logo

фарҳанг

ДОЙРА. НАВОИ ОН САДОИ ДИЛ ВА СУРУРУ ШОДМОНИСТ

 
Дойра ва ё даф яке аз асбобҳои бисёр ҳам маъмули мардуми тоҷик аст, ки таърихи қадима дорад.
Даф сози мусиқии зарбӣ буда, таввасути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Садои даф моро ба худ мекашад. Навои он садои дил аст, садои суруру шодӣ. Он созест, ки бо чандин ном машҳур аст. Ин созро сароғози зарбҳои мусиқӣ гӯем хато нахоҳад шуд. Навои он моро ба олами дур, ба дунёи пурсурур мебарад. Бояд бигӯем, ки шакли аслашро даф дар Бадахшон ва Яғноб нигоҳ доштааст. Айни ҳол доира аз маъмултарин намуди муосири даф мебошад.
Дар санъати мусиқии муосири тоҷик анъанаи гузаштаи дойразанӣ нигоҳ дошта шуда, усулҳои он рӯзафзун дар такмилёбӣ мебошанд. Хушбахтона, беҳтарин дойрадастон дар ҷумҳурии мо ҳоло ҳам фаъолият доранд. Онҳо бо садои дойраи худ сайри олам кардаанд. 
Файзулло Улмасов, Ҳунар-пешаи шоистаи Тоҷикистон, доиранавози чирадаст аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Месазад, ки оид ба фаъолияти устод сухане чанд гуфта бошем. Ф. Улмасов баъди хатми мактаби миёна дар  Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, корро аз Ансамбли давлатии рақсии «Лола» шуруъ мекунад. Баъдан дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба Ансамбли  «Шашмақом» - хонон ба ҳайси доиранавоз даъват мешавад. Ҳамвора ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода супурда, тули панҷ сол аз беҳтарин устодони соҳа сабақи ҳунар меомӯзад. Аз соли 1993 то соли 1997 роҳбари бадеии Ансамбли «Шашмақом» - хонони Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба зима дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996  барои хизматҳои шоиста дар рушди санъати тоҷик бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст. 
Ӯ иштирокчии озмунҳои созҳои зарбӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Руминия  ҳам ба ҳунарнамоии ӯ баҳои баланд додаанд. Ҳамчун омӯзгори калони созҳои зарбӣ  чандин сол дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор карда, айни ҳол ин дойранавози чирадаст дар Мактаби бачагонаи мусиқии № 5 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ фаъолият дорад. Номбурда бо ҳунармандони машҳур, Ҳасан Уроқов, Раъно Пинхасова, Дониш Шахмуров, Барно Исоқова, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Нигина Рауфова ва дигарон ҳамкорӣ намудааст. Вай дар риштаи созҳои зарбӣ (сози дойра)  шогирдони бисёреро омода намудааст.  
Оид ба таваҷҷуҳи зиёди ҷавонони имрӯза ба ин сози мусиқӣ назари устодро пурсон шудем. «Чун мо мебинем, имрӯзҳо наврасону ҷавонон ба навохтани асбобҳои мусиқӣ шавқи беандоза  доранд. Асбобе, ки овози онро ҳамагон дӯст медоранд, ин дойра мебошад. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин сози мусиқӣ хеле зиёд аст. Агарчи асбобҳои аврупоӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, ин ба сози дойра ягон таъсири манфӣ нарасонидааст. Имрӯз ҳам ин соз талабгорони худро дорад. Агар шавқ бошад, дар ҷодаи интихобнамуда ба муваффақият ноил мешавӣ, инчунин агар касе хоҳад навозандаи беҳтарини дойра  шавад, пайваста бояд машқ кунад, чун  талаботи асбоб ҳамин аст». 
Санъат баҳрест беканор ва ҳунарманд шиноварест дар ин баҳр. Соиҳибҳунар метавонад бо он малакаю маҳорате, ки дорад машҳуру маҳбуби ҳамагон гардад. 
 
Дилрабо НАЗАРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2022    №: 136    Мутолиа карданд: 1301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед