logo

иҷтимоиёт

ПАЙКЕ АЗ ИСТИҚЛОЛ

Яке аз самарҳои некуи истиқлоли кишвар он аст, ки мо имрӯз дастовардҳои таърихиву фарҳангиамонро арҷ гузошта, бо мафохири миллии худ меболем. Мусаллам аст, ки ҳамаи давраҳо ба наҳве зарурати таърихӣ буда, тасодуфан зуҳур накардаанд. Ҳамаи марҳилаҳо чун ҳалқаҳои як занҷири мураттабу муназзам буда, дар ҳамоҳангӣ ва пайвастагӣ омӯхта мешаванд. Агар ба таърихномаҳои қабл аз касби истиқлол навишташуда назар афканем, мебинем, ки ибтидои таърихи моро аз замоне оғоз кардаанд, ки дастуре дар ин бора мавҷуд бошад. Чунин назар кардан ба таърих, ки хоси низомҳои истеъморӣ мебошад, оббиёру кӯзашиканро дар як радиф қарор дода, намегузошт то таърихи воқеии миллатҳо навишта шаванд. Ё ин ки қудратҳои сиёсии тоҷикии қабл аз Сомониёнро ҳамчун давлати ғуломдорӣ ва феодалӣ зикр карда, кӯшиш мекардем, ки онҳоро камранг ҷилва диҳем. Ҳамин тавр, истиқлоли фарҳангии як кишвар замимаи истиқлоли сиёсии он буда, чун бузургтарин неъмати таърих боястӣ арҷгузорӣ шавад ва мо бояд ба қадри он бирасем.
 
