иҷтимоиёт
«ҶУМҲУРИЯТ». АЗ ХОНИШИ ЯКҶОЯИ «ТОҶИКОН» ТО ТАМОШОИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Мо, ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият», чанде пеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намудем ва тавассути мусаввараю нигораҳо бори дигар ба таъриху тамаддуни рангини миллати куҳанбунёди тоҷик шинос шудем. Ҳоло имкон дорад, бо навиштани чанд сатр аз таассуроти хеш хонандагони рӯзномаро низ ба сайри осорхона бибарем.
Осорхонаи миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, шафати Боғи Парчами давлатӣ воқеъ аст. Бинои хуштарҳу замонавии шашошёна ва сайри дохили он андешаи моро дар як они воҳид дигар намуд. Сайри таърих аз даврони пайдоиши аввалин одам то гурӯҳу қабилаҳо ва шаҳру давлатҳо, аввалин дастовардҳои одамон, инчунин, бозёфтҳои муҳаққиқону кашфиёти муаррихон бо раҳнамоии корманди Осорхона Фаридун Кенҷаев ба тими мо таассуроти нек бахшид.
Тавре хонандагон медонанд, бинои нави Осорхонаи миллӣ соли 2013 мавриди истифода қарор гирифта, масоҳати умумии он 24 ҳазор метри мураббаъ аст, ки 15 ҳазор метри мураббааш барои тамошо пешбинӣ шудааст.
Толори нахустини шуъбаи табиат, ки ҳайати кормандони мо нахуст аз он дидан намуданд, толори геологӣ ном дорад. Дар он навъҳои гуногуни канданиҳои фоиданоки кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Дар толор ҳафт намуди гаҷ (минерале, ки барои ороиши дохилу беруни сохтмон истифода мегардад) ба маъраз гузошта шудааст. Дар гӯшаи дигар лоҷвард нигоҳдорӣ мешавад, ки кони он дар қисмати шарқии кишвар мавҷуд аст ва дар ороиш ба таври васеъ корбурд мегардад. Дар Осорхона намунаи сангҳои қиматбаҳои кишвар, аз ҷумла компаз низ ба маъраз гузошта шудааст. Тамошобинон ин ҷо метавонанд лаъл, лоҷувард, сулфури холисро, ки бештар дар Бадахшон ба назар мерасад бубинанд. Дар гӯшаи дигари он харитаи минтақаҳои дорои канданиҳои фоиданок мавҷуд аст. Ин харита бо сангҳои ороишии қиматбаҳо сохта шудааст, ки хеле ҷолиб мебошад.
Дар кунҷи дигари Осорхона инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин тасвир ёфтааст, ки чордаҳ давраро фаро мегирад. Ин ҷо аз олами наботот то ҳайвоноту рустаниро дидан мумкин аст. Дар маркази толор дарахти сангине ба маъраз гузошта шудааст, ки 1,3 метр паҳноӣ ва 3,4 метр баландӣ дошта, бо 19536 барг аз сангҳои гуногун оро ёфтааст. Дарахт таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Дар маҷмуъ, дар толори геологии Осорхона 75 намуди минерал нигоҳдорӣ мешавад.
Толори олами ҳайвонот ва рустаниҳо бо истифода аз диаграмма таваҷҷуҳи тамошогаронро ба худ кашид. Бузи кӯҳӣ, бабри барфӣ, уқоби ришдор ва дигар ҳайвоноту парандагони нодир зеҳнҳоро ҷилои тоза бахшид. Роҳбалади мо иттилоъ дод, ки дар кишварамон 13 ҳазор намуди ҳайвонот сабт шудааст, ки 267 - тои онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» шомил шудаанд. Дар Осорхона 60 намуди моҳиро метавон дид, ки ҳамаи он дар Тоҷикистон парвариш мешавад. Нодиртарини онҳо белбинӣ мебошад, ки танҳо дар се дарёи ҷаҳон - Миссисипии Амрико, Амударёи Тоҷикистон ва Янсизии Хитой дида мешавад. Белбинӣ ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид шуда, шикораш мамнуъ аст.
Толори рустаниҳои кишвар низ ҷолиби диққат аст. Ҳайати мо дар ин макон гоҳ худро дар манзараҳои зебои сабзпӯш, гоҳ миёни кӯлу дарёҳо, даме дар сайри дараву кӯҳҳои сабзпӯши диёри нозанин ва гоҳи дигар дар иҳотаи гулу гиёҳу олами парандаву ҳайвоноти нодир медиданд.
Шуъбаи бузурги экспансионии Осорхона ин шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ном дорад, ки аз ошёнаи якум оғоз ёфта, дар ошёнаи дуюм ба анҷом мерасад. Дар бахши аввал ёдгориҳое ба намоиш гузошта шудаанд, ки барои сабт ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд ва дар раванди омӯзиш қарор доранд. Дар умум, дар Тоҷикистон беш аз 3400 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Аз миёни онҳо Қалъаи Ҳисор, Тахти Сангин, Қалъаи Ямчун, Бунҷикат, Қасри Ҳулбук, Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар рӯйхати пешакии Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО сабт шудаанд.
Яке аз ёдгориҳои асри санги Тоҷикистон Кӯлдара аст, ки дар ноҳияи Ховалинг воқеъ гардида, таърихи беш аз 1 миллионсола дорад. Муҳаққиқони рус ба хулосае омадаанд, ки он натанҳо ёдгории қадимтарини Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна ба шумор меравад. Кӯлдара аз ёдгориҳои нодиртарини асри санг буда, баландтарин нуқтае мебошад, ки дар он инсоният ҳаёт ба сар бурдааст.
Баъди асри санг қадимтарин давра асри биринҷ аст ва ёдгории ин даврон дар Тоҷикистон Саразм мебошад. Он ба рӯйхати Феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил шудааст. Бозёфтҳои ин мавзеъ дар Осорхона ба маъраз гузошта шудаанд. Ҷолибтарин бозёфти ин даврон қабри Маликаи Саразм аст, ки соли 1983 кашф гардидааст. Баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян мешавад, ки ин бону 23-сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантиметр мебошад. Малика барои он гуфтем, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин, ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ҳамаи ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир, малика гуфтаанд.
Дар Осорхона турбатеро дидем, ки марбут ба асри биринҷ буда, соли 2014 аз ноҳияи Фархор ёфт шудааст. Он ба зоҳир турбати мардест, ки бо ороишот дафн шудааст.
Дар гӯшаи дигари он китоби «Авесто» ба намоиш гузошта шудааст, ки ҷолиби диққат буд. Тавре медонем, китоб бо фармони шоҳ Виштосп дар 12 ҳазор пӯсти гов навишта шудааст. «Авесто» замони ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ қисман сӯзонда ва қисмати дигари он, ки илми тиб ва нуҷуму ситорашиносиро дар бар мегирифт, ба Юнон бурда шудааст. Баъдтар дар даврони Сосониён ҷамъоварӣ ва боз замони истилои арабҳо сӯзонда мешавад.
Ёдгории дигар ин Амударё мебошад, ки аз замони Ҳахоманишиён, аввалин империяи бузурги тоҷику форс то замони мо боқӣ мондааст. Ин империя се қитъаи бузург: Аврупо, Африқо ва Осиёро фаро мегирифт, ки тасвираш дар Осорхона нигоҳдорӣ шудааст. Бинобар васеъ буданаш давлати Ҳахоманишиён ба 20 сатрап тақсим мешуд. Сатрапҳои он дар Осорхона тавассути харита хеле равшан нишон дода шудаанд. Пойтахти он шаҳри Персополис будааст. Инчунин, Ҳахоманишиён дирафши худро доштанд ва рӯйи он акси уқоби болкушода, ки рамзи қудрату тавоноиро дошт, таҷассум ёфта буд. Хазинаи Амударёро низ метавон аз муҳимтарин нигораҳои Осорхона ном бурд. Онро соли 1877 аз мавзеи таърихии шаҳраки Тахти Сангин сокинони маҳаллии ноҳияи Қубодиён ёфтаанд. Асли он дар Осорхонаи Лондон ҳифз мегардад. Хазина аз 1300 овеза, сиккаҳои тиллоӣ ва 180 ашёи гуногуншаклу гуногунҳаҷми зарандуд иборат мебошад.
Ёдгории нодири дигар Дайри Буддо мебошад, ки дар ҳолати нирвана қарор дорад. Дарозиаш 13 метр, вазнаш 5 тонна буда, аз гил сохта шудааст. Дасти рости буддо зери манаҳ ва дасти чапаш болои пояш гузошта шудааст. Бостоншиносон онро дар натиҷаи тадқиқоти солҳои шастуми асри гузашта аз Дайри Буддои Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш кашф намудаанд. Ҳоло на асл, балки амсилаи он дар Осорхонаи миллӣ мавҷуд аст.
Боздиди мо аз Осорхонаи миллӣ беш аз 4 соат идома кард, дар ҳоле иттифоқ афтод, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ дар идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳафтае 2 маротиба хониши якҷояи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» идома дорад. Ончи аз мутолиаи ин асари безавол дигарбора равшан шуд, баъд аз тамошои Осорхонаи миллӣ дар зеҳнамон амиқтар нақш баст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тими мо дар вақти ҷудошуда натавонист аз тамоми осорхона дидан кунад. Аз ин рӯ, шиносоии навбатиро ба вақти дигар гузоштем.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2022 №: 139 Мутолиа карданд: 832