Хабарҳо
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
ВКД
Ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 12482 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8316 ҷиноят ошкор гардид.
Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он 22, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ 64, таҷовуз ба номус 16, савдои одам 8, роҳзанӣ 21, ғоратгарӣ 65, дуздӣ 2858, қаллобӣ 1144, авбошӣ 544, тамаъҷӯй 20, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 223 ҳолат ва дигар ҷиноятҳо қайд шудаанд.
Ин нуктаро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Инчунин, дар ин давра дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯй 1447 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир гашт. Аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна маводи мухаддир мусодира ва 2605 ҳаби мадҳушкунанда аз муомилот боздошта шуд,- зикр намуд вазир.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ
Баргардондани биноҳо масъалаи мубрам боқӣ мемонад
Ба иттилои Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа буда, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирии ҳамаҷониба меёбад. Қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии марбут ба ин зинаи таҳсилот аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расондани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Айни ҳол дар кишвар 696 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад зиёд аст.
- Агар яке аз талаботи «Барномаи давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» сохтмони кӯдакистонҳо бошад, талаботи дигар баргардондани биноҳоест, ки ғайримақсаднок истифода мешаванд. Вале, мутаассифона, таъмиру навсозӣ ва баргардондани биноҳо дар аксар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мувофиқи нақша ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст,- гуфт Раҳим Саидзода.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
1259 протокол нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳо
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ 1139 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 276081 сомонӣ ворид шуд, - изҳор дошт Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотӣ.
Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи РБДА-и ВКД дар бозорҳои истеъмолӣ, нуқтаҳои савдои маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар иншоот фаъолиятро дар самти назорати интиқол, коркард, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти таҳти назорат қарордошта идома дода, нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои байторӣ – беҳдоштӣ, фитосанитарӣ ва тухмӣ 1259 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳо ирсол намуданд.
Дар ин давра аз ҷониби дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявии Кумита 24002 тонна нахи пахта, 7104 тонна ришта, 3616 тонна меваи хушк, 1611 тонна чормағзи заминӣ, 706 тонна чормағзи юнонӣ, 410 метри мукааб чӯбу тахта, 204103 бех ниҳол, 61 тонна тамоку, 100 тонна чигити техникӣ, 38 тонна тухми ҷуворимакка, 134 тонна тухми юнучқа ва 141 тонна сабзавоти хушк безарар гардонда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5431