Академик Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ аз зумраи муаррихонест, ки мактаби илмии худро асос гузошта. Ин мактаб ба марзҳои замонӣ ё маконии хос маҳдуд намегардад. Ӯ, ки бештар ҳамчун бостоншинос маъруф аст, дар саросари қаламрави Тоҷикистон ковишҳои пурбор  гузаронда, дар тамоми заминаҳо дастовардҳои чашмрас дорад. Муҳимтарин ёдгориҳои водии Зарафшон, аз қабили Панҷакент, қалъаҳои кӯҳистонии Парғар ва дижи устувори Падаск дар Кӯҳистони Мастчоҳро омӯхта, дар ин бора осори арзишманде таълиф кардааст. Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон муҳимтарин ёдгориҳои таърихиро, ки ба шаҳри Кӯлобу атрофи он марбутанд таҳқиқ карда, чанд соли охир дар яке аз гӯшаҳои Бадахшон ба таҳқиқи шаҳри Карон машғул аст. Тавре аз гузоришу навиштаҳои устод бармеояд, дар ин қисмати Меҳани азиз низ ин пажӯҳишгари гавҳаршинос ба дастовардҳои аҷиб ноил омада, кашфи ҳақоқиқи бештари таърихӣ моро дар пеш аст.
Хидмати дигари устод Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ дар он аст, ки ӯ дар солҳои нахустини истиқлол, ки мактабу маорифи кишвар ба китобҳои дарсии таърих ниёзманд буданд, ба навиштани душвортарин давраи таърихии мо – замони бостон ва ибтидои асрҳои миёна камар баст. Ӯ, ки ҳамеша бар пояи сарчашмаву адабиёти куҳан таҳқиқот анҷом медиҳад, дар хусуси ду силсилаи асотирӣ- таърихии ниёи тоҷикон – Пешдодиён ва Каёниён низ маълумоти муфассал дода, ин давраҳои фаромӯшшудаи таърихи моро ба илм ворид намуд. Табиист, ки баъзеҳо ба донишманди тоҷик хӯрдагирӣ ҳам карданд, ки асотирро вориди илм кардааст. Мунсифона бояд иқрор шавем, ки таърихи кадоме аз миллатҳои ҷаҳон аз асотир оғоз намешавад? Инҷо ниёз ба иродаву ҳавсала ва ҷуръати баёни ҳақиқат мавҷуд буд, ки ин пажӯҳишгари таърихи дерини мо онро дорост. Ҳамин тавр, бар асоси омӯхтани сарчашмаҳои қадимии ориёӣ, ҳиндӣ, порсии куҳан, юнонӣ ва дастовардҳои дусад соли илми таърихи ҷаҳон соли 2012 китоби «Давлати Каёниён» ба табъ расид. 
Дар оғози ин китоб муҳаққиқ бо таассуф навиштааст, ки «аз сабаби надонистани сарчашмаҳо ва хуб шинос набудан ба Авасто ба гуфтаи муҳаққиқони бегона бовар намуда, омӯзиши таърихи Каёниёнро устура хонда, ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳодем». Яъне, нахустин ангезаи таълифи асари «Давлати Каёниён»-ро муаллиф ба фаромӯшӣ супурдан ё нодида гирифтану афсона хондани давраи хеле муҳими он медонад. Китоб тақрибан дар ҷойи холӣ падид омад, ки хеле муҳим аст ва нахустин кӯшиш дар эрошиносӣ дониста мешавад. 
 Китоби «Давлати Каёниён» аз 9 боб иборат аст. Боби нахустини асар ба пажӯҳиши масъалаи хеле муҳим дар таърихшиносӣ – ҷуғрофияи таърихӣ ихтисос дода шудааст. Мо ба он камтар таваҷҷуҳ доштаем, вале дар мактабҳои таърихнигории ғарбӣ онро муҳимтарин қисмати таърих медонанд. Академик бар ин бовар аст, ки силсилаи Каёниён ба мулки Бохтар тааллуқ дошта, таъсис ва давраҳои боландагиву шукуфоии ин кишвар бо марказияти Балх, ки муаррихони исломӣ онро барҳақ «уммулмилод» ё «модари шаҳрҳо» мехонанд, дар ҳамин марзу бум ҷараён гирифтааст. Барои исботи фикри худ аз Авасто то Ҳеродот ва аз Арасту то пажӯҳишгарони муосири таърихи ҷаҳон истинод мекунад. Дар ин боб тамоми иттилооти муҳими ҷуғрофӣ, аз қабили табиату наботот ва кӯҳҳову рӯдҳои минтақаро тавзеҳ додааст. 
Боби дувум ба таҳқиқи тамаддуни модии замони Каёниён бахшида шудааст. Яке аз нуктаҳои барҷастаи ин китоб ва дар маҷмуъ, таҳқиқоти олим қавӣ будани пояи модии навиштаҳои ӯ мебошад. Ӯ бар асоси бозёфтҳои моддӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостошиносӣ ба даст омадаанд, фарзияҳои илмии хешро ироа мекунад. Муҳаққиқ даҳҳо ёдгории бостонии дар илм маъруф, аз ҷумла Сафолтеппа, Ҷарқутан, Даштлӣ, Марғуш ва осори онро баррасӣ карда, натиҷаҳои илми забоншиносиро низ бо он қиёс мекунад. Ҳосили ин қиёсҳо он аст, ки нахустватани ҳиндуориёиҳо қисмати ҷануби Осиёи Миёна ва тахтакӯҳҳои Эрон буда, Зардушт низ аз ҳамин сарзамин бархостааст. 
Боби савуми китоби «Давлати Каёниён» бар асоси ахбори Авасто, Динкарт, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва осори Табарӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Наршахӣ зиндагӣ ва осори шоҳони каёнӣ аз Кайқубод то Баҳманро тасвир кардааст. Ин қисмати асар бештар бар пояи ахбори сарчашмаҳои гуногуни хаттӣ фароҳам омадааст. Муддати ҳукумати ин силсила аз 800 то 1400 сол дониста мешавад. Маълумоти сарчашмаҳои гуногун ҳамдигарро такмилу тасҳеҳ намуда, муаллиф хатти ягонаи онро пайдо карда, бар асоси он натиҷа гирифтааст. Пайванди баъзе суннатҳои замони қадим ва одатҳои барҷоймонда миёни тоҷиконро муаллиф хеле мантиқӣ ба қалам кашидааст. 
