иҷтимоиёт
СУҒД. ҲАМКОРИҲО БО ҲИЛОЛИ АҲМАР САМАРИ ЧАШМРАС ДОРАНД
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кумак расондан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ зарардида, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, фаъолият мекунад.
Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин, дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тамоми чораҳоро меандешад, то теъдоди бештари ашхоси ниёзманд ба кумак фаро гирифта шаванд. Зеро мақсади асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона ба табақаҳои муҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодӣ ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.
ТАҲКИМИ ҲАМКОРӢ БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА АҲОЛӢ
Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022 бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”, Оинномаи Ҷамъият ва принсипҳои бунёдии хеш, нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро доир ба беҳтар намудани фаъолияти филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар пленум, ҷаласа, вохӯриҳо ва раёсати дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баён гардида буданд, ба роҳ монд.
Тавре Парвиз Ҷабборзода, котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои мухталифи хайриявию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ ташкил ва гузаронда шуданд.
Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд якҷо бо 16 котиби иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти кории худро зич ба роҳ монда, дар ин давра байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамагӣ 48 вохӯрӣ, 305 чорабинии гуногуни хайриявию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ дар донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонаю муассисаҳо, инчунин, 144 баромад тавассути радио ва телевизионҳо, чопи мақолаҳо дар нашрияҳо сурат гирифтанд.
Кормандон, ҳамзамон, бо роҳбарони як қатор идораву корхонаҳо вохӯриҳо доир карданд, ки дар онҳо зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд. Ба онҳо оид ба фаъолияти ҶҲАТ, омодагӣ ва эътино намудани аҳолӣ дар вақти офатҳои табиӣ, тарзи дурусти расондани кумаки аввали тодухтурӣ маълумоти мушаххас дода шуд.
800 БЕХ НИҲОЛИ РОЙГОН БА МУАССИСАҲОИ ИҶТИМОӢ
Бояд гуфт, ки Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ҳар сол дар ярмаркаҳои фурӯши ниҳолҳо фаъолона иштирок намуда, давоми шаш соли охир беш аз 8000 бех ниҳоли дарахтонро харидорӣ ва барои муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ба таври ройгон пешниҳод намудааст.
Аз ҷумла, дар ярмарка-фурӯши ниҳолҳое, ки бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, котиби иҷроия ва кормандони Филиали ҶҲАТ дар вилоят ба якчанд муассисаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус маркази вилоятии мубориза бо бемории сил ва беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Бӯстон, Истиқлол ва Гулистон ба миқдори 200 - ададӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва кӯчати гули садбарг дастрас намуд.
КУМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ
Чорабинии бузурги хайриявии дар семоҳаи дуюм баргузоргардида ин дар асоси Созишномаи ҳамкории қаблан миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баимзорасида, дар моҳи шарифи Рамазон тақсимоти кӯмаки башардӯстонаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба табақаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба ноҳияи Айнӣ (500 оила), шаҳри Истиқлол (500 оила) ва шаҳри Бӯстон (150 оила) буд.
Кумаки башардӯстона ба оилаҳои ниёзманд аз орди гандум, равғани рустанӣ, биринҷ, шакар, макарон, лӯбиё ва ғайра иборат буд.
Ба масъалаи тақсимоти кумаки башардӯстона қаблан омодагӣ дида, дар асоси мактуби расмии Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ба раисони шаҳру ноҳияҳои болозикр, рӯйхати табақаи ниёзмандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардид.
ТЕЪДОДИ АЪЗО БА 6602 НАФАР РАСИД
Дар вилоят ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 353 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 6602 аъзоро муттаҳид менамоянд, фаъолият доранд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 4 адад афзоиш ёфтааст. Шумораи аъзо ба 6602 нафар расидааст, ки дар ҳамин давраи соли 2021 ба 6563 нафар баробар буд. Шумораи волонтёрон бошад ба 2811 нафар расид. Дар нимсолаи аввал шумораи аъзо 9, волонтёр 7 ва ташкилотҳои ибтидоӣ 5 дарсад афзуд.
Дар ин давра ба филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру навоҳӣ ҳамагӣ 1298 ариза, бахусус 281 ариза ба унвони Филиали ҶҲАТ дар вилоят ворид гашт. Аз он 23 ариза барои баррасӣ ба филиалҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, 87 ариза аз ҷониби Филиали ҶҲАТ дар вилоят сари вақт баррасӣ шуда, муроҷиаткунандагон бо маводи хӯрока ва бархе онҳо бо маблағ ва маводи гигиенӣ таъмин гаштанд.
Аризаҳо асосан аз ҷониби шаҳрвандони ниёзманд, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, пиронсолон ва модарони яккаву танҳо, шахсони бепарастор ва ятимони кулл ворид гардиданд, ки мазмуни аксарияти онҳо ин расондани кумакҳои моддӣ ва молиявӣ мебошад. Барои қонеъ намудани аризаи муроҷиаткунандагон зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маблағи нақд ва зиёда аз 12 ҳазор сомонӣ маблағ барои харидории маводи хӯрока ҷудо шуд.
Ин маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон тавассути сандуқчаҳои хайриявӣ, маблағҷамъкунии анъанавии фандрайзинг ва ҳаққи аъзогӣ ҷамъоварӣ шудаанд.
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ НАҚШАИ МОЛИЯВӢ
Гарчанд, 4 филиал аз уҳдаи иҷрои нақшаи оинномавӣ ва молиявӣ набаромад ва нақшаи худро сари вақт таъмин карда натавонист, нақшаи молиявии Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 197 ҳазору 198 сомонӣ ё худ 102,2 дарсад иҷро гардид. Нақшаи молиявии худи Филиали ҶҲАТ дар вилоят дар ин давра 125,8 дарсад иҷро шуд, ки 80 ҳазору 124 сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб 15 дарсад, яъне 27 ҳазору 500 сомонӣ ба хазинаи дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон интиқол ёфт.
Бояд гуфт, ки нигоҳдории филиалҳо ва бинои кории Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд аз ҳисоби худтаъминкунӣ ба роҳ монда шудааст. Пардохтҳои музди маоши кормандони филиали вилоятӣ ва хизматҳои коммуналӣ низ аз ҳисоби худи филиал амалӣ мешаванд.
- Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо филиалҳои шаҳриву ноҳиявӣ минбаъд низ баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳо кушиш ба харҷ медиҳад ва фаъолияти худро дар доираи ҷашнҳои бузургу таърихӣ – 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии таъсисёбии ҶҲАТ боз ҳам ҷоннок менамояд, - гуфт дар охири суҳбат Парвиз Ҷабборзода.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2022 №: 137 Мутолиа карданд: 958