мешаванд ва умумияти теоремаи маъруфи Ҳилле-Йосид барои операторҳои хаттӣ ба ҳолати ғайрихаттӣ мебошанд;
- Ҳалпазирӣ ва дуруст гузоштани масъалаи Коши барои муодилаҳои эволютсияи хаттии касрӣ бо назардошти хотираи динамикӣ дар фазои Banach исбот шудааст. Ин натиҷа такмил ва рушди минбаъдаи тадқиқоти риёзидонҳои бузурги асри XX С. Г. Крейн, Т. Като ва П. Соболевский ва шогирдонашон, инчунин, дар мавриди муодилаҳои нимхаттии тартиби касрӣ, дар масъалаҳои физикаи энергияи баланд корбурд доранд;
- Консепсияи нави интегроли стохастикӣ (тасодуфӣ) пешниҳод шудааст, ки аз интегролҳои маъруфи К. Ито ва Р. В. Стратанович, тавре  ба синфи муодилаҳои дифференсиалии стохастикии тартиби касрӣ татбиқ карда мешавад, ки аз ҷараёни тасодуфии мутлақ ё садои сафеди навъи Балакришнан дар фазои Ҳилберт халалдор мегардад. Бо истифода аз мисоли ҳисоб кардани ҳосилаи Радон-Никодим барои ченакҳои ниҳоии аддитивӣ ба мақсад мувофиқ будани ҷорӣ намудани интегроли нави стохастикӣ нишон дода мешавад. Бояд гуфт, ки элементҳои аввалини чунин ҳисобҳои интегролӣ ба риёзидони машҳури амрикоӣ А. Б. Балакришнан ва рушди босуръати риёзиёти молиявӣ ангезаи таҳқиқоти амиқтар ба консепсияи нави ҳисобҳои интегролӣ ва дифференсиалии стохастикӣ мебошад.
Мамадшо Илолов мутахассиси варзидаи соҳаи муодилаҳои абстрактии эволютсионӣ ва татбиқи он дар омӯзиши масъалаҳои гуногуни амалии физика, техника, биология ва тиб буда, дар ин самт натиҷаҳои барҷаста ба даст овардааст. Вай, нахуст назарияи муодилаҳои эволютсионии касриро дар фазоҳои беандоза офарида, асосгузори мактаби илмии ин самт дар Тоҷикистон гардид, ки дар Россия, ИМА, Қазоқистон, Эрон ва Туркия пайравони зиёд дорад.
Мамадшо Илолов дар китоби “Илм ва замон” ин фарзияро дунбол мегирад: “Набояд фаромӯш кард, ки робитаи мутақобилаи илм ва ҷомеа низ нисбат ба солҳо ва давраҳои пеш шакли сифатан навро касб намудааст. Ҷомеаи тоҷик анъанаҳо ва суннатҳои ба худ хосро дорост ва бешак, олимони тоҷик дар омӯзиш ва рушди чунин суннатҳо ҳиссаи бузург доранд. Аз ҷониби дигар, илм дар сарҳади давлатӣ тамом намешавад”. 
Дар мақолаи илмии бахшидашуда ба Абуалӣ ибни Сино ҳамон бахши табиӣ-илмии нобиғаро баррасӣ карда, оқибат бо истифода аз санъати қиёс бузургии Синоро аз соири бузургони илму дин исбот мекунад: “Сино бар хилофи Феофраст, ки аз ҷонибдорони назарияи худ ба худ пайдо шудани рустаниҳо буд, назарияи танҳо аз тухм пайдо шудани онҳоро пешниҳод месозад ва вобастагии байни муҳиту рустаниҳоро возеҳ тасвир менамояд. Айни ҳол ӯ бар хилофи Арасту ақида дошт, ки ҳайвонот танҳо аз нутфа пайдо мешаванд ва рушд менамоянд. Дар Аврупо ин гуна назарияҳо танҳо дар асри XIX пайдо шуданд. Ҳамаи ин далели он аст, ки Ибни Сино пайрави одии пешиниён нест, балки олими эҷодкор ихтироъкор мебошад ва назариёти ӯ аҳамияти илмии худро то ба ҳол аз даст надодааст”.
Бахши ба тиб бахшидашудаи таолими Сино боз як бори дигар иқтизо дорад, ки ниёгони ориёии мо ба пажӯҳиши илми тиб аз қадимулайём шуғл варзида, бо вуҷуди сӯхта шудани мероси хаттии ориёиҳо намояндаи онҳо дар садсолаҳои баъдӣ ба эҳёи илми тиб камар баста, онро ба башар дар шакли назариявӣ ва амалӣ пешкаш намуд. Академик Мамадшо Илолов зимни мусоҳибае ба таҳлили макотиби илмӣ пардохтааст: “Мактаби илмии риёзӣ чист? Ду созмондиҳандаи мактаби илмӣ маълуманд, яъне устод ва шогирд. Вале дар баробари равобити “устод-шогирд” бояд мавзуи илмие бошад, ки хоси ҳамин мактаб аст. Шеваи таҳқиқ низ дар мактаби илмӣ аз они худист. Дар ҳолати мавҷудияти мавзуъ ва шеваи таҳқиқ мактаби илмӣ арзи ҳастӣ мекунад ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаи илмӣ даст меёбад”.
