logo

иҷтимоиёт

КОРВОНИ ВАҲДАТ. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ СУҒДУ ХАТЛОН ТО ҒАРМУ БАДАХШОН

 
Бо гузашти чоряк аср аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ зарурати тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат дар мамлакат ҳамоно афзалияти бештар касб мекунад. Зеро нооромиҳо, шиддат гирифтани рақобати сиёсӣ байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва халалдор сохтани суботи сиёсии дохил аз ҷониби созмонҳои ифротӣ тақозо мекунад, ки рӯи масъалаҳои суботи сиёсӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ андеша намуда, барои таҳкими онҳо талоши бештар намоем.
 
Дар ин иртибот бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – шоҳроҳи ваҳдат» моҳи июни соли ҷорӣ V «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат» анҷом пазируфт, ки дар он намояндагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
20 июни соли ҷорӣ V «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат» дар ҳайати намояндагон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаракати худро аз ноҳияи Варзоб оғоз намуд. Нахуст, дар шаҳри Душанбе дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи эҳтиром гулчанбар гузошта шуд.
Сипас, Корвон ҳаракати худро ба самти ноҳияи Данғара идома дод ва дар даромадгоҳи ноҳия аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинон гарму самимӣ истиқбол шуд. Аввалан, ҳайат аз Осорхонаи давраи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд. Осорхонаи мазкур дар бинои пешинаи мактаб бунёд шуда, ҳаёту фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таърихи давраи Истиқлоли давлатиро инъикос менамояд. Дидор аз қасри фарҳанги ноҳия, ки он бо тарҳи замонавӣ ва ороиши миллӣ бунёд гаштааст, табъи иштирокчиёнро болида ва ғизои маънавӣ бахшид. Гузашта аз ин, Чойхонаи миллии ноҳия бо номи «Хуррамшаҳр», ки дар он чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, бо сифати баланд бунёд гардида, ҳар як толори он бо нақшу нигори хосса ороиш дода шудааст.
Иштирокчиёни Корвон баъди ошноӣ аз ноҳияи Данғара ба шаҳри Кӯлоб ҳаракат намуда, нимаи дуюми рӯз аз осорхонаи шаҳр, оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва осорхонаи он дидан намуданд. Воқеан, осорхонаи шаҳр яке аз марказҳои маънавию тарбиявӣ буда, барои шинохти таърихи гузаштаи миллати тоҷик ва марҳилаҳои рушди таърихи шаҳри Кӯлоб мақоми хосса дорад. Аз ин  рӯ, барои наврасону ҷавонон ташкили тамошои осорхона дар баробари омӯзиши фанни таърих ба боло рафтани худшиносии онҳо нақши назаррас мебозад. Дар асоси толорҳои намоишии осорхонаи мазкур маълум гардид, ки мардуми шаҳр аз қадим ҳунарҳои гуногун дошта, ҳар маҳал дар омода намудани ин ва ё он навъи ашёи рӯзгор маҳорат ва шуҳрат доштаанд.  
Рӯзи дигар ҳаракати Корвон ба самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт. Ноҳияи Дарвоз дар даромадгоҳи ин вилояти овозадор қарор гирифтааст, ки онро Пешвои муаззами миллат "Дарвозаи тиллоӣ"-и Бадахшон унвон намудаанд. Барҳақ Дарвоз шаҳомати дарвоза буданро дорад ва манзараи даромади ноҳия ба монанди дарвоза аст. Ноҳияи Дарвозро дарёи Панҷ аз Афғонистон ҷудо менамояд ва барои расидан то ба ноҳияи Ванҷ ва маркази вилоят аз байни ду қаторкӯҳ бояд гузашт, ки он зебоии нотакрорро таҷассум менамояд.  
Шаҳри Хоруғ - маркази ВМКБ бо хусусиятҳои хос аз дигар минтақаҳо фарқ дорад. Махсусан, мардуми шаҳр бисёр меҳмоннавоз мебошанд, ки қабули гарму самимии иштирокчиёни Корвон ва чеҳраҳои кушодаву гарми сокинон нишони посдории анъанаи тоҷиконаи меҳмондорӣ ва сатҳи баланди инсондӯстиашонро собит намуд. 
Ҳар як шаҳру ноҳия хосиятҳои худро дорост, аммо Мурғоб аз дигар минтақаҳо тафовути зиёд дорад. Мурғоб аз нигоҳи ҷуғрофӣ ноҳияи калонтарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он дар баландии панҷ ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Иқлимаш хунук буда, зимистонаш бисёр тулонӣ мебошад. Мурғоб ҳамчун ноҳияи назди сарҳадӣ Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон мепайвандад. Асосан, молу маҳсулот аз Чин тавассути ин ноҳия вориди Тоҷикистон мешавад. 
Истиқболи гарми аз ҳайати Корвони сулҳу ваҳдат намояндагони ноҳияи Шуғнон бисёр хотирмон буд. Ташкили чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ноҳия ва ташкилу баргузории чорабинии сатҳи баланд на танҳо таваҷҷуҳи иштирокчиёни Корвон, балки сайёҳонро низ ба худ ҷалб намуд.   
Охирон минтақае, ки Корвон кори  худро ҷамъбаст намуд, шаҳри Ваҳдат буд. Бегоҳи 26 июн дар тарабхонаи «Зулол»-и шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир шуд. Дар чорабинӣ роҳбари "Корвони сулҳу ваҳдат" дар шоҳроҳи ваҳдат Абдуғанӣ Маҳмадазимов баромад намуда, нахуст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз оғози сафар то ба охир дар сафи пеши Корвон парафшонӣ дошт, ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат супурд ва ҳамагонро ба муносибати чорякасрии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Ҳини баромади хеш зикр кард, ки иштирокчиёни Корвон пас аз баргашт таассурот ва хотироти неки хешро оид ба ин сафар ва табиати зебову вазъи зиндагии аҳолии минтақаҳо ба наздикону пайвандон ва шогирдону намояндагони шаҳру навоҳии хеш расонанд. 
Итминон дорем, ки ин сафар барои боло рафтани эҳсоси ватандӯстии ҳар як иштирокчии V «Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат» ба ибораи А.Раҳнамо аз андешаи «гузаштан аз ватаншиносии иттилоотию китобию тасаввурӣ ба ватандории ҳиссию амалию унсурӣ» мусоидат намуда, эҳсоси гарму самимияти бепоёни мардуми меҳмоннавози Бадахшону Хатлонзамин дар вуҷуди онҳо бе таъсир нахоҳад монд. Аз ин рӯ, барои як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст, ки ҳамеша муштоқи дидани гӯшаҳои гуногуни Ватани хеш аст, чунин сафар басо таъсирбахшу хотирмон буда, дидани маконҳои таърихию зебои кишвар масъулияти ӯро барои ҳифзу ҳимояи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ бештар намуда, сатҳи худшиносиву ватандӯстиашро боло мебардорад. 
 
Шӯҳрат САИДЗОДА,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2022    №: 139    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед