Хабарҳо
МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ САНОАТ ДАР ТОШКЕНТ
Дар шаҳри Тошкент ҷаласаи VIII Шурои сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ ва мулоқоти вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ вазири саноати вазнини Ҳиндустон Маҳендра Нат Пандей, муовини вазири саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон Марат Қаробоев, вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Дониёр Амонгелдиев, вазири саноат ва истеҳсоли Покистон Сайид Муртазо Маҳмуд, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини вазири саноати Беларус Димитрий Харитончик, муовини вазири саноат ва савдои Россия Алексей Груздев, муовинони вазири саноат ва технологияҳои иттилоот ва вазири кишоварзӣ ва деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷянпин Ванг ва Юйси Ан (ҳар ду онлайн), муовини дабири кулли СҲШ Суҳайл Хон (муроҷиати видеоӣ) ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Илҳом Неъматов ширкат карданд.
Дар рӯзномаи чорабиниҳо масъалаҳои фаъолгардонӣ ва таҳкими ҳамкории кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ барои манфиати рушди саноат, таъмини рушди устувори истеҳсолоти саноатӣ дар заминаи кооператсия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва диверсификатсияи саноат, ҷалби захираҳои моддӣ ва молиявӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, сарварони ҳайатҳои кишварҳои ИДМ ва СҲШ доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи саноат, бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон ва вокунишҳои муштараки эҳтимолӣ алайҳи мушкилоти пайдошуда табодули афкор намуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4242