фарҳанг
ФАРҲАНГИ МУФИДИ ГУЛВОЖАҲОИ ЗАБОН
Дар ду ҷилду ба ҳаҷми 188,6 ҷузъи чопӣ ва ба андозаи бисту панҷ ҳазор вожаву ибора, таркиб ва истилоҳ ба нашр расидани «Фарҳанги Доро. Луғатномаи барчидаи тафсирӣ ва решашинохтӣ» аз ҷониби донишманди заҳматкаш ва шоири навпардози тоҷик Доро Наҷот ҳамчун самараи пурбору шаҳдбор ва барои аҳли илму адаб фароҳам оварда шудани шароити мусоид аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ин фарҳанг натиҷаи заҳматҳои шаборӯзӣ, бедорхобиҳои пайваста, аз назари мутолиа гузарондани 58 луғатномаи куҳану ҷадид, 338 осори бадеӣ (назму наср), забоншиносиву адабиётшиносӣ ва фолклор, 88 осори илмӣ, 52 манобеи решашиносӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, беш аз 30 манобеъ ва осори таҳқиқии муҳаққиқони хориҷӣ, силсилаи зиёди маҷаллаву рӯзнома маҳсуб гардида, аз заҳматписандии муаллиф гувоҳӣ медиҳад.
Муаллиф аз таълифи ин фарҳанг, чунон ки худи ӯ таъкид намудааст, ду ҳадаф доштааст, ки яке «пайгирӣ аз рӯнамову муаррифии вожагони хосса ва мутамоизи тоҷикӣ барои соири форсизабонони олам» ва дигаре «навъе саҳмгирии тоҷикона аз фароянди ҳамгунсозии гуфтору навиштор дар ҳавзаи форсизабонон, падид овардани як пайкараи муштараки вожаҳои тоҷикиву форсӣ ва мусоидат ба раванди ҷаҳонишавии забони бузурги форсӣ ва забони тоҷикӣ» будааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии Доро Наҷот дар фарҳанги мазкур инъикос кардани хидмати аҳли адаб дар ғаномандии таркиби луғавии забони тоҷикӣ мебошад. Ин аст, ки ӯ дастаи калони аносири луғавии гӯшнавозу руҳнавозеро аз осори адибони алоҳида гирд оварда, ҳамчун шоҳид байту порчаҳои алоҳидаро зикр намудааст. Дар ҷараёни шарҳи ин гуна калимаву ифодаҳо муаллиф маҳсули андешаи кадоме аз адибон буданашонро махсус таъкид мекунад, ки намунаҳои зайл шоҳид ба ин гуфтаҳоянд: Нафасдуд «нафаси дудмонанд; дуди нафас. Вожае тозасохт ва аз дидгоҳи шеършиносӣ намунае аз ҳанҷоргурезии вожагонист, бад-ин гуна, ки шоир бар ҳасби қиёс ва гурез аз қавоиди сохти вожа дар забони ҳанҷор, вожае тоза бисозад; раҳтор «роҳи симӣ…Ин вожаи барсохтаи Р. Ваҳҳоб аст»; дарёфтгар «1. Шахсе, ки чизеро (мисли пул ё нома) мегирад ё бояд бигирад; дарёфткунанда. 2. Шахсе, ки ба василаи ҷустуҷӯ ё таҳқиқ чизе ё матлаберо меёбад; ёбанда. 3. Он ки ба дарёфти унвон, ҷоиза ё имтиёзе ноил ояд; баранда; вожаи ҷадидест, ки дар ҳафтаномаи «Чархи гардун»…мавриди корбурд қарор гирифтааст».
