logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Ҳамсуҳбатам Файзулло Юлдошев, зодаи деҳаи Эшонқӯрғони ноҳияи Деваштич, ки синнаш 85-ро убур кардаасту дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат кашида, алҳол ба деҳқонӣ рӯ овардааст, лаҳзаҳои хотирмони умри хешро ба забон оварда чунин мегӯяд:
- Соле аз 3 садяк замин 1000 дона тарбуз гирифтам.
Медонед, чанд сол қабл фарзандам Иззатулло аз Россия баргашту иброз намуд, ки 25 ҳазор рубли русӣ кор кардааст. Ман гуфтам, ки корат дар муҳоҷират бад не. Аммо модарат Кифоят дар ҳамин ҷо дар як мавсим 800 дарза алаф баст, 80  банд топилла (навдаҳои зиёдатии ток ҳангоми буридан) барои ҳезум овард. Боз меваи хуч чида ба маблағи 2000 сомонӣ фурӯхт. Бодому чормағзи фурӯхтааш ҳам  аз 1,5 ҳазор кам нест. Акнун худат гӯй, писарам, даромади ту зиёд ё  аз они  модарат?!  Ҳа, бачам, агар ба замин меҳр монӣ, бо он забон ёбӣ, чандсола даромади Россияро аз зодгоҳат ҳам ёфтанат мумкин…
Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии «Набиев», ки алҳол акаи Файзулло бо фарзандонаш узви он мебошанд, чун саҳм 6 гектар замин дорад, ки аз он 4 гектараш обию 2 гектараш лалмӣ аст. Дар 70 садяк боғу ток бунёд намудааст. Хусусан, ангури чиллагиро, ки  бо ширанокии баландаш номи Ғончиро  машҳур кардааст, аз нав  эҳё менамояд. Аз саҳми замини доштааш ғайр аз эҳтиёҷи аҳли хонадон, боз 30 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад. Ба ин даромади картошкаю сабзӣ, анору себ, бодому чормағзу шафтолу, помидору бодиринги  қитъаи назди ҳавлӣ дохил намешавад.
- Дар оила гову гӯсфанд, мурғу харгӯш дорем. Шукр, ба ягон чиз  муҳтоҷ нестем. Соли рафта  як тонна ғалла фурӯхтем. Имрӯз маводи озуқавории захиракардаамон аз ду сол ҳам зиёдатӣ мекунад,- мегӯяд деҳқони чашмикордон Файзулло Юлдошев.
Беҳуда нагуфтаанд, «Замин зар – деҳқон заргар». Агар ба замин мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ кор бигирӣ, содиқона меҳнат намоӣ, пас, ба дастовардҳое ноил мешавӣ, ки ҳоҷати ба кишварҳои дигар ба муҳоҷират рафтан боқӣ намемонад.  
 
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2022    №: 137    Мутолиа карданд: 610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед