logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ЗАМИН 
Қонуншиканӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст 
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартарафсозии чунин ҳолатҳо 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ориф Хоҷазода, раиси Кумита, иброз намуд.
Зикр гардид, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ 555 мавод ба прокуратура, 385 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ёфта, 4706 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал рафъ шуд. Дар баробари ин, нисбат ба 6148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи беш аз 3 миллион сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гашт.
Нозирони Кумита дар самти истифодабарии заминҳои саноат, ҳоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳвандон ва ҳолати истифодабарии гармхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд санҷиш гузаронда, 66 парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 75712 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карданд. 
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ХАДАМОТИ ИҶРО
Мушкилоти саркашӣ аз алимент ва маскун
Ба иттилои Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми шаш моҳ ба Хадамот 5830 истеҳсолоти иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардида, дар маҷмуъ, 96409 ҳуҷҷати иҷро дар ин самт дар баррасии иҷрочиён қарор дорад. Иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ рӯёнданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 миллион бештар мебошад.
Барои барқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 421 нафар тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парванда оғоз гардидааст. Гузашта аз ин, 243 қарздори дигар барои сари вақт насупурдани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист аз ҷониби суд мавриди кофтуков қарор доранд.  
Дар посух ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» Қиёмиддин Ниёзӣ, сардори раёсати Хадамот, чунин гуфт: «Вобаста ба маскун намудани шаҳрвандон мушкилот зиёд аст, аз ҷумла ҳангоми ҷудо шудани зану шавҳар, зеро онҳо дар назди худ принсипҳои муайян мегузоранд. Мардон намехоҳанд, ки занҳои ҷудошуда дар манзили истиқоматиашон маскун шаванд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, иҷрочиён кӯшиш мекунанд, ки санадҳои судиро сари вақт иҷро намоянд. Тайи нимсола аз 753 истеҳсолоти ба маскун вобастабуда, иҷрои 627-тоаш таъмин гашт».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД
Ғамхорӣ нисбат ба донишҷӯёни ятим ва маъюб тавсеа меёбад
- Таваҷҷуҳ ба масъалаи дастгирии иҷтимоии донишҷӯёни ятим ва маъюбон бахши муҳими сиёсати иҷтимоии Донишгоҳ мебошад. Ин аст, ки донишҷӯёни ятим пурра ба гурӯҳҳои ройгони таҳсил гузаронда шуда, донишҷӯёни маъюб аз ҳаққи пардохти таҳсил ба андозаи то 50 дарсад озод шуданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ректор, таъмини хобгоҳ ба ин қишри ниёзманд ройгон ба роҳ монда шуда, солҳои таҳсили 2021 - 2022, дар асоси аризаҳои ирсолгардида, 13 донишҷӯи  ятими кул ва 9 донишҷӯи маъюб бо озод намудан аз пардохти будубош бо хобгоҳ таъмин шуданд.
Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо 1776 нафарро ташкил дода, аз ин шумора, 1038 нафар шуъбаи рӯзона, 738 таҳсилоти фосилавӣ ва маълумоти дуюми олиро ташкил медиҳанд. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ММҚ
75 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ аз экспертиза гузашт 
Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа гуфт, ки дар ин давра ба марказ 75 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузарондани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардид. Баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва мукаммалсозии механизми татбиқи қонунҳо ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда 329 таклиф пешниҳод гашт. 
Ӯ афзуд, ки дар нимсолаи аввал шаш таҳқиқоти муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар мисоли таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ танзими муносибатҳои андозбандӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо конститутсияҳои давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Россия, Беларус, Молдовия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон гузаронда шуд.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДДЗТ
Таъсиси Шурои диссертатсионӣ  
Ба иттилои Ҷило Гулназарзода, ректори Донишкадаи давлатии  забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар давраи ҳисоботӣ дар назди таълимгоҳ Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси забоншиносӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, мавсуф ёдовар шуд, ки чор унвонҷӯ ва омӯзгорони Донишкада рисолаҳои номзадиро дифоъ карда, ёздаҳ унвонҷӯ бо таълифи рисолаҳои илмии худ онҳоро ба шуроҳои диссертатсионӣ пешниҳод намуданд.
Сарвари таълимгоҳ таъкид дошт, ки пайваста ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Махсусан, ба хотири боло бурдани сатҳи ахлоқӣ 185 чорабинӣ баргузор гардид.
Дар посух ба пурсиш оид ба соҳаи тарҷумаи  бадеӣ  Ҷило Гулназарзода гуфт, ки Донишкада аз рӯи ёздаҳ забон мутахассисонро ҷавобгӯй ба талаботи давр ва рақобатпазир будан ба бозори меҳнат омода месозад. Ба ин мақсад, ҳамчунин, 5 шаҳрванди хориҷӣ барои таълиму тадриси донишҷӯён ҷалб шудаанд. Таъсис ва нашри маҷаллаи донишгоҳии «Машъалафрӯз» ба хотири  равнақи  дурусти тарҷумаи бадеӣ мебошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
Авлавият ба таъмини ҷойи кор ба хатмкунандагон
Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки алҳол дар таълимгоҳ 5180 донишҷӯ таҳсил дорад. Ӯ афзуд, ки имсол раёсати Донишкада хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва ҳам онҳоеро, ки  тариқи Квотаи президентӣ таҳсил менамуданд, дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар бо ҷойи кор таъмин сохтанд. Ба ҷуз ин, омӯзгорону  мутахассисони ҷавон аз имтиёзҳои муқарраргардида баҳравар шуданд.
Сарвари таълимгоҳ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки шумораи довталабон барои донишҷӯ шудан сол ба сол меафзояд, махсусан, шумораи духтарон, ки ин аз дастовард ва пешрафти соҳа гувоҳӣ медиҳад. Таҳсилкунандагони ин таълимгоҳ дар панҷ факулта пас аз хатм соҳиби рутбаи ҳарбӣ мешаванд.
Шодӣ Сафаров дар посух ба пурсиш гуфт, ки дар мусобиқаи варзишӣ беш аз 1500 донишҷӯ ширкат варзид. Яъне, дастовардҳои гуногун дар тамоми соҳаҳои марбута рӯ ба афзоиш доранд, ки ин ҳама дар солимии аҳли ҷомеа таъсири неки худро мегузорад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед