logo

иҷтимоиёт

МУНОДИИ СУЛҲ

Маънои калимаи «сарвар» ба шахсе нисбат дода шудааст, ки мардум ба раҳнамоии ӯ бовар намудаанд, ё шахси иродатмандесту ҷомеаро аз қафои хеш ба сӯйи пеш мебарад. Аз ин рӯ, таъмини фазои орому осуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдату муттаҳидию якпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ барои мардум маҷмуи талаботест, ки, аллакай, аз ҷониби Сарвари кишварамон ҳамин гуна арзишҳо муҳайё шудаанду боз батадриҷ беҳбудӣ меёбанд. Соҳибмаърифатӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, санъати баланди идоракунии давлат ва кордонию дурандешӣ сифатҳоеанд, ки хоси сарварони кишварҳоянд, аммо на ба ҳар сарваре пешво будан даст медиҳад ва на ба ҳар роҳбаре бовари аҳли ҷомеаро сазовор шудан насиб мегардад. 
Дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк тамоми сифатҳое, ки ба сарвар заруранд, хеле возеҳу равшан нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, сарвар бояд бомулоҳиза бошаду эҳтиёткорона рафтор намояд, ҷисман обутобёфтаву дорои ҳофизаи қавӣ, ақли расо, донишдӯсту илмдӯст, соҳиби фаҳми фарохи оламшиносӣ ва адолатхоҳиву ҳақиқатҷӯӣ бошад. Низомулмулк таъкидан иброз доштааст, ки ҳам подшоҳ ва ҳам вазирону ходимони дарбор дорои чунин сифатҳо бояд бошанд, агар, хусусан подшоҳ, дорои чунин сифатҳо набошад, дар мамлакат бесарусомонӣ, зӯроварӣ ва ғорат авҷ мегирад. Дар робита ба ин баҳодиҳии мутафаккири бузург ба сифату аъмоли подшоҳони он замона, мо ҳам метавонем аз кӯшишҳои рӯикоромадаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини рухдодҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон чунин намунаи барҷастаро дар шахсияташон бубинем. Мо - ҳамагон шоҳид бар он гаштем, ки Сарвари сулҳпарвар, адолатхоҳ, маорифпарвар, созанда ва бунёдкорамон тамоми ҳастии хешро барои зиндагии шоистаи мардум бахшидаасту мебахшад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони имрӯзи кишвар намунаи ибрати мардонагӣ ва дарки баланди инсондӯстиро меомӯзад. Албатта, нақши бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми корҳои бузурги аср ба тарбияи ҷавонони кишварамон бетаъсир нахоҳад монд. Ҳамаи хидматҳои намунавию ибратбахши Президенти кишварамонро дар чанд қисмат метавон ба тариқи зайл иброз намуд. 
Аввалан, Худованд бар сари халқи Тоҷикистон сарвареро ҳадя сохт, ки мақсаду маром ва даъвати асосиву доимиаш дар ҳамаи давру замон танҳо ваҳдату ягонагӣ буда, мардуми парешони халқи тоҷикро тавонист сарҷамъ намояд. 
Дуюм, Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, аз ҳаёти гузаштаи хеш сабақ омӯхт ва Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. 
Сеюм, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақсаду ҳадафи асосии худ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) дода буд, муваффақ гардид ва то ба имрӯз пойдории сулҳ, ваҳдат, якдиливу якпорчагии Тоҷикистонро таъмин менамояд. 
Чорум, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо он ки дар қавлу ваъдаи додааш то ба охир устувор мондааст, бо ин рафтораш бовари кулли мардумро сазовор шудааст. Аз зери тиру туфанг гузашта ба назди мардум рафтанд ва онҳоро ба муттаҳидию ободкорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар даъват намуданд. Он даврон Сарвари давлат гоҳ тавассути расонаҳои хабарӣ, гоҳ зимни вохӯриҳо бо сокинону фаъолон, аҳли зиё, ҷавонону занон аз тиру туфанг наҳаросида, халқи азизашро ба муттаҳидӣ даъват намудаанд, ки ин рафторашон нишони далериву шуҷоатмандист. Бо иқдоми дурбинонаашон ва марҳала ба марҳала аз байн бурдани низоъҳои дохилӣ ва пеша намудани сиёсати созандагиву бунёдкоронаашон Пешвои миллат соҳиби обрӯву эҳтироми беназир гардиданд. 
Панҷум, Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муроҷиатномаҳои аввали солҳои истиқлол иброз намуданд: «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозираамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷ дорем».
Заҳмату талошҳо ва чандин тадбирҳои муҳими пешанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои расидан ба ваҳдати комили миллӣ, решакан намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, маҳалгароӣ, зӯроварӣ, хусумат, пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, тарғиби ҳаёти солим ва чандин масъалаҳои дигарро метавон муҳим арзёбӣ намуд. 
Шашум, таҷрибаи ҳаётӣ исбот намуд, ки мақсаду андешаҳои сулҳҷӯёна ва ҷон бар каф гирифтани Президенти кишвар ба ҳар оила, ҷомеа ва Тоҷикистон фазои осоиштагиро ҳадя сохт. Самараи расидан ба Ваҳдати миллӣ аз қабули қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр гардидани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, таҳия ва қабул гардидани қонунҳои конститутсионӣ ва соҳавӣ дар Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намудани парламенти касбӣ, бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон, таъсису таҷдиди вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолияти мустаҳками онҳо, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва дигар дастовардҳои даврони истиқлол зоҳир гардида, дар тарбияи ҷавонон аз манфиат холӣ нест. 
Ҳафтум, Сарвари давлат барои пешгирӣ намудани ҷомеа аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва гирифтани роҳи хунрезию ҷангҳои бародаркуш роҳи бастани сулҳу салоҳро пеш гирифтанд. 
Ҳаштум, Пешвои миллат ба ҳамаи ташкилоту созмонҳои давлатию ҷамъиятие, ки мақсаду ҳадафи онҳо ваҳдату ягонагист, барои ҳамкориву ҷонибдории сиёсати пешгирифта даъват намуданд, имконият фароҳам оварданд, то ки ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон пойдор гардад. 
 Нуҳум, пешгирии низоъҳои шаҳрвандӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар: маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иқтисод, иҷтимоиёт ва суръати баланди ободониву созандагӣ дар кишвар маҳз аз сулҳу ваҳдат маншаъ гирифтааст. 
 Даҳум, бо назардошти ҳамаи хизматҳои бузургу шоиста, рушди соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдории вакилони мардумии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонҳои баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардиданд. 
Ҳамин тавр, Президенти кишварамон имрӯз ҳамчун мунодии сулҳу салоҳу ваҳдати миллӣ ва раҳнамои беамсоли фардои дурахшони миллату давлат ҷойгоҳи хосса доранд. Қарзи ватандории мо - мардуми Тоҷикистон аст, ки дар ҷавоб ба иқдомҳои накуяшон пайравӣ наоему кору амалҳои наҷиберо ба роҳ монем, то Тоҷикистони азизамон ба кишвари муттараққии ҷаҳон табдил ёбад.
 
Абдусафо УМАРҶОНОВ, проректор,
Кибриёхон АТОЕВА, устоди Донишкадаи 
кӯҳию металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2022    №: 139    Мутолиа карданд: 508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед