суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба муносибати дар соли 2010-ум пойтахти фарҳанги исломӣ
эълон гардидани шаҳри Душанбе, 18 майи соли 2010
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.
Олиҷанобон, вазирон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мусулмон!
Ҷаноби Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ!
Ҷаноби Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф!
Меҳмонони олиқадр!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳу
Таҷлили рӯйдоди басо муҳими фарҳангӣ ва сиёсӣ – ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар қитъаи Осиё дар соли 2010 эълон гардидани шаҳри Душанбе – на танҳо барои сокинони пойтахти мамлакат, балки барои тамоми мардуми тоҷик ҷашни муборак аст.
Бо ифтихору саодатмандӣ ин ҷашни таърихии пойтахтро ба ҳамаи мардуми мусулмони кишвар ва меҳмонони арҷманду ҳозирини гиромӣ табрик мегӯям.
Қарори Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) дар бораи эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ далели эътирофи он аст, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатии худ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани мероси динӣ ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва олами ислом шоҳиди он эҳтирому арҷгузории бузурге мебошанд, ки мардуми Тоҷикистони муосир нисбат ба мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва ниёгони номвари худ мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки дар тӯли 16-17 соли охир дар сатҳи умумимиллӣ баргузор шудани ҷашнвораҳои абармардони фарҳангу рисолати исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом, соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани соли 2009, ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон, оғози корҳо оид ба бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар мисолҳои равшани раванди ҳимоя ва густариши арзишҳои волои исломӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвари мо мебошанд.
Мо ба дини бобову падаронамон чун ба як сарчашмаи покизаи рӯҳонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Воқеан, гузаштагони бузурги мо – даҳҳо шахсиятҳои мӯътабар – дар густаришу ривоҷи дини мубини ислом саҳми бузург гирифтаанд. Ин пешвоёни шариату тариқати ислом дар адои рисолати он, парвариши ақлу басират, ахлоқу одоби нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ хизматҳои бебаҳо кардаанд.
Ба ибораи дигар, ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо мебошад. Ҳама хуб медонем, ки шеъру сухани оламгир ва девону дафтари ибратомӯзи олимону шоирони гузаштаамон дар омезиш бо дини ислом ва суннатҳои волои он густариш ёфтаанд.
Қуръони маҷид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо забони модарӣ барои мардуми мо дастрас шудааст, ҷиҳати дарки каломи раббонӣ, мероси гузашта ва суннату оинҳои аҷдодии мо ёварӣ намуда, барои азбар намудани арзишҳои фарҳанги исломӣ ҳамарӯза раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯз дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият эҳёи арзишҳои ахлоқиву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Мо онҳоро на фақат василаи беҳтарини тарбияи наслҳо медонем, балки омили ҳатмии худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Зеро тамаддуни ислом худшиносиро инкор накарда, мӯъминро бародари мӯъмин хондааст ва ҳикмати бузургеро таъкид кардааст: «ҳар кӣ худро шинохт, Худои худро шинохт».
Воқеан, миллате, ки худшиносии миллиро аз даст додааст, аз файзи хираду фарҳанги исломӣ ва умумибашарӣ низ дар канор мемонад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар рушду густариши фарҳанги исломӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад. Дар шаҳри Душанбе Шӯрои уламо ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва гимназияи назди он, Маркази давлатии исломшиносӣ фаъолият доранд. Дар пойтахт 18 масҷиди ҷомеъ ва 40 масҷиди панҷвақта доимо амал мекунанд.
Пойтахти кишвар гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддун бе марказҳои тавонои илмиву фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз мо шаҳри Душанберо хонаи умеди тамоми тоҷикон, симои миллату кишвар, маркази илму пойгоҳи маърифат медонем. Беҳуда нест, ки як теъдод донишмандони Душанбе бо ҷоизаҳои гуногуни Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) сазовор дониста шудаанд.
Шаҳри Душанбе шаҳри ҷавони куҳанбунёд ва шаҳрест, ки шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, рӯзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмониву ҷашнҳо, падидаҳои сиёсиву фарҳангӣ мебошад. Саҳми бузурги пойтахтро дар таҳкими сулҳи комили Тоҷикистон ба инобат гирифта, шаш сол қабл онро ЮНЕСКО бо ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором дар солҳои 2002-2003 қадр намуда буд.
Имрӯз Душанбе бо як қатор марказҳои бузурги давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои исломӣ (Анқара, Теҳрон, Лоҳур) паймони бародарӣ ва муносибатҳои неки фарҳангӣ дорад. Солҳои охир дар ин маркази кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза пайдо карда, ҳар як иморату иншооти навсохт боиси ҳусну шукӯҳи шаҳр ва ифтихори сокинони он мегардад.
Дар айни замон мо барои эҳёи меъмории суннатии милливу исломӣ ва ҳифзи хусусиятҳои беҳтарини зиндагии аҷдодамон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе моро вазифадор месозад, ки он ба шаҳри боз ҳам зебову обод ва намунаи олии фарҳангиву ахлоқӣ, макони мусоиди зуҳуроти озодии эътиқод ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо табдил дода шавад.
Итминони комил дорам, ки пойтахти Тоҷикистон рисолати масъулиятноки худро дар сатҳи баланд идома дода, ба маркази ҳамешагии сулҳу ваҳдат, рушду камолоти инсон ва маърифату фарҳанги исломӣ табдил хоҳад ёфт.
Худованд дар ин ҷода моро тавфиқ ато фармояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3242