Аз қиёсу муқобалаи чунин луғот маълум мешавад, ки ин гуна аносири луғавӣ ба ду даста ҷудо мешаванд: 1) онҳое, ки бархе аҳли адаби имрӯза дар заминаи қолабҳои куҳанбунёди вожасозӣ эҷод намудаанд: хазонборон «хазонрез» (Лоиқ), гултабассум (Лоиқ), баҳорҷӯш «1. авҷ ва қиёми баҳор; 2. пур аз баҳор» (Фарзона), навнигар «дорои диди тоза, навандеш» (Фарзона), ниниёна «тифлона, кӯдаквор» (Фарзона), рӯсарӣ «пӯшиши сари бонувон, рӯймол» (Фарзона), шабсиришт «тирадил, дарунторик»; офтобшиношин «вақти ғуруби Офтоб» (А. Самад), абрсор (Ардамеҳр), архидан «боло рафтан, сууд кардан»; булбулидан «булбул шудан; нағмасароӣ кардан» (Ардамеҳр), дилобхӯр «шахси ба дил наздик, ҳамдам» (Ардамеҳр), мушкмаст «мастшуда аз бӯи хуши мушк» (М. Аҷамӣ), бӯсамарг «марги аз ғояти ҳаяҷон дар айни бӯсидан ё оғӯшидан фарорасанда» (Р. Назрӣ), тозишгоҳ «майдони бузкашӣ» (С. Зарафшонфар) ва монанди инҳо; 2) онҳое, ки шоиру нависандагони муосир бо истифода аз маводи гӯйишҳои мухталифи тоҷикӣ дар осори хеш корбаст кардаанд. Чунин иқдомро аҳли адаб ҳадафмандона пеш гирифтаанд, зеро маълум аст, ки ҳар кадом гӯйиш вазифаи «осорхонаи таърих»-ро иҷро намуда, вожаву таркиб ва ибораҳои дар он маҳфузмонда мувозии дар маҳал паҳнгардидаи таърихи забон ба шумор меоянд. Аксари кулли ин гуна унсурҳои луғавӣ гузаштаи беш аз ҳазорсола доранд, ки намунаҳои зер шоҳиди чунин иддаоянд: базарда «нотарс, ҷасур, далер» (Лоиқ), бардошт «…сабр, таҳаммул, бурдборӣ» (Лоиқ), каш «зери бағал» (Гулрухсор), варсоқӣ «сухани бемаънӣ, сафсата, ёва, жож (Лоиқ), аранге «андаке, огоре» (А. Самад), бафурҷа «бидуни саросемагӣ, оҳиста» (А. Самад), бухча «бастаи либосҳо ё газвор андар ба як тикка матоъ» (А. Самад), аноӣ «сода, содалавҳ, гӯл, нодон» (Баҳманёр), ламидан «фурӯ рехтан; чӯкидан» (Баҳманёр), бефара «бемадор, хаста, шалпар» (С. Ғаффор), пуркидан «паридани ранг, чашм» (Р. Назрӣ), балғоч «шодиёна, себанча; муждагонӣ» (Р. Ваҳҳоб), ғот «вақт, ҳангом» (Р. Ваҳҳоб), аттанг «афсӯс, дареғо, ҳайфо» (С. Зарафшонфар), тилтондан «ҷунбонидан, ларзонидан» (М. Салим).
Дар ҷараёни таҳлил ва шарҳу эзоҳ муаллифи фарҳанг ба замон ё осори куҳане ишора кардааст, ки ин навъи аносири луғавӣ дар онҳо дучор гардидааст.Чунончи, муаллиф дар гуфтори имрӯзаи тоҷикӣ мустаъмал будани феъли ёридан ёристанро қайд намуда, дар мутуни қадими исломӣ, аз ҷумла «Табақот-ус-сӯфия» ва «Кашф-ул-асрор» фаровон ба чашм расиданашро таъкид намудааст. Аз ин гуна шарҳҳои Доро Наҷот пайдост, ки муаллиф аз гӯйишҳои мухталифи минтақаҳои тоҷикнишин огоҳии хуб дорад, сурати дигари забони аслии куҳан маҳсубгардии лафзи мардумиро на танҳо комилан ҷонибдорӣ мекунад, балки ҳарчи бештар мавриди истифода қарор додани дурдонаҳои дар байни онҳо вуҷуддоштаро яке аз роҳҳои асосии такмилдиҳии захираҳои луғавии забон меҳисобад. Ин аст, ки онҳо дар «Фарҳанги Доро» нақши калидвожаҳоро бар дӯш доранд. Дар ҷараёни тафсири лафзи гӯйишӣ муаллиф ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ додааст, ки маҳали мушаххаси корбурди онҳоро ба хонанда пешниҳод намояд. Чунин усули кори соҳиби фарҳангномаро дар мисоли калимаҳои зерин метавон дарк кард: абасун авсун «зани бародар, зани додар» (дар гӯйиши шимолӣ), «зани ҳевар» (дар гӯйиши ҷанубӣ), баарзе «касе, андаке» (дар гӯйиши ҷанубӣ), бӯёфт (бӯёфти зиндагӣ «он чи барои зиндагӣ ба даст ояд; лавозимоти рӯзгор (пул, либос, хӯрокворӣ ва чизҳои дигар)», ин ибора дар гӯйиши водии Зарафшон роиҷ аст), васак «пӯсти коҳпуркардаи гӯсола, ки онро назди модгови дӯшоии бегӯсола нигоҳ дошта, бад-ин васила бештар шир медӯшанд (мустаъмал дар гӯйиши мардуми Панҷакент ва Ромит), вурсук (мустаъмал дар гӯйиши вахёӣ-раштӣ ва навоҳии Кӯлоб)…
Ба ин тариқ, муаллиф ҳангоми зикри қаламрави ин гуна захираҳои луғавӣ ибораву ҷумлаҳои эзоҳии зайл: «ин вожа дар бархе навоҳии ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст», «мустаъмал дар гӯйиши навоҳии ҷануби Тоҷикистон», «дар гӯйиши мардуми Такнови ҷанубу шарқии минтақаи Кӯлоб», «дар навоҳии шимоли Тоҷикистон гӯянд», «дар гӯйиши мардуми навоҳии шимоли Тоҷикистон», «дар гӯйиши сокинони водии Лахш», «дар гӯйиши мардуми водии Зарафшон», «вожаи мазкур дар гӯйиши водии Зарафшон роиҷ аст», «роиҷ дар тадовули мардуми водии Зарафшон», «мустаъмал дар гӯйиши мардуми ноҳияи Панҷакент», «мустаъмал дар гӯйиши мардуми Мастчоҳ», «дар гӯйиши марказ ва ҷануби Тоҷикистон», «дар гӯйиши навоҳии марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон», «мустаъмал дар гӯйиши тоҷикони Андарақи Қирғизистон», «аз гӯйиши Хуҷандиён», «дар лаҳҷаи мардуми Конибодом», «дар гӯйиши мардуми Ромит», «дар гӯйиши мардуми Зидеҳи ноҳияи Варзоб», «мустаъмал дар гуфтори мардуми Фарғона», «дар гуфтори тоҷикони водии Фарғона», «дар лафзи мардуми рустои Урметани ноҳияи Айнӣ», «мустаъмал дар гӯйишҳои Помир ва Дарвоз», «мустаъмал дар гӯйиши мардуми Исфара ва Зарафшон», «мустаъмал дар гӯйиши Муъминобод, Сарихосор, Ховалинг, Даштиҷум», «дар гӯйиши тоҷикии вахонӣ ва ишкошимӣ» ва даҳҳои дигарро ба кор бурдааст.
Як тафовути ҷиддии «Фарҳанги Доро» аз дигар луғатномаҳои муосири тоҷикӣ ин аст, ки он ба ҷуз тафсирӣ буданаш боз як навъ фарҳангномаи решашинохтӣ (этимологӣ) низ маҳсуб меёбад, зеро муаллиф дар раванди эзоҳи маънои луғавии вожагон кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба хонанда асли решаи онҳоро инъикос намояд ва тақдири баъдияшонро ошкор кунад. Ин аст, ки муаллиф гоҳ муфассал ва гоҳи дигар мухтасар сайри таърихии чунин калимаҳоро аз асос, яъне забонҳои ҳиндуаврупоӣ, оғоз карда, то гунаи имрӯзаашон баррасӣ намудааст. Чунончи, муаллиф доир ба гардиши таърихии вожаи мағоза чунин навиштааст: «… асли ин вожа аз «ганҷ»-и форсиву тоҷикӣ буда ва дар арабӣ ба «канз» бадал ёфтааст. Гунаи дигар аз ин вожа дар арабӣ «хазн» аст ба маънии мол ба ганҷина ниҳодан, ки аз он вожаҳои дигаре чун «хазина», «хозин», «махзан» ва рехти ҷамъи он «махозин» сохта шудаанд. Вожаи «махозин» аз арабӣ ба забонҳои аврупоӣ интиқол ёфта, маънии фурӯшгоҳи бузургро ба худ касб кард бад-ин зайл: фар. magasin; ол. magazin; исп. Almacеn; р. магазин. Вожаи мазкур ниҳоятан аз забонҳои аврупоӣ ба хостгоҳи худ бо рехти туркишуда, яъне «мағоза» баргашт, ки бавижа дар забони тоҷикӣ корбурди фаровоне дорад».
Ҳамин гуна қайдҳои этимологиро метавон дар нисбати аносири луғавии адир, дору, танӯр, ботлоқ, атлас, дим, ловидан, полахта, халта, харбуза, фириснофа, шӯбон, шумшук ва садҳои дигар дучор омад.
Лозим ба таъкид аст, ки Доро Наҷот ҳангоми таҳлили решашинохтии ин гуна вожаҳо ду усули шарҳро пеша кардааст: 1) бо такя ба маводи фарҳангномаҳои мансуб ба забонҳои мухталиф асли баромади онҳоро баррасӣ кардааст; 2) бо коргирӣ аз мушоҳидаҳои хеш сабаби чунин номгузорӣ шуданашонро изҳор намудааст. Чунончи: вожаи говлес «бо ташбеҳ аз алафхӯрии гов дар мазраа сохта шудааст, зеро гов алафро аз замин чунон мехӯрад, ки чизе боқӣ намемонад ва ба лесида тоза кардан мушобеҳ аст»; карсокӣ – «номи ин навъи зардолу сохта аз исми савт аст, зеро ғӯлинги комилан хушк ва сахти он ҳангоми хӯрдан аз зери дандон садое бармеорад шабеҳи «карс-карс»; лаққӣ – «ин вожа мубаддал аз лак аст ба маънии «ҳарзагӯй»; девкор – «…ин вожа дар заминаи мақоли «дев барин кор мекунад» сохта шудааст».
