иҷтимоиёт
«ТОҶИКОН». НАҚШИ МЕҲВАРИИ КИТОБ ДАР КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Халқи тоҷик аз қадим чун мардуми бунёдкор ва тамаддунофар маъруф аст ва тули таърих баҳри истиқлоли худ ба муқобили аҷнабиён муборизаҳову ҷоннисориҳои зиёде кардааст, ки ин ҳама дар китоби "Тоҷикон"- и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров таҷассум ёфтааст. Китоб беҳтарин шоҳасари таърихӣ буда, барои боло бурдани эҳсоси худшиносии насли имрӯзу фардо чун манбаи муҳими илмӣ хидмат хоҳад кард.
«Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, дар он аз таърихи сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳ шудани тоҷикон ба таври возеҳ маълумоти фаровони илман асоснок пешниҳод гаштааст. Метавон гуфт, ки академик Бобоҷон Ғафуров бо навиштани китоби мазкур барои эҳёи таърихи миллати тоҷик, баланд бардоштани мақоми тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ хизмати шоиставу мондагор анҷом додааст. Муаллиф дар китоб сарнавишти халқи тоҷик, давраҳои муҳимтарини таҳаввул ва ташаккули онро бо далелҳои раднопазири илмӣ собит намуд. Равандҳои этникиро, ки аз давраҳои қадим ҷараён гирифта, аз халқиятҳои суғдиён, хоразмиён, фарғониён, бохтариён, тахориён ташаккул ёфтани халқи тоҷик гардидаанд, собит сохт. Ӯ бо ин ва далелҳои дигари раднашаванда таъкид намуд, ки тоҷикон қадимтарин халқҳои бумии Осиёи Миёна мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастрасӣ пайдо намудани ҳар як шаҳрванди кишвар ба ин сарчашмаи боэътимоди таърихи миллат дастур доданд, ки «Тоҷикон» нашр ва ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим карда шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили дастгирӣ мебошад, зеро мутолиаи китоб дар қавӣ намудани хотираи таърихии мардум ва боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо асари нек мегузорад. Хонанда аз он ба суолҳои зиёде ба мисли аҷдодони мо киҳо буданд? Чӣ урфу одату анъана доштанд? Қаблан чӣ гуна зиндагӣ доштанду давлатдорӣ менамуданд? Дар рушди илму адабиёти ҷаҳон чӣ саҳме доранд ва монанди инҳо посух дармеёбад, ки барои ҳар инсони комил муҳим мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низ бо мақсади таблиғи китоби «Тоҷикон» миёни донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун пайваста чорабиниҳо баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯёни коллеҷ фаъолона ширкат меварзанд. Чунончӣ чанде пеш байни донишҷӯёни коллеҷ ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент озмуни беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон» баргузор шуд. Дар он донишҷӯёне, ки ҷойҳои сазоворро соҳиб шуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, дар коллеҷ бо ибтикори кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикон»-пайвандгари дирӯз ва имрӯзи миллати тоҷик баргузор шуд, ки дар он ба донишҷӯён зарурати хондан ва аз худ намудани муҳимтарин нуктаҳои китоб фаҳмонида шуд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, таъкид гардид, ки мутолиаи китоб дар қавитар гардидани иродаи ҷавонон, боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо такони ҷиддӣ хоҳад буд.
Тавре Пешвои миллат дар пешгуфтори китоб зикр намудаанд: «Мо дар давраи ҳассоси давлатсозӣ, яъне дар оғози марҳилаи бунёди давлати миллӣ қарор дорем. Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбурдаи худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем».
Шаҳло ФАТҲУЛЛОЕВА, мудири кафедраи
таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2022 №: 137 Мутолиа карданд: 654