Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Reuters. Иттиҳоди Аврупо ният дорад таҳримҳои зидди бонкҳои Россияро барои тиҷорати маводи ғизоӣ ва нурии минералӣ сабуктар намояд. Иттиҳоди Аврупо ба бастаҳои қаблан қабулшудаи таҳримҳо тағйирот ворид менамояд, ки ин имкон медиҳад як қисми маблағҳои бонкҳои пешбари Россия озод шаванд.
CentralAsia (CA). Аз 10 то 15 июл бар асари ҳарорати баланди ҳаво тақрибан 360 нафар дар Испания ва 659 кас дар Португалия ҷон бохтаанд. Ҳукуматдорон бо сабаби ҳарорати баланд “бонги изтироб” мезананд ва дар ҳафтаҳои наздик дар Британияи Кабир ва Фаронса фавти зиёдеро пешгӯӣ мекунанд.
РБК. Президенти Россия Владимир Путин пешниҳод намуд, ки барои ҳалли буҳрони энергетикӣ дар Аврупо лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ -2” ба кор андохта шавад.
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишвараш омода аст, режими бидуни раводидро барои шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя тамдид намояд.
Мир 24. Роҳбари Хадамоти иктишофи хориҷии Россия Сергей Наришкин зимни сафараш ба Боку изҳор дошт, ки барқарор намудани сулҳ дар Қафқози Ҷанубӣ масъалаи аввалиндараҷаи Москва мебошад. Ӯ бо ҳамтои худ Орхон Султонов мулоқот кард, сипас меҳмони русро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳузур пазируфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4361