Дар фарҳангномаи мавриди таҳлил ба ҷуз шарҳи этимологии вожаҳои муқаррарии забон хонанда, инчунин, бо эзоҳи решашинохтии ҷойвожаҳо (топонимҳо) низ дучор меояд.
Яке аз муҳассаноти дигари «Фарҳанги Доро» ба нуқси ташреҳ марбут аст. Муаллиф дар ҷараёни тафсири унсурҳои луғавӣ ба ҳусну қубҳашон таваҷҷуҳи хешро равона карда, ба бархе хатоҳои онҳо, монанди шарҳи ғалати маънои вожаҳо дар иддае аз фарҳангномаҳо ё баргардони мутун, ба эътибор нагирифтани тафовути маъноии калимаҳои наздикталаффуз, вайрон намудани тарзи талаффузи саҳеҳи вожаҳо, хониши нодурусти онҳо ҳангоми баргардон аз хатти арабӣ ба кириллӣ ва монанди инҳо назари хешро баён кардааст, ки комилан дуруст аст. Чун муште аз хирвор ин ҷо чанде аз онҳо ишора мешавад: «Ору -…вожаи асили ориёӣ ва вожаи забони тоҷикист; аммо бештари қаламкашону адибон аз корбурди «ору» бе ҳеҷ сабаб «ор» карда, ба ҷои он «занбӯр» менависанд, дар ҳоле ки «занбӯр» аз «зунбӯр»-и арабист»; гирдоб – «бархе аз фарҳангҳои тоҷикӣ гирдобро ба маънии "гирдбод" шарҳ додаанд, ки ғалат аст; «гумоб аз гирдоб куллан фарқ дорад»; муҳол «…дар тадовули тоҷикӣ ин вожаро, ҳамчунин, "маҳал" талаффуз кунанд ки ғалат асл; "маҳол" дар забони арабӣ ҷ. маҳал асг, яъне, маҳалҳо»; обсол – «баҳорон, ҳангоми баҳор»; дар фарҳангҳо «обсол» ва «обсолон»-ро ба маънии «боғ» гирифтаанд, ки саҳеҳ нест»; малла «…ранги зарди моил ба сапед ва ё зарди моил ба сурх…ин вожа дар баёни ранги мӯй бештар ба забон ояд…»; одмиёна – «…он чи дар ҳадди миёна арзёбӣ шавад…ин вожа бештар мансуб ба либос аст; яъне на наву на куҳна; на шоҳонаву на фақирона; на пурҷилову на паридаранг…»; «…бархе фарҳангҳои тоҷикӣ «посанг» ё «порсанг»-ро ба маънии «санги тарозу» тафсир кардаанд, ки ғалат аст; посанг баробаркунандаи ду кафаи тарозуст, аммо санги тарозу ё вазна, чизест, ки вазнро дақиқ мекунад»; «тафовути маъноии «тола» аз «ёла» дар он аст, ки «тола» мушаххасан ифодагари гарданаҳо ва пуштаву теппаҳои воқеъ дар ситеғи кӯҳҳои баланд аст»; «вожаҳои рама, пода ва гала дар гуфтори мардуми тоҷик фарогир аз маъниҳои мушаххасанд: «рама» ба гӯсфанду буз ва «пода» ба гов итлоқ мешавад; «гала» корбурди густурдае дорад, бо ин вуҷуд рамаро «гала» нагӯянд, пас вожаи «рама»-ро ба маънии «галаи бузу гӯсфанд» шарҳ додан саҳеҳ нест»…
Ба ин тариқ, «Фарҳанги Доро» луғатномаи мухталифтафсир ба шумор омада, он аз ҳар ҷиҳат: такомули таркиби луғавӣ, ташреҳи маъно, эзоҳи сайри таърихии вожаҳо, болоравии ҳусни баён, пайдо намудани ошноӣ аз забон ва услуби адибони гузаштаву имрӯза ба хонанда мадад хоҳад расонид.
Воқеан, барои анҷом додани чунин фарҳангномаҳо одатан гурӯҳи калони корӣ солиён машғул мешаванд, гирдоварии маводи он кори панҷ солу даҳ сол нест, вале Доро Наҷот ҳамчун шахси заҳматкашу мушкилписанд аз уҳдаи иҷрои ин гуна кори сангин бо сарбаландӣ баромадааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки фарҳангномаи тазаккурёфта аз ҳар ҷиҳат арзандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм аст.
Абдуҷамол ҲАСАНЗОДА,
профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2022 №: 137 Мутолиа карданд: 1467