Масъалаи асосии баррасиҳои илмӣ ҷудо кардани он ба бунёдиву амалӣ такя мекунад. Бинобар ин, мавзуи мушаххас бо унвони “нурҳои кайҳонӣ” ба аксар улуми табиӣ мудохила дошта, аз ҷониби улум тибқи асолати худ таҳқиқ мешавад. Академик Мамадшо Илолов дар ин маврид мегӯяд: “Дар баробари илми бунёдӣ, ки, асосан, ба пайдо кардан ва зам намудани дониши нав равона шудааст, илми амалӣ низ ба физикаи нурҳои кайҳонӣ ва физикаи заррачаҳои элементарӣ робита дорад. Сухан дар бораи масъалаҳои энергетикаи атомӣ ва ядроӣ меравад. Ду самти омӯзиши заррачаҳо маъруф ҳастанд: яке, таҳқиқи хосияти онҳо дар суръатфизоҳои хаттӣ, сиклотронҳо, синхрофазатронҳо ва коллайдерҳо; дигаре, дар майдончаҳои таҳқиқотиву озмоишӣ дар баландкӯҳҳо, ки дар онҳо селаи нурҳои кайҳонӣ ба Замин мерезанд”.
Ба ибораи дигар, академик зимни таҳқиқи илм ба таърихи он мутаваҷҷеҳ шуда, масъалаи ба илм рӯоварии аҷдодони моро хеле хуб арзёбӣ мекунад ва гузашта аз ин, мутазаккир мешавад, ки нақши уламои тоҷик дар гузашта мавриди истиқболи ҷаҳониён гардидааст. Ҳамчунин, Мамадшо Илолов ба ҳайси олими шинохта бахшҳои гуногуни илмро дар замони шуравӣ таҳқиқ намуда, чеҳраҳои калидии  рушди соҳавии улуми ватаниро муаррифӣ мекунад ва зери унвони “мактаби риёзии тоҷик”, таърихи пайдоиш ва рушди илми риёзиро дар кишвар баррасӣ менамояд. 
Дар китоби “Илм дар замони Рӯдакӣ” (Душанбе, 2008) зумраи неруманде аз донишмандони бо Рӯдакӣ муосирро мебинем, ки академик ба онҳо таваҷҷуҳ доштааст. Дар миёни онҳо риёзидону ҳайатшиносон, табибу ҷуғрофидонон ва донишмандони энсиклопедист ҳастанд ва ин ҷо чандин донишманди он замонро меорем: Аббоси Ҷавҳарӣ (риёзидон), Абдулҳамиди Хуталӣ (ҳисоб), Абдураҳмони Суфӣ (ҳайатшинос), Абулвафои Бузҷонӣ (табиатшинос), Абумаҳмуди Хуҷандӣ (ихтироъкор), Закариёи Розӣ (пизишк) ва ғайра. Ин омил шаҳодат аз он медиҳад, ки Мамадшо Илолов таърихи илми табиатшиносиро дар садаҳои XIII – X муҳаққиқ шуда, асрори улуми табииро дар даврони Сомониён ҳамаҷониба муаррифӣ намудааст. 
Дигар китобе, ки ҷиҳати баррасии ақоиди академик саҳмгузор мебошад, ҳамон муколамаи олим аст, ки “Тоҷикистон дар чорраҳаи Ховару Бохтар” номгузорӣ шудааст. Дар ин муколама академик ҷиҳати мушкилиҳои минтақавӣ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим изҳори андеша карда, зимнан ин ҳарфҳоро изҳор мекунад: “Чунонки мушкилии хушк шудани баҳри Арал проблемаи як худи Ӯзбекистон нест, хатари фурӯ рехтани оби кӯли Сарез ҳам проблемаи танҳо Тоҷикистон нест. Албатта, чунонки падару модарро баргузидан амри муҳол аст, кишвари ҳамсояро низ интихоб карда намешавад. Ҳамзамон, ба назар бояд гирифт, ки мо, ҳамагон дар як киштии экологӣ нишастаем”. Ин ҷо метавон дарк намуд, ки бинобар хушкшавии оби баҳри Арал намак бухор гардида, боз ба замин дар шакли жола ё худ тавассути хокбориш мерезад ва хушксолӣ, камҳосилӣ низ аз ҳамон намаки баҳрист, ки ба минтақа як хел зиён меорад. Аз ҳамин хотир, обшавии пиряхҳо низ дар оянда мусибатҳои дардзо ба бор хоҳанд овард. Бинобар ин, ҷиҳати рафъи мушкилӣ бояд бо ҳам якмаром бошем ва нагузорем, ки кишварҳо рӯз ба рӯз ба мушкили об дучор оянд.
Нақши академик Мамадшо Илолов дар рушди илм, бавижа улуми дақиқ равшан мушоҳида мешавад ва бо эътимоди бузург метавон гуфт, ки мавсуф дар самти мазкур саҳми камназир дорад. 
Чунин ба назар мерасад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шудани академик  Мамадшо Илолов баҳогузории муносибе ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии риёзидон мебуд.
      
Зарулло РАҲМОНОВ, академики АМИТ, директори Институти риёзиёти ба номи А. Ҷӯраев,
Нусрат РАҶАБОВ, академики АМИТ,
Мирганд ШАБОЗОВ, академики АМИТ, профессори кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии ДМТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед