иқтисод
ҶДММ “САТН” МУАРРИФГАРИ САНОАТИ СУҒД
ҶДММ “САТН” миёни дигар коргоҳҳои манотиқи кишвар дар соҳаи саноати сабук аз ҷумлаи муваффақу пешқадамтарин маҳсуб меёбад. Он ба истеҳсоли ресмону матоъ ва маҳсулоти тайёр, аз қабили шиму курта, нимтанаҳо ва шортҳо машғул аст. Нишондиҳандаи истеҳсолии корхона дар соли 2021 ба 91,8 миллион сомонӣ расид, ки ин рақам баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи номгӯи маҳсулоти корхона дар заминаи муосиртарин хатҳои технологии ширкатҳои машҳуру бузурги Аврупо: аз қабили Savio, Marzolli, Panterra ва Tonellо, ки ба кишварҳои Белгия, Олмон ва Италия мутааллиқанд тавлид ёфта, бо брендҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба бозорҳои мамлакатҳои Аврупо ирсол мешаванд.
- Албатта, барои расидан ба чунин сатҳи баланди истеҳсолию рақобатпазирии бозори ҷаҳонӣ мо роҳҳои зиёдро тай кардаву зинаҳои гуногунро паси сар намудем ва қадам ба қадам, марҳила ба марҳида пеш рафтем. Агар солҳои аввал дар корхона ҳамагӣ 62 нафар бо ҷои кор таъмин шуда, коркарди солонаи нахи пахта 400 тоннаро ташкил медод, ҳоло бошад, дар корхона кормандон 580 нафарро ташкил дода, коркарди то 800 тонна нахи пахта роҳандозӣ мешаваду дар ин раванд, дар иртибот ба талаботи бозор корҳо идома доранд. Низоми бозоргонӣ тақозо дорад, ки ҷиҳати фаъолияти босамару бо талаботи рӯз қадам гузоштан, доимӣ дар талошу такопӯй бошем. Ва мавқеи устувори кунунии мо маҳз бо иҷрои чунин шартҳои низоми бозоргонӣ побарҷост, - мегӯяд Илҳом Бобозода, директори генералии ҶДММ “САТН”.
Метавон ифтихор кард, ки ҳоло сад дарсад сари дастгоҳҳои замонавии истеҳсолӣ мутахассисони маҳалӣ қарор дошта, тавлиди молу маҳсулотеро роҳандозӣ кардаанд, ки муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду аз ширкатҳои харидоркунанда дар давоми фаъолияти беш аз 15-сола ҷиҳати сифати маҳсулот эътирозе нарасидааст.
- Ибораи маҳсулот барои анбор ба ҷомеаи меҳнатии мо бегона аст. Ҳар нафари сари дастгоҳбудаву ҳар тарроҳи маҳсулот ба натиҷаи ниҳоии маҳсулоти сифатнок ҳавасманд аст, зеро он ҳадду сатҳи музди меҳнаташро муайян месозад. Дарвоқеъ дар “САТН” имрӯз музди миёнаи маош яке аз баландтаринҳо дар соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, зиёда аз 2600 сомониро ташкил медиҳад, - афзуд роҳбари корхона.
Солҳои охир дар шаҳру навоҳии вилоят боз чандин корхонаҳои коркарди нахи пахта, ресандагӣ, истеҳсоли матоъ ва либос мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то 2 ҳазор ҷои нави кор таъсис ёфтааст.
Имрӯз маҳсулотҳои истеҳсолкардаи корхонаҳои “САТН”-и шаҳри Хуҷанд, “Органик Ян”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Қолинҳои Қайроққум”-и шаҳри Гулистон ва боз даҳҳои дигар аз лиҳози сифат бештару беҳтар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифта, Тоҷикистонро чун кишвари тавлидкунанда муаррифӣ доранд, ки ин масъала аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2022 №: 137 Мутолиа карданд: 1250