Хабарҳо
Мулоқоти Президенти Туркманистон бо Сарвазири Гурҷистон
CentralAsia (TM). Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили 20 июл дар Ашқобод мулоқот намуданд. Гуфтугӯи ҷонибҳо дар бораи амиқсозии равобит, тарҳҳои муштарак ва имконоти транзитӣ сурат гирифт. Гарибашвили, ҳамчунин, зикр намуд, ки Ҳукумати ӯ аз равобити наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Туркманистон қадр мекунад.
Масъулин таъкид намуданд, ки татбиқи тарҳҳои стратегӣ, самаранокӣ ва бехатарии ҳамлу нақли бор миёни Осиё ва Аврупоро аз тариқи баҳрҳои Хазару Сиёҳ беҳтар карда, ба ин васила равобити тиҷоративу иқтисодӣ густариш ёфта, ба рушди равобити байниминтақавӣ мусоидат менамояд.
Гарибашвили таъкид кард, ки Гурҷистон барои бунёди роҳҳои оҳану автомобилгард ва тавсеаи тавоноии бандарҳои баҳрӣ “маблағҳои бузург” сармоягузорӣ менамояд.
Сафири Чин: “Дар сурати оғоз шудани ҷанги нави сард касе ғолиб намеояд”
RT. Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Вашингтон Син Ган изҳор дошт, ки Чин намехоҳад ҷанги нави сард сар шавад, агар он оғоз ёбад, ҳамаи ширкаткунандагон аз мағлубшудагон хоҳанд буд.
Қаблан Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки сиёсати кишварҳои ғарбӣ ҷаҳонро ба вартаи ҷанги бузурге наздиктар мекунад, ки дар он ҳеҷ ғолибе муайян нахоҳад шуд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ИМА ва иттифоқчиёнаш ба таври хатарнок дар остонаи даргирии мустақими мусаллаҳона бо Россия қарор доранд, ки ин метавонад боиси сар задани ҷанги ҳастаӣ гардад.
Путин дастнигарӣ ба технологияи хориҷиро таҳқиромез номид
РБК. Хуруҷи ширкатҳои хориҷӣ аз Россия кишварро маҷбур месозад, ки “дастнигарии таҳқиромез”-и худро аз технологияҳои хориҷӣ канор гузорад, - гуфт Президент Владимир Путин дар ҳамоиши “Ғояҳои қавӣ барои замони нав”.
“Воқеият ин аст, онҳо (ширкатҳои хориҷӣ) мераванд, ниҳоят моро водор месозад, ки ба ҳаракат дароем, чунки ҳама вақт кор гирифтан аз технологияи хориҷӣ – ин фурӯ рафтан ба вобастагӣ аст, дастнигарии таҳқиромез ва хеле хатарнок, чунки он тадриҷан аз як соҳа ба соҳаи дигар, аз ҷумла соҳаҳои хеле муҳими марбут ба технологияи ҳарбӣ, густариш меёбад”, - гуфт Путин.
Ба унвони мисол аз аҳамияти соҳибихтиёрии технологӣ, Путин вазъи турбинаи ширкати олмонии “Siemens” барои лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ - 1”-ро мисол овард. Ин агрегат дар Канада таъмир мешуд ва ба далели таҳримҳо алайҳи “Газпром” Оттава аз баргардондани он худдорӣ кард, ки дар ниҳоят мушкилоти интиқоли газ ба Аврупоро ба бор овард.
Сунак ва Трасс ба мақоми Сарвазири Британияи Кабир мубориза мебаранд
Росбалт. Аз мубориза барои соҳиб шудан ба вазифаи роҳбари Ҳизби Консервативии Британияи Кабир ва, ҳамзамон, Сарвазири мамлакат аз рӯи натиҷаҳои даври панҷуми овоздиҳии дохилиҳизбӣ дар парлумон ҷонишини вазири савдо Пенни Мордонт хориҷ гашт.
Ҳамин тавр, вазири собиқи молияи Британияи Кабир Риши Сунак ва вазири ҳозираи корҳои хориҷӣ Лиз Трасс ба даври охирини мубориза дохил шуданд.
Натоиҷи даври панҷуми овоздиҳии дохилиҳизбӣ дар парлумон ҷамъбаст гардид, ки муовини вазири тиҷорат Пенни Мордонт камтарин овози ҳамкасбони худро дар фраксия (105) гирифт ва аз мубориза хориҷ шуд. Сунак пешсафии худро аз 118 то 137 овоз мустаҳкам кард, дар ҳоле ки Трассро 111 вакил пуштибонӣ намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4729