Хабарҳо
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
ЗАМИН
Риоя нашудани қонунгузорӣ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад
Ба иттилои Раҳмон Юсуф, Прокурори генералӣ, дар давраи ҳисоботӣ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 4161 санҷиш гузарондааст. Дар натиҷа, 9079 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4838 кас ба ҷавобгарии моддӣ, 20424 ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 2487 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 577,3 миллион сомонӣ зарар барқарор ва 11186 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Дар ним сол прокуророн ба 924 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътирозҳои прокурорӣ оварданд, ки 741 ададаш вобаста ба қонунгузории замин мебошад.
- Ҳанӯз ҳам риоя нагардидани қонунгузории замин, ҳолатҳои худсарона ишғол намудани он ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ, алалхусус дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо хеле зиёд ҷой доранд. Бо мақсади пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар ин самт гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, 483 ҳолати худсарона ишғол ва тақсимоти ғайриқонунии қитъаи замин дар ду моҳи охир дар майдони 32,4 гектар замин ошкор гашт. Дар натиҷа, 483 иншоот ғайриқонунӣ бунёдгардида бартарф ва 63 қитъаи замин аз масолеҳи сохтмонӣ тоза карда шудааст, - гуфт Прокурори генералӣ.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО
Мушкилоте, ки сол ба сол доғ мегардад
Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 7265 ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Аз ин шумора 80 дарсади оилаҳо дар асоси қарори суд пошхӯрдаанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 8000 кӯдакони ноболиғ дар тарбияи як тараф (модар ё падар) боқӣ мондаанд.
Ин маълумотро дар нишасти матбуотӣ Музаффар Ашуриён, вазири адлия, ба хабарнигорон гуфт.
Дар посух ба саволи «Ҷумҳурият» Шараф Каримзода, муовини вазир, чунин гуфт: «Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бо номи Кодекси маъданӣ қисмҳои 1,2,3 дар хониши аввал аз ҷониби Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Пас аз таътили вакилон ин санад дар иҷлосияи навбатии парлумон қабул хоҳад шуд. Фикр мекунам, ки ҷомеаи ҳуқуқшиносони кишвар барои ивази номи кодекс мухолиф нестанд. Чунки моҳиятан кодекс муносибатҳои маданиро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба хулоса омад, ки номи он дар таҳрири нав Кодекси маданӣ гузошта шавад».
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
ХАТЛОН
Маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ афзуд
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилояти Хатлон тибқи ҳисоботҳо иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз рӯи континенти умумӣ ба андозаи 101 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 791,1 миллион 812,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин хусус сардори сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 103 дарсад таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 213,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба нақша 6,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1 июни соли равон бақияпулии қарзи андозҳо дар вилоят, дар маҷмуъ, 178,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,4 миллион кам мебошад. Дар ин давра ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббарбаркуниҳо аз буҷети вилоят 1107,0 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 98 дарсади нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, 959,2 миллион сомонӣ ё ин ки 87 дарсади маблағҳои буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон 152,7 миллион сомониро ташкил дода, то имрӯз 89,7 миллион сомонӣ ё 59 фоизи маблағ пардохт гардидааст. То охири моҳи ҳисоботӣ маблағҳои рухсатии меҳнатии омӯзгорон пурра пардохт мешавад.
Вобаста ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо қарори раиси вилоят дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои соҳаи маориф 10,4 миллион ва барои соҳаи тандурустӣ 1,4 миллион сомонӣ, ҷамъ 11,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли равон ҳаҷми маблағҳои барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ равонагардида нисбат ба соли гузашта 1,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
КӮЛОБ
Идораи беҳдошти замин дар қарз ғӯтидааст
14 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб Амирхон Маҳсиддинзода, директори Идораи зикршуда иттилоъ дод, ки норасоии техникаҳо мушкили асосии корхона ба шумор меравад. Ба гуфтаи мутасаддиён, беш аз 50 дарсади техникаҳои кории корхонаи мазкур фарсуда буда, ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Директор афзуд, ки дар тобеияти муассиса 69 техникаи корӣ буда, 35-тои он таъмирталаб аст. Феълан, барои боркашонӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо бо сабаби мушкили зикргардида, онҳо бештар аз техникаҳои кории хоҷагидорон истифода мебаранд. Ӯ зикр намуд, ки аз ҳисоби як лоиҳа ба идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру минтақаи Кӯлоб техникаҳои корӣ дастрас мешавад. Вале нагуфт, ки кай.
Ба суоли хабарнигори рӯзнома дар мавриди афзудани қарзи барқу андоз масъулон посух доданд, ки қарзҳои мавҷуда аз солҳои пеш аст. Дар ҳоле ки зимни нишасти қаблӣ онҳо қарзи истифодаи неруи барқро 11 миллиону 778 ҳазор сомонӣ, аз андоз 4 миллиону 229 ҳазору 600 сомонӣ, аз фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 миллиону 267 ҳазору 500 сомонӣ арзёби карда буданд. Ҳоло бошад, қарзи истифодаи неруи барқ ба 12 миллиону 515 ҳазор сомонӣ, андоз 5 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 миллиону 436 ҳазору 500 сомонӣ баробар шудааст. Яъне, қарзи корхона рӯ ба афзоиш дорад ё ба ибораи дигар гӯем, он дар қарз ғӯтидааст.
Суннати Содиқ, «Ҷумҳурият»
ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГӢ
Тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ
Дар шаш моҳи соли равон Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расондааст. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Маҳмуд Тошматов, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот, иброз намуд.
- Соли ҷорӣ Донишгоҳ дар амалӣ гардидани 7 лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), лоиҳаҳои Ташкилоти кореягии WTIT «Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ» фаъолона иштирок намудааст, ки дар такмили маҳорати касбии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён таъсири мусбат расондааст, - гуфт Маҳмуд Тошматов.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
ДДФС
Муассиса бо асбобҳои нави мусиқӣ таъмин шуд
Давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 5 фортепиано ворид шуд, ки ҳар кадом 11 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад. Дар ин бора Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкада, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Дар доираи лоиҳаи мазкур ба Донишкада тахтаи электронии интерактивӣ ва баъзе асбобҳои дигари барои таълим зарурӣ, инчунин, ҳар гуна асбобҳои мусиқӣ, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат менамоянд, ворид шуд, - афзуд М. Низомӣ.
Тавре дар ҷараёни нишаст маълум гардид, чандин сол боз чунин асбобҳои мусиқӣ ба Донишкада ворид нашуда буданд. Муассиса чунин асбобҳоро бештар аз мардум мехарид ва баъзе онҳоро баъди таъмир дар ҷараёни таълим истифода мебурд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3622