Боби чоруми асар «Зардуштнома» унвон дошта, муаллиф дар бахши аввали он роҷеъ ба дудмони ин шахсияти таърихӣ баҳс мекунад. Марҳилаҳои асосии рӯзгори Зардуштро баррасӣ карда, монандии сарнавишти зардуштиён бо дигар адёну ақидаҳоро баён мекунад. Дар ин қисмат перомуни сохтори оини зардуштӣ, биҳишту дӯзах, ҳаёти пас аз марг, фариштагону пули Чинвод, интихоби озодӣ дар кеши Зардушт ва таъсиргузории ин оин ба адёни иброҳимӣ сухан ба миён омадааст. Дар қисмати дигар зодгоҳи Зардушт ва фикру мулоҳизаҳо атрофи онро нақду баррасӣ карда, муаллиф минтақаи миёни Тоҷикистону Афғонистони имрӯзаро ҳамчун хостгоҳи ӯ мешуморад. Устод Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ баъзе қонунҳои оини зардуштӣ, аз ҷумла ростӣ - аша ном фармудаи ин оинро ҳамчун қонуни пешрафт ва такомул медонад. 
Таҳлилу баррасӣ ва тафсири китоби Авасто дар боби панҷуми асар дарҷ ёфтааст. Авасто барои муаллиф танҳо як маҷмуаи динӣ набуда, он таърихномаи устувори ақвоми ориёӣ, китобе оганда аз ахбори ҷуғрофӣ, нуҷумӣ, мардумшиносӣ фалсафӣ ва тиббист. Дар ин қисмат аз сурудҳои осмонии Зурдушт (готҳо) ҳамчун паёми динӣ ва сарчашмаи муътабар перомуни роҳу равиши давлатдорӣ ёдоварӣ мешавад. Яштҳо ва дигар қисматҳои Авастон низ ба нақду баррасӣ кашида шудаанд. Ҳамоҳангиҳои Авасто бо Ригведа низ дар чаҳор бахш баён ёфта, сарнавишти муштарак ва решаи умумии ақвоми ориёӣ низ нишон дода шудааст. Ҷуғрофиёи паҳншавии ориёиҳо ва инъикоси он дар Ригведа низ аз мавзуъҳои ин боб ба шумор меравад. 
Боби шашуми асар ба таҳқиқи маъбадҳои оташ дар замони Каёниён ва дақиқтар гӯем, тасвири маъбадҳои оташ дар сарзамини Бохтар бахшида шудааст. Муҳимтарин маъбадҳои оташ, ки бар асоси ковишҳои бостоншиносӣ падидор шуданд, аз ҷумла оташкадаи Самангон, Даштлӣ, Навбаҳори Балх, Тахти Сангин, Тиллотеппа, Ҷарқутан, ҳамчун далели ҳастии маъбадҳои оташ ва нақши ин унсур дар тамаддуни қавмҳои эрониро таҷассум кардаанд. Албатта, мардуми ориёӣ дар гузари таърих ба дину оинҳои дигаре ҳам бовар доштанд, ки дар дунболаи ин боб муаллиф ба он низ пардохтааст. 
Дар боби ҳафтуми асар ба яке аз мавзуъҳои хеле печида дар таърихи мардуми ориёӣ – баҳси Тӯрон дахл карда, муаллиф онро бар асоси манобеи бостонӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти эроншиносони ҷаҳон ҷамъбаст менамояд. Сипас, ба марҳилаҳои Эрон ва Тӯрони таърихи ақвоми ориёӣ пардохта мешавад. Дар баҳси мансубияти нажодии тӯрҳо низ бештар ба манобеи бостон, аз ҷумла достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, такя карда мешавад. Ин баҳс низ бо ба кор бурдани ахбори илмӣ дар робита бо ҷуғрофиёи таърихии Ориёнвич ҳалли худро ёфтааст. Устод Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ назарияҳои зиддиилмии роиҷро низ мушикофона нақд кардаанд. 
Боби ҳаштуми китоби мазкур ба масъалаи хеле муҳим ва камомӯхташуда – этногенез ё раванди дурударозу пурмуаммои пайдоиши халқ бахшида шудааст. Ин масъала таваҷҷуҳи донишмандони Шарқу Ғарбро ҷалб карда, ҳанӯз назари ягона дар ин бора пайдо нашудааст. Ба хотири даст ёфтан ба ҳалли ин муаммо муаллифи асар аз тариқи баҳси забоншиносӣ вориди ин масъала мегардад. Бо олимони машҳур, аз ҷумла академик В.В. Бартолд, баҳс карда, назарияи пайдо гаштани мустаъмараи суғдиён дар Ҳафтрӯдро бо далоили кофӣ рад мекунад.  Ба андешаи ин донишманди тоҷик ориёиҳо ҳамвора дар сарзамини имрӯзаи Қазоқистон зиста, тоҷикон аҷдоди сакоиҳои қадим эътироф шудаанд. Сипас, пайдошавии порсҳои қадим бар асоси назарияпардозони ғарбӣ мавриди нақд қарор гирифтааст. Муаллиф аз Осиёи Миёна ба Эрон рафтани ориёиҳоро бо чаҳор далели устувор собит месозад. 
Боби хотимавии китоб перомуни масъалаҳои назариявии ориёишиносӣ баҳс карда, қабл аз ҳама, бумӣ будани мардумони ориёӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ матраҳ гардидааст. Бо ин ҳадаф, натиҷаҳои таҳқиқоти олимони ҷаҳон дар панҷоҳ соли охир ва моҳияти ин баҳс баён ёфтааст. Ба андешаи муаллиф робитаи мутақобили фарҳангӣ ва этникӣ дар ҷаҳони бостон низ хеле роиҷ буда, он дар сарнавишти ҳамаи ақвоми ҷаҳон, аз ҷумла ориёиҳо, нақши калидӣ доштааст. 
Хулосаи китоби «Давлати Каёниён» хеле муфассал буда, он як натиҷагирии куллӣ дар бораи ин давлати қадимӣ аст. 
Пешниҳод гардидани ин китоб ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Синоро тасмими саҳеҳу амр зарурӣ мешуморем. Бар пояи ин китоб умедворем, ки дар оянда осори арзишманду мондагор падид ояд.  
 
Раҳмоналӣ ШАРИФОВ, 
Сайфулло МУЛЛОҶОНОВ,
Қаҳҳори РАСУЛИЁН, 
докторҳои илми таърих, профессорон, 
Ҷонибеки АСРОРИЁН,
Сабзалӣ АСОЗОДА, 
номзадҳои илми таърих, дотсентон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2022    №: 138    Мутолиа карданд: 582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед