logo

иҷтимоиёт

МУҲАББАТ Ё ҶАҲОЛАТ? ЧАРО ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНРО ТО ҲАНӮЗ НАОМӮХТАЕМ?

 
Ҷойи таассуф аст, ки имрӯз на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ аз фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ё худ ҳамроҳ ғофиланд. Дар натиҷа амалҳоеро иҷро мекунанд, ки ба ғайр аз беэҳтиромӣ муртакиби гуноҳ ҳам мешаванд. Амалашонро як амали одӣ мепиндоранд ва монеи  он намегарданд. Дидаем, шунидаем, на як бор, балки бисёри бисёр, ки аз  телефонҳои бархе аз дӯстону ҳамроҳонамон овози азон ба гӯш мерасад. Ҳамин тавр, дар телефон азон қатъ нагардида, балки  соҳибаш аз баҳри шунидани он  баромада, зуд ба ҷониби муқобил худро мепайвандад ва суҳбатро оғоз мебахшад. Суҳбати ин афродро низ, ки борҳо шунидаем, аз меъёрҳои ахлоқӣ дуранд.
Дар як нишасти нимсоатӣ бо чанде аз онҳо ба мушоҳида гирифтам, ки ҳашт бор ба ҳар кадоме занг заданд, яъне, ба ҳамин миқдор дар оғоз онҳоро қатъ карданд.
Азон ба хотири ҷамъ омадану гузоридани намоз дар якҷоягӣ рӯзе панҷ маротиба (ба ҷуз рӯзи ҷумъа) гуфта мешавад, на кам, на беш. Он як навъ даъвати хоси мусулмонони ҷаҳон мебошад. Дар он номи Худои бузург ва паёмбари акрам (с) зикр мешавад. Ба ҷуз ин шаҳодат аст бар ягонагии Аллоҳ ва паёмбару бандаи Худо будани сарвари дини ислом Муҳаммад (с). Магар ба Худову Паёмбар (с) бояд шӯхӣ ва чунин беэҳтиромӣ кард?
Оё соҳиби телефон андешидааст, ки дар куҷо қарор дорад ва масъули гӯяндаи азон кист? Аз ин бадтар он аст, ки афроди мазкур  телефонҳои мобилии худро ба халоҷоҳо ва ё ҳоҷатхонаҳо мебаранд ва овози азон дар ин ҷойҳо баланд мешавад, ба гӯш мерасад.
Агар аз ин афрод бипурсӣ, ки чаро маҳз овози азонро барои телефони мобилӣ интихоб намудаанд, ҳатман ин посухро медиҳанд: Аз рӯйи муҳаббат.
Магар ин муҳаббат аст?! Ҳаргиз! Ин як ҷаҳолат, ҷаҳли мураккаб мебошад. Масъалаи мазкур ҳаргиз як масъалаи одӣ нест, ки онро бояд нодида бигирем. Ҷаҳолат аз рӯйи муҳаббат низ ҷаҳолат аст. Муҳаббат онро тағйир дода наметавонад. Нодонӣ дар ин гуна мавридҳо ҳамчун узр пазируфта намешавад. Узр бо фаҳму дарк ва дурӣ гузидан аз ин амал қабул мегардад.
Бархе аз афроди дигар мусиқиҳои гуногуни шӯху маъруф ва сурудҳои овозхонҳои шинохтаву дӯстдоштаашонро барои телефони мобилиашон интихоб намудаанд. Шунидани суруду мусиқӣ низ макон ва замони худро бояд дошта бошад, на дар ҳузури мардум, суҳбатҳои ҷиддӣ.
Ин афрод низ  бо оғоз ёфтани мусиқиву оҳангҳои дӯстдоштаашон онҳоро зуд қатъ мекунанд ва суҳбатро бо ҷониби муқобил оғоз мебахшанд. Тавре бармеояд, муҳаббати онҳо низ ҳақиқӣ ва ҷиддӣ нест. Ба ҷуз ин, намеандешанд, ки он мусиқиҳову сурудҳо ба аҳли нишаст писанд ҳаст ё не. Дар миёни нишастагон шояд ғамзадае бошад ва ё беморе, ки ғаму дардашонро ин афрод бо мусиқиву сурудҳо меафзоянд. Шодравон Ашӯр Сафар ба маврид фармуда буданд:
 
Ҳоли кас аввал бипурсу баъд аз он ҳазле бикун,
Дар бари озурдадил ногаҳ сурудан хуб нест.
 
Ин гуна мусиқиҳову сурудҳо, мутаассифона, дар маросимҳои ҷаноза низ шунида мешаванд. Бархе бо гуфтани узр он лаҳза садоро хомӯш мекунанд, аммо боз нафароне дигар ба онҳо занг мезананду мусиқӣ ва оҳангро  ба гӯшҳо мерасонанд. Агарчи борҳо шунидаам, ки мардум бо норизоятӣ ба онҳо нафрин мехонанд, аммо дар андешаи ислоҳи камбудӣ намешаванд. Чаро? Чунки онро дигар як чизи маъмулӣ мешуморанд ва мепиндоранд ҳақ ба ҷониби эродгирандагонашон нест. Онҳо дар иҷрои амал ва хоҳишҳои худ гӯё озод мебошанд. Бигзор ончунон, ки мепиндоранд, бошанд, аммо танҳо худашон бошанд ва озодии атрофиёнро халалдор насозанд, аз байн набаранд. 
Ба баъзе аз мардуми дигар, ки ба зарурате занг мезанӣ, аз ин амалат садҳо бор пушаймон мешавӣ. Чи суханҳоеро, чи мусиқиву сурудҳои сатҳашон пастеро мешунавӣ, ки ба ҷисму руҳат зарбаҳои муҳлик мезананд. Дар ин ҳол аз худ мепурсӣ: "Мо дар кадом замоне зиндагӣ дорем, инсонҳо пеш рафтаанд ё қафо? Наход пешрафтанҳои мо моро қафотар бибаранд?".
Таҳаммули ин ҳама дар ҷомеаи ба ном пешрафта мушкил мебошад. Ҳар як рафтору муносибати мо муаррифгари фарҳанги миллатамон маҳсуб мешавад ва миллатро бо иқдомҳову амалҳои шоиставу ибратбахш бояд муаррифӣ бикунем.
Масъули густариши аҳлоқи нек, фарҳанги воло тамоми аҳли ҷомеа аст. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад дар ин маврид худро бар канор бигирад ва узре пеш биоварад. Оянда аз имрӯз сохта мешавад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2022    №: 138    Мутолиа карданд: